- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Сулҳ дар ҳама дунё лашкар дорад, Ҷанг ба ҳама дунё хатар дорад. А.Лоҳутӣ.
Пан, 01/24/2019 - 08:43
Дар давраи баъди ҷанг масъалаи сулҳи байни халқҳо дар тамоми дунё ба ҷараёни умумихалқӣ мубаддал гардид. Дар ин мубориза халқҳои гуногунақида ва дорои ҷаҳонбинии хархела бо як мақсади умумӣ мубориза барои сулҳ иштирок доранд:
Сулҳ дар ҳама дунё лашкар дорад,
Ҷанг ба ҳама дунё хатар дорад.
Сулҳу оромие, ки дар 27-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастомода дар кишварамон ҳукмрон гашт, гурўҳе пайдо шуд, ки ба оромии мардум, рушди соҳаи иҷтимоиёту иқтисодиёт, ободонию гулгулшукуфоӣ бо назари тангу адуёна назар мекарданд.
Маҳз бо ёрмандию маблағгузории хоҷагони Эронӣ ва давлатҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон назари душманона дошта, барои расидан ба ҳадаф ба вуҷуд овардани табадуллоти Конститутсионӣ ва ба давлати исломӣ табдил додани кишвар бо сардории Саид Абдуллои Нурӣ нақшабандӣ карданд. Бо ҳар восита, дар ҳар маврид дар масҷиду ҷойҳои ҷамъиятӣ ба монанди Саид Қиёмиддини Ғозӣ ( генерали мардумӣ), шоирон, ашхоси ба кишвар назари бад дошта истифода бурда, ҷавонону дигар шахсиятҳое, ки аллаи модарро, ки гуфта буд:
Хурдию аз ту гавҳора пур аст,
Хона пур, кунҷ пур, канора пур аст.
……
Ту калон шав, бофазлу доно шав!
Ҳам ба дил, ҳам ба чеҳра зебо шав!
Магар, Саид Абдуллоҳи Нурӣ , М.Кабирӣ, Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Ҳоҷи Ҳалим Назарзодаро ҳангоми тифлиашон модарҳояшон ин алларо нахондаанд?!
Албатта, сурудаанд, гуфтаанд. Ин ашхос дар ҳақиқат дар чеҳра зебову дар дил, ботинан сиёҳдил ба воя расиданд. Онҳо ба дунёи обод, ба ҳаёти озоди мардум бо чашми хирад назар накарданд. Агар онҳо панди модару модар, омўзгоронро аз худ мекарданд, ба ҷаҳон бо чашми хирад.
Лек, ҳайҳот онҳо пандҳои гуфтаро сарфи назар карда ба ин ҷаҳони пур аз муаммо бо чашми хирад назар накарданд.
Аз рўзи такроран аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтани ҲНИТ аъзоёни он бо роҳбарии М.Кабирӣ ба оғози мақсади разилонаи худ шурўъ карданд. Ҳарчӣ бештар тарафдоронро дар атрофи бинои носолими худ ҷамъ карда, ҷавонони гумроҳро барои таълими ҷангӣ, куштор гирифтан ба Эрону Покистон мефиристониданд. Ва амалиёти разилонаи худро солҳои навадум оғоз карданд. Оқибат ҳазорон оилаҳоро аз кишвар берун бурданд.
Бо мақсади кисаҳои худро пур кардан аз ҳисоби авони фирорӣ ва хоҷагони хориҷӣ ва ба роҳи хариди аслиҳаю ташкили давлати Исломӣ ва баргардонидани мардум ба хона барои эҳтиёҷоти худ, айшу ишрат сарфа карданд. Ҳар боре, ки онҳо сарбардоштанд, ҳам солҳои 90-ум ва баъди соли 1997, сентябри соли 2015 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми фиребхўрда саркўб карда шуданд.
Имрўз М.Кабирӣ, тавассути расонаҳою телевизионҳои давлатҳои хориҷ вазъгўӣ карда Ҳукумати феълии Тоҷикистону роҳбарони онро гунаҳкор месозад. Лек, имрўз Кабирӣ ҳар чанд доди ватанхоҳӣ кунад ҳам, дигар қадами нопокашро ҳаргиз ба хоки Ватан наҳохад гузошт! Ба гуфтаи А.Лоҳутӣ ин ватанхоҳии қалбакист.
Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам,
Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст, ё кирдор, ё ҳарду?!
Сайдалиев. Ш Мушовири шуъбаи маориф