- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Куҷост шарафи миллӣ, ифтихори миллии ту, Амруллоҳ? (Ё посухе ба вокуниши Амруллоҳи Низом бо номи «Гуфту кӯфт андар боби сатр»)
Шан, 01/19/2019 - 01:18
Айби хуб аблаҳ набинад дар ҷаҳон
Бошад андар ҷустани айби касон
Тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ, ки имрӯзҳо хушбахтона ё бадбахтона бениҳоят зиёд шудаанд, вокуниш ё посухи ҳамватанони ихтиёран тарки ватанкардаро хонда, дар ҳайрат мемонам. Бахусус, навиштаҳои он хомабадастоне, ки гӯё барои «хақгӯияшон», вале дар асл барои бегонапарастиву душман парвариашон дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, нафрати касро меоранд. Ахиран вокуниши Амруллоҳи Низомро нисбат ба маводи «Сатр. Тарғиби он риёкорие беш нест», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расида буд, хонда, ба хулосае омадам, ки Амруллоҳи Низом, гарчанде «ба Маккаю Мадина» рафта бошад ҳам, вале то ба ҳол ҳамон «шокии қадима» боқӣ мондааст.
Аввалан, банда аз як ҳолати номатлубе дар шигифтам, ки чаро аксари ҳамватанон ё ҳаммиллатони мо, ки гӯё аз дини муқаддаси Ислом ҳимоя мекунанд, расолати асосии онро дар сатру ҳиҷоб мебинанд. Дар ҳоле, ки мусулмони асил қабл аз ҳама бояд инсони поктинат, покдил, ростқавл, накӯкор, ободкор, хайрхоҳ ва амсоли ин хислатҳоро доро бошад. Аз ҷумла, 95 фӣ сади мақолаҳои сомонаи «Ислоҳ» дар бораи сатру ҳиҷоб навишта шудааст. Ба гумонам Муҳаммадиқболи Садриддин дини Исломро танҳо дар сатру ҳиҷоб мебинад, чун дар инъикоси ин мавзӯъ ба ифроту тафрит роҳ додааст. Ва ё дигар мусулмонтарошон, аз қабили ТТЭ ҲНИ ва ҷонибдоронашон, вақте сухан аз Ислом мезананд, қабл аз ҳама сатру ҳиҷоб, ришу фаш ва бисёрзаниро дар назар доранд. Аксарияти онҳо барои бароварда сохтани ҳадафҳои муғризонаи худ аз ҳеҷ дурӯғу тавҳин, худсафедкуниву дурӯягӣ ва хиёнаткорӣ, ки хоси мусулмон нест, ҳазар намекунанд. Бинобар ин ҳам, ҳанӯз аз оғози фаъолияти ТТЭ ҲНИ бараъло маълум буд, ки ин ташкилот дини мубини Исломро ба ҷуз пӯшиш чизи дигаре намедонад.
Амруллоҳ маънои калимаи «наҳзат»-ро кӯшиши фаҳмонидан кардааст. Агар ба забони ҳамтоёни Амруллоҳ гӯем, ин амали ӯ ҳамчун «нишонаҳои охирзамон» ҷилва мекунад. Кор то ба ҷое расидааст, ки имрӯз Амруллоҳ ба мо маъно ва тобишҳои калимаи «наҳзат»-ро шарҳ додааст. Ба қавли маъруф: «Олимон мурданду ту олим шудӣ…».
Қитъа ба қитъа посухи Амруллоҳ ба маводи болозикр боиси хандаи хонанда мегардад. Вақте захираҳои луғавии ӯ тамом мешавад, аз гапҳои кӯчагӣ истифода мебарад. Нисбат ба занҳо ҳарфҳои носазо мезанад, яъне дар ин маврид, чеҳраи ҳақиқии худро зоҳир мекунад.
Аз вокуниши Амруллоҳ ба хубӣ аён мешавад, ки муаллифи он аз лиҳози равонӣ ранҷ мебарад. Дашномҳои кӯчагии ӯ далели ин гуфтаҳост. Хушбахтона, маърифату фарҳанги пурғановати банда намегузорад, ки ҳарфҳои ғайриинсонии ӯро ҳамчун мисол дарҷ намоям…
Раванди манъи сатру ҳиҷоб, бурқа ва дигар либосҳое, ки хоси мардуми давлатҳои арабӣ ҳастанд, баъди зиёд гаштани амалҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон ба миён омад. Коршиносон ба хулосае омаданд, ки чунин тарзи либоспӯшӣ барои муайян кардани шахсияти шаҳрвандон монеъ гардида, таҳдиди терроризмро эҷод мекунад. Бинобар ин ҳам манъи сатру ҳиҷоб ҳеҷ гоҳ боиси маҳдуд кардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон буда наметавонад, чун ба хотири таъмини амнияти ҷомеа ва пешгирӣ аз терроризм аст.
Дар баробари кишварҳои Аврупо, аксари кишварҳои Осиёи Миёна солҳои охир, бо мақсади таъмини амният ва пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти терорристӣ пӯшидани бурқа, ҳиҷоб ва либоси ба фарҳанги миллии мо бегонаро манъ намуданд.
Чанде қабл дар кишвари Гурҷистон низ ба хулосае омаданд, ки масъалаи манъи бурқаву сатрро ба миён гузоранд. Дар ин маврид сардори Раёсати мусулмонони Гурҷистон Ҳоҷӣ Ромин Игидов чунин гуфта буд: «Дар мавриди ниқоб ва бурқа мо наметавонем бигӯем, ки дар ислом пӯшидани ин тарзи либоспӯшӣ барои занон як шарти қатъӣ бошад. Муҳим он аст, ки занон либосро ба талаботи қавонини ислом ҷавобгӯ созанд, яъне қабл аз ҳама он бояд шаффоф набошад, инчунин либоси танги ба бадан часпида ва диққатҷалбкунанда низ мухолифи ин қонунҳо мебошад».
Айнан чунин талабот дар кишвари мо низ ҷорӣ аст. Қобили зикр аст, ки дар суннатҳои анъанавии миллати тоҷик пӯшидани либоси сиёҳ, бурқа ё сатр умуман роиҷ нест, ҳатто либоси мотами мардуми мо сиёҳ набуда, дар ҳеҷ давру замон чунин расму русум вуҷуд надошт. Дар айни замон ҳолатҳои ба фарҳанги бегона рӯй овардани баъзе занону духтарони тоҷик, ки мояи тақлид ва пайравӣ ба фарҳанги бегонаро дошт, боиси ташвиш гардид ва хушбахтона, пеши роҳи онҳо сари вақт гирифта шуд.
Бояд дар ёд дошт, ки душманони миллат бо мақсади аз байн бурдани ҳувият ва симои миллии мо, тавассути бегонапарастоне, чун Амруллоҳи Низом ҳиҷобу рӯсарӣ ё либоси ба ном диниро тарғиб намуда, занону духтаронамонро ба гумроҳӣ мебаранд. Ин қабил занон қадру қимати озодию озодандешӣ ва имкониятҳои худро вобаста ба ҳуқуқҳояшон, ки давлату ҳукумат барояшон сазовор донистааст, нодида мегиранд. Хуб мешуд, агар занону хоҳаронамон ба гапфурӯшиҳои бегонапарастоне чун Амруллоҳ эътиное зоҳир накарда, бештар ба илм рӯ оварда, ватани азизамонро зебову обод гардонанд. Аз Амруллоҳ ва ҳаммаслаконаш мепурсам: «Сатру ҳиҷоб либоси миллии мо нестанд. Либоси миллии тоҷикӣ - фарҳанг, маънавиёт, симои миллати мост. Ва агар либоси миллии мо, ба умеди сатру ҳиҷоб аз байн равад, симои миллии мо низ аз байн хоҳад рафт. Куҷост шарафи миллӣ, ифтихори миллии ту, Амруллоҳ?»
Зиёвиддини Авлиёпур- коршиноси сиёсӣ