Main menu

ЧӢ ДАСТЕ, ЧӢ НАЙЗАЕ…………

           Дар арафаи машварати навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА ташкилоти экстремистию террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ» дар бораи таъсиси ба ном Паймони миллӣ хабар паҳн намуд. Ин чӣ паймон ва чӣ арзиш дорад?                  

            Ҳар ки машҳур шуд ба беадабӣ,
            Дигар аз вай умеди хайр мадор.
            Об, к-аз сар гузашт дар Ҷайҳун,
            Чӣ ба дасте, чӣ найзае, чӣ ҳазор.  

           Вақте ҳизб дар парлумон намоянда надорад чӣ нақше иҷро карда метавонад? Ҳол он ки ҲНИТ мамнўъ эълон карда шудааст. Бадтаринаш он аст,ки аз ватани худат бигурезӣ ва дар кишвари дигар доду фарёд карда бигардӣ. Вақте як гурўҳ маҷбур мешавад фирор кунад ва давлати дигар ўро қабул мекунад, албатта он давлат ҳам манфиатҳои худро дорад. Қабули ин нафарон ройгон нест, аммо оқибаташ барои мо фоҷиаовар аст. Тарсовараш он аст,ки ҳеҷ гоҳ нерўҳои мухолиф аз байн намераванд ва ошкоро неву пинҳонӣ амал мекунанд. Бо ваъдаи пулу мол ба даст афтодани тоҷикистониён ва аъзоёни гурўҳҳои ифротӣ шуданашон пинҳонӣ сурат гирифт. Пинҳонӣ хеле хавфнок аст. Фарзандони тоҷик ба ҷойи манфиати миллии худ манфиати миллатҳои дигарро ҳимоя мекунанд.

           Хомўш шудани барқ, боридани барфи зиёд ва ғайраҳоро баҳона карда, рўзноманигорони ҳангоматалаб дур аз воқеият таҳлили нодуруст мекунанд. Ҳодисоти тасодуфии табиию иҷтимоиро ҳеҷ вақт наметавон пешгўи кард. Махсусан иртибототи техникиву технологиро. Чунин ҳодисаҳо ё аз ин даҳшатноктар дар тамоми кишварҳои пешрафта ё мегаполисҳо ҳар рўз ба амал меояд ва шояд ҳафтаҳо шабакаи барқӣ қатъ гардад, ки боиси тавтеаву фитнагарии чанде аз рўзноманигорони ҳангомаҷў мешавад ва ин дуруғпардозону дуруғросткуниҳои дастандаркорони сомонаи Паёмнет аз ин роҳ мехоҳанд барои фазосозиву худнамоӣ манфиат ва тарафдор ба даст оранд. Мо бояд гуногунандешии воқеӣ дошта бошем. Ҳеҷ гоҳ мардуми бо нангу номуси ин миллати ҷафокашида иҷозат намедиҳанд,ки кишвар боз ба вартаи ноамнию носуботии ҷаҳон табдил ёбад.

 Фарзона Сафарова  Омузгори фанни Забон ва адабиёти тоҷик дар Литсейи Давлатии №1

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз