Main menu

Аз шаҳри Ваҳдат бо 17 медал

       Ба наздикӣ дар шаҳри Ваҳдат мусобиқаи кушод аз   намуди     каратэ-кушинкай байни кӯдакону наврасони синни 6-17 сола баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур аз шаҳрҳои Душанбею Ваҳдат, Роғун ва ноҳияи Шаҳритуз беш аз 200 нафар варзишгарон ширкат варзиданд.

       Қобили зикр аст, 20 нафар аъзои дастаи ноҳияи Шаҳритуз таҳти сарпарастии мураббии варзидаи варзиш аз намуди каратэ-кушинкай, номзад ба камарбанди сиёҳ Пайрави Шаҳкор дар мусобиқаи мазкур фаъолона ширкат варзида, дар ҷамъбаст ҷойи дуюмро ишғои намуданд. Дар ин чорабинӣ 6 нафар аъзои дастаи ноҳияи Шаҳритуз  аз қабили Абдулло Бобоҷонов, Парвиз Ҳакимов, Муҳаммадҷон Назиров, Мақсуда Ғуломҳусайнов, Руфина Исламов, Озодбек Залиев сазовори ҷойи якум, 3 нафар-Ҷасур Ҳакимов, Ҳасан Олимов, Файзиддин Шарипов соҳиби ҷойҳои дуюм, 8 нафар-Эмомалӣ Раҳмон, Фаришта Норматова, Давлатманди Боймурод, Ҳумаиддин Ҳамдамов, Бобоҷон Олимов, Комрон Баротзода, Зоҳир Алматов, Муҳаммадзода Раҳматшозода  ҷойҳои сеюмро ишғол намуда, аз тарафи бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат бо Диплом ва медалҳо сарфароз гардиданд.

«Субҳи Шаҳритуз»

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз