- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Омилҳои асосии пешгарии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифродгароиву террористӣ
Душ, 01/21/2019 - 09:20
Тарбияи фарзанд дар рӯҳияи волои ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, пеш аз ҳама аз вазъи иҷтимоӣ ва муҳити оила сар мешавад. Яке аз омилҳои маъмултарин, ки боиси шомил гардидани ҷавонон ба роҳҳои ифродгароӣ ва даст задании ноболиғон ба қонунвайронкуниҳо мегардад ин истифодаи ноогоҳонаи онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Аз ин лиҳоз омӯзгорон ва волидонро зарур аст, ки дар оила ва мактаб нисбат ба истифодаи ҳолати манфӣ ва мусбати интернет диққати махсус диҳем. Ҷавононро дуруст фаҳмонем, ки ба ҳаргуна суханони шахсони бегона бовар накунанд, бошахсони бегона шиносоӣ пайдо накунанд, зеро онҳо оҳиста-оҳиста ба роҳи бад мебаранд. Ингуна шахсони бегона пул, мол, мошин, хона ва ғайраҳо ваъда карда, ба худ моил мегардонад. Ба ин гуна боигариҳодо дашудан лозим нест.
Аз ин ҷост, ки бояд мо ҷавононро дар роҳи шукри ин сарзамин кардан, ба қадри ин давлати тинҷу осоишта расидан, бо Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсаду мароми якхела дошта барои тинҷӣ, осудагӣ, серию пурӣ ва ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосоямон, инчунин бунёди дӯстиву рафоқат байнимиллатҳо саҳмгузор будан тарбия намоем.
Рӯзи 26 – декабри соли 2018 дар паёми Пешвои миллат ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дастовардҳои соли 2018 ба масъалаи шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифродгароиву террористӣ қайд карда шуд. Дар Паёми худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд карданд: «Имрӯз хатари тероризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир афзоиш ёфта истодааст. Шиддати хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ имрӯз паст нашудааст. Дар ин раванд диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад. Ба ин хотир Тоҷикистон талошҳои худро вусъат бахшида, дар самти муборизаи самарабахш ба зидди хатару таҳдидҳои замони муосир, чун пештара, шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ хоҳад буд.
Аз ин рӯ ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати Адлия ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот дар муҳлати се моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳӯрии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм»-ро таҳия ва ба ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд».
Имрӯзҳо шомил шудани гурӯҳи ҷавонони гумроҳзада шаҳрвандони моро ба ташвиш овардааст. Чаро онҳо гумроҳзадаанд? Оиди ин савол шахсро ба дуриҳои дур мебарад ва ба андеша кардан водор месозад. Вале боз чаро касе онҳоро аз роҳи нодуруст намегардонанд? Чаро волидон ин ҳолати онҳоро дарк накардаанд? Чӣ онҳоро ба бегонагӣ бурд? Чӣ онҳоро барои ба ин роҳ рафтан маҷбур сохт?... Шароит, зиндагӣ, замона, камбизоатӣ ва ғайраҳо. Чиҳо ва чораҳои дигар.
Сабабҳои ин гумроҳии онҳоро мо бояд аниқ кунем, маълум месозем ва аз пайи дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи ҷавонони имрӯза шавем. Чунки созандаи давлати ояндаи тоҷикон ҷавонони имрӯзаанд. Ин гумроҳии онҳоро дидаву шунида, яке аз шогирдони мо, омӯзгори ҷавони фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, Набиева Сатҳина барои ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ҷавонон ба ваҷҳ омада аз таҳти вуҷудаш шеъре навиштааст. Чи хеле ки гуфтаанд «Математики ҳақиқӣ шудан мумкин нест, агар истеъдоди шоирӣ надошта бошӣ», муаллима шуғли шоирӣ низ дорад. Шеъри ӯ дар рӯзномаи «Субҳи Шаҳритуз» аз чоп баромад. Ман ин шеърро баҳри Шумо пешниҳод менамоям:
Сурия марав додар!
Аз оғӯши гарми модар, берун марав додар,
Бар хоҳару бародар, макун душманӣ додар
Аз макру ҳила дур бош, як бачаи сабур бош
Либоси душманиро, ба бар накун додар.
Сурия марав додар ,Сурия макони ҷанг,
Фирефта машав додар ,Сурия макони ҷанг.
Номуси мусалмонӣ, нафрӯш ба симу зар
На зар ба даст орӣ, на ёби меҳри модар.
Ту тоҷики тоҷдорӣ, қасде бакас надорӣ
Бар гуфтаҳои душман, ҳаргиз макун бовар.
Сурия марав додар ,Сурия макони ҷанг,
Фирефта машав додар ,Сурия макони ҷанг.
Омилҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон багуруҳҳои ифродгароиву террористиро чунин мешуморам:
- Таблиғи бештар дар байни ҷавонон;
- Ҳуввияти ватандӯстӣ, ватанпарастӣ шукри ин сарзамини бостонии осоиштаро дар вуҷуди ҷавонон бедор карданд;
- Назорати қатъии волидон ва омӯзгорон доир ба шуғли фарзандон ва шогирдон бо шабакаи интернет;
- Пешгирии шиносоии онҳо бо шахсони бегона;
- Манъ кардани пӯшидани либосҳои халқҳои бегона;
- Дар рӯҳияи пос дошатани муқаддасоти миллӣ, гарм сохтани вуҷуди ҷавонон;
- Ифтихор аз Ватан, миллат, забон, марз, Парчам, Нишон, Конститутсия ва Президент…
Ғуломов Асадтилло Омӯзгори фанни математикаи муассисаи
Таҳсилоти миёнаи умумии №5, ноҳия