Main menu

Татбиқи Паём –тақозои замон

      Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 декабри соли 2018 дар Паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудаашон  дар баробари масъалаҳои дигари ҳаётан муҳими қайд карданд, ки қисмати   бештари аҳолии  диёрамонро  ҷавонон ташкил медиҳанду ҷавонон ояндасозони кишвари азизи мо ба ҳисоб рафта, ояндаи мамлакат ва рушду тараққии соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ  аз бисёр ҷиҳат аз саъю кӯшиши онҳо вобастагӣ дорад.  Роҳбари давлат зимни суханрониаш таъкид намуд, ки ҷавонон минбаъд низ маълумоту касбҳои хешро васеу такмил дода, дар ҳама ҷабаҳаҳои ҳаёти халқу Меҳан бо  дасту дили гарм фидокорона заҳмат кашидаю пешоҳангӣ зоҳир намоянд.

       Ба масъулиятшиносии занон ман боварӣ дорам, гуфта шудааст дар Паём. Воқеан занон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бахусус дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ  фаъолона кору фаъолият мекунанд. Ҳар як нафари онҳо вазифаи ба уҳда гирифтаашро софдилонаю содиқона иҷро намуда, барои гулгулшукуфии Ватани азизамон  саҳми босазои худро ҳамроҳ менамояд.

        Дар  Паёми  навбатӣ дар  хусуси  алоқаи мустаҳками муассисаҳои таълимӣ бо ҷомеа низ сухан гуфта шуд. Таъкид гардид, ки таълиму тарбияро бояд аз оила ва кӯдакистонҳо оғоз намоем ва дар муассисаҳои таълимӣ бо шеваи муосир идома бахшем. Тавре фаъолияту корбарӣ намоем, ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил нашаванд, бештар ба омӯзиши илмҳои дунявӣ ва корҳои бунёдкорию созандагӣ шуғл варзанд.

       Мо, кормандони соҳаи  маориф, ҷавобан  ба ин  муроҷиату боварии Ҷанобюи Олӣ, Президенти азизи кишварамон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ваъда медиҳем, ки фаъолияти хешро дар соҳаи таълиму тарбияи насли наврас ҷоннок намуда, барои дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани  шогирдон  донишу таҷриба ва малакаю маҳоратамонро дареғ намедорем.

Муҳаббат Қодирова, Сабоҳат Қодирова, Хайрулло Абдуллозода, омӯзгорони  МТМУ-и №44

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз