Main menu

Лофзаниҳои беасоси наҳзатиён

          Қадамҳои устувори созандагӣ ва бунёдкории Сарвари давлат Тоҷикистонро ва миллати тоҷикро аз парокардагиву сарзамини Тоҷикистонро аз хатари нестшавӣ раҳои бахшиданд ва  Тоҷикистонро аз як давлати қафомонда ба як давлати тараққикарда табдил дод. Хусусан ба кор даромадани агрегати якуми неругоҳи барқи обии Роғун, пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани ҷумҳурӣ, тараққиёти босуръати шаҳру ноҳияҳо бадхоҳони миллат аз ҷумла роҳбарони ҳизби наҳзати исломро ба ташвиш оврада истодааст. Кабирӣ ва ҳаммаслакаони ў ба дурўғу, сафсата аз гўшаю канори дунё, ҷанги иттилотиро ба муқобили миллати тоҷик бурда истодаанд. Оқибати ин лофзаниҳо шармандагӣ мебошад. Анушервони одил оиди бадхоҳон чунин гуфтааст.

         Касе к-ў занад лофу гўяд  газоф,

         Макун гирди ў то тавони, тавоф.

         Кӣ аз лофзан кас набинад вафо,

         Баланд аст мар лофзанро қафо.

         Нишастан раво нест дар лофгоҳ,

         Яке лоф бадтар зи сесад гуноҳ.

         Касе ба қадри сарвари давлат ва сиёсати пешгирифтаи ў, ба қадри замони осоишта намерасад, гуноҳи ў аз сесад ҳам зиёд аст.

      Кўшишҳои Пешвои муаззами  миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ягонагӣ ва садоқат   ба мардум, таваҷҷўҳ ба гузаштаи таърихи халқ ва асолати фарҳангию маънавии миллӣ, ҳувият ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон, пайдо гашта шўҳрати ҷаҳонӣ намуд. Шуурнокӣ ва мафкураи мардум баланд гардид, ва мардуми бошарафи  тоҷик намегузорад, ки ягон бадхоҳ ба мақсади нопоки худ расад.

А. Зоиров омўзгори фанни таърих ва ҳуқуқи Литсейи давлатии №1

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз