- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Тарғиби муҳтавои Паём
Пан, 01/10/2019 - 17:49
Рӯзи 8-уми январи соли 2019 тибқи реҷаи корӣ гуруҳи корӣ дар ҳайати Саид Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, хамзамон намояндаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нохияи Шахритуз, Зиё Хуршед, директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрмуҳаммадзода Шермуҳаммад, директори маркази таълимии методии Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон, Сангов Раҷабалӣ, мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу фаҳмондадиҳии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Точикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Шаҳритуз ташриф оварданд.
Гуруҳи тарғиботии болозикр рӯзҳои 8-9 январ бо иштироки раиси ноҳияи Шаҳритуз Р.Оймаҳмадзода, инчунин муовини аввали раиси ноҳия Д. Нишонзода, муовини раиси ноҳия М. Раҷабзода, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия Р.Очилдиев, мудири бахши иктисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия С. Садриддинов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия С. Лоиков дар ҳамаи 6 ҷамоати шахраку дехоти ноҳия бо қишрҳои гуногуни ҷомеа вохӯрию мулоқот анҷом доданд.
Ҳайати гуруҳӣ корӣ зимни баромадҳояшон бо ёдоварӣ аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, соли 2018 барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои дар ҳуҷҷати стратегӣ пешбинӣ шуда ҳамдиёрони мо қадамҳои устувор гузоштанд.Дар соли гузашта маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд. Пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид. Даромади пулии аҳолӣ 11 фоиз зиёд шуда, пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар нисбат ба соли гузашта 9 фоиз афзуд ва сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфт.
Зикр гардид, Пешвои миллат дар радифи се ҳадафи стратегии мамлакат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон кард. Ҳамзамон бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди соҳаи сайёҳӣ инчунин бо дарназардошти заруовати инкишофи инфрасохтори деҳот аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад.
Аъзои гуруҳи тарғиботӣ дар давоми ду рӯз сокинони ноҳияро бо муҳтавои Паём аз наздик ошно намуда, ба саволҳои иширокчиёни мулоқоту вохӯриҳо посухҳои мушахас ироа намуда, дар анҷом бо муроҷиат ба аҳли ҷомеа таъкид намуданд, ҳамаи шаҳрвандон бояд ташаббускор бошанд, тамоми қобилият, донишу малака, кӯшишу ғайрат ва қобилияти ташкилотчигиашонро ба корҳои ободонӣ равона намуда, обрӯи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардоранд.
“Субҳи Шаҳритуз