- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Дар партави Паём
Душ, 01/07/2019 - 17:19
Баъди пахши Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд шаҳрвандони ноҳия таассуроти шахсии хешро нисбати ин ҳуҷҷати роҳнамо бо дарҷи матлаб ба сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ирсол намуданд, ки алҳол фишурдаи андешаи якчанд нафар омӯзгорони МТМУ-и № 44-ро ба хонандагон манзур менамоем.
Омӯзгори МТМУ-и № 44 Саодат Қодирова навиштааст, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳама соҳаҳо аз ҷумла маориф, тандурустӣ, иқтисод ва савдо, варзиш ва ғайра сухан садо дод. Зимни суханрониаш Пешвои миллат ду норасоиро дар соҳаи маориф таъкид намуд: якум, норасоии кадрҳои ихтисосманд, дуюм, паст будани сатҳи савияи дониши касбии омӯзгорон. Ҳамзамон Президенти мамлакат иброз дошт, ки ба омӯзиши забони русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар бештар диққат дода шавад ва дар солҳои 2019-2020 дар муассисаҳои таълимии ҷумҳуриамон савияи дониши хонандагон аз ин фанҳо ба сатҳи байналмилалӣ баланд бардошта шавад.
С.Қодирова дар матлабаш аз он изҳори қаноатмандӣ кардааст, ки дар МТМУ-и №44 омӯзгорони варзида ва ба касби хеш содиқ аз қабили М.Абдуева, М.Қосимова, М.Қодирова, Г.Аҳёева, Т.Сариева, Ф.Садриддинова кору фаъолият доранду бо нерӯи зеҳнии қавии хеш имкон доранд бо ба роҳ мондани корҳои намунавӣ дар ҷодаи тарбияву таълими шогирдон барои татбиқи амалии Паёми декабри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоранд.
Муаллимаи синфҳои ибтидоии МТМУ-и №44 Заррина Холмирзоева дар номаи хеш нигоштааст, ки ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Инчунин дар Паём нақшаи соли оянда тарҳрезӣ гардида, ба сохторҳои дахлдор барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ супоришҳо дода мешавад.
З.Холмирзоева дар хусуси иҷрои нақшаи корҳои бузурги дар асоси нишондоди Паёми гузашта дар миқёси ҷумҳурӣ анҷом дода шуда, батафсил ибрози назар карда, дар идомаи матлабаш нигоштааст, ки дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба соҳибкорию ҳунарҳои мардумӣ, рушди сайёҳӣ, беҳтар шудани вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, бахусус хизматрасонии тиббӣ, тақаллубкорӣ дар фурӯши дорую дармонҳо ва ғайра бештар таваҷҷуҳ зоҳир шуда, барои беҳбуди вазъ дар ин соҳаҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас ироа гардидааст.