- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Хиёнати миллӣ (Қисса дар бораи босмачибозии наҳзатӣ)
Сеш, 01/22/2019 - 19:51
Дар китоби рӯймизии ҳар тоҷики оқил «Маснавии маънавӣ» омадааст: «Эй бародар, барои он ки худро бишносӣ, ки аз кадом ҷинсӣ, хуб ҳастӣ ё бад, нигоҳ кун, ки ҷазби чӣ чиз мешавӣ ва ба сӯйи кӣ меравӣ ва аз суҳбати чӣ касе масрур мегардӣ ва хулоса бингар, ки бо кадом гурӯҳӣ». Ё ба иборати дигар:
Гар ба Ҳомон моилӣ ҳомониӣ,
Гар ба Мӯсо моилӣ субҳониӣ».
Чун ба иқроршавии раҳбари террористон М. Кабирӣ дар рафти мусоҳибааш дар Фейсбук зеҳн рондем, маълумамон гашт, ки онҳо майли беандоза бо босмачиҳои манғитӣ доранд. Наҳзатиҳо на танҳо зиндагии имрӯза ва дунявӣ, балки таърихи моро ҳам мехоҳанд, ба гарав гиранд. Муталақандешии таърихӣ, ки хоси наҳзат аст ва шаку шубҳаро намепазирад, босмачиро барои тоҷик улгу ва идеал метарошад.
Ин боз офатест, ки мардумро мехоҳанд таҳти юғу сипори амири кабири разил қарор диҳанд, ки дар қаламраваш аз инсоният бӯе набуд ва дастоварди истисноиаш он буд, 300 канизу зан дар ҳарамхонаи он шариатпаноҳ мавҷуд буд ва аз ҳаво ҳам андоз меситонид.
Сарчашмаи хиёнат ҳамин босмачипарастии фардии миёнаоморист дар таркиби наҳзат. Ҳадафи аслии наҳзат аз он иборат мебошад, ки хами абрӯйи босмачиро аз рифоҳу осоиштагии ҷомеа болотар донанд ва бо воситаи «қадам ба қадам» тарафдорони босмачиро ба монанди ҷомеаҳои мазҳабзада барҷаста месозанд.
Устод Садриддин Айнӣ дар аввали асри 20-ум ба арсаи сиёсат омад ва шоҳиди хиёнатпарокании худӣ ва бегонагон гардид. Ӯ медид, ки чӣ тавр тоҷикони аслбохта бо ҳамкории пантуркистони муомилагар, мансубияти миллии худро рад мекарданд, мавҷудияти тоҷикро дар Мовароуннаҳр ҳамчун миллат инкор мекарданд. Босмачӣ мешуданд.
Барои возеҳу равшан шудани матлаб, фикрамонро содатар баён менамоем. Дар урфу одати наҳзатиҳо, ҳоло ҳам хислати манфии ақибгароӣ ва дар симои пиру, муллову эшону шайху мавлавӣ,босмачиро ҳидоятгари дунёву охират пазируфтан маълум аст.
Дар ҷойи сайқал додани арзишҳои худшиносӣ, серталошӣ, ғайратмандӣ, афроде пайдо мешаванд, ки роҳи ҳалли мушкилотро дар босмачипарастӣ мебинанд. Чун ин тоифа эҳсос мекунад, ки масири ҷомеа ба сӯйи илму технология равон аст ва табиист, ки бинобар қонунҳои рушди устувор наҳзатӣ бо таваҷчуҳ ба рақобатпазир набудан бояд ба ҳошия ронда шавад, эҳсоси хатар мекунанд ва ба хиёнатҳое даст мезананд, ки намунаи манфии онро, моҳи сентябри соли 2015 ба мушоҳида гирифтем.
«Суннатпарастӣ, шариатмадорӣ, вопасгароӣ, ақибмондагӣ, ҳувиятбохтагӣ, бегонапарастӣ ва усулан, ҷаҳолатписандии ашхоси бешумори гурӯҳи террористӣ ниҳон аст. Ашхосе, ки бар асоси хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ, муҳимтар аз ин, тафаккурашон бар хурофатпарастӣ бунёд меёбад, мушкилэчодкун ва низоъофар мебошанд. Вақте ки илму мантиқи зинда дар матраҳ сохтани масъалаҳо ва мушкилоти сиёсӣ кӯтоҳ меояд, ҷаҳлу таассуб баранда мешавад ва даст мезананд ба хиёнат», босмачӣ мешаванд, мегӯяд коршинос.
Мафҳумҳои зиёд дар бораи хиёнат мавҷуданд. Вале таърифи аз ҳама муҷаз ва ба таври пурра маънои хиёнатро ифода мекардагӣ ба фикри мо ин аст: «Хиёнат – ин кирдори қасдан расонидани зарар ва осеб (моддӣ, маънавӣ ва ҷисмонӣ) ба шахс ва ё гурӯҳе мебошад, ки ба Шумо бовар кардааст». Яъне, аъмоли мушаххас барои расонидани осеби бештар ба шахси наздик, ҳамсангар, ҳаммеҳан, ҳамкор ва дӯст.
Дар тӯли таърих, хоинон ҳамавақт мардони бузургро ҳамроҳӣ мекарданд. Башараи хоинонаи Яҳудо, ки савганди вафодориро ба ҳазрати Исои Масеҳ шикаст, ҳаммаънои калимаи мунофиқ, хоин ва муртад дар дунё арзёбӣ мешавад.
Аз ин рӯ, ТЭТ ҲНИ хоин буд ва хоин мемонад. Босмачибозии онҳо, тибқи лоиҳаи нави тахрибкорӣ, рӯпуши сарозер шудани сармояи муфт ва ҳангуфт аз хочагони хориҷӣ мебошад.
Решакан бод босмачиҳои ҲНИ
Салими Ормон, коршиноси «Омега-Центр»