Main menu

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ДАВЛАТ

Давлат падидаи ҷамъиятӣ аст. Он дар натиҷаи инкишофи муносибатҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар давраи муайяни таърихӣ арзи ҳастӣ кардааст. Аз нигоҳи онтологӣ, давлат дар марҳилаҳои пайдоиш ва ташаккули хеш зинаҳои ниҳоят мушкил ва пуртазоди таърихиро аз сар гузаронидааст.

Муҳимтарин вазифаҳои давлат, дар ҳама шаклҳои он, таъмини истиқлолият, тамомияти арзӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон маҳсуб мегардад.
Мустақилияти давлат дар нигоҳ доштани ягонагӣ ва волоияти ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави мамлакат ва соҳибихтиёрӣ дар муносибат бо субъектҳои сиёсии байналмилалӣ ифода меёбад.
Миллат бе доштани сарчашмаи асосии ҳуқуқӣ – ҳокимияти давлатӣ ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ — сиёсӣ наметавонад аз нигоҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳамчунон фарҳангӣ, забонӣ, анъана ва урфу одат, ки аз нишонаҳои муҳимми миллат маҳсуб мегарданд, инкишоф ёбад, тараққӣ кунад, ормонҳои худро амалӣ созад. Халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти сиёсӣ эътироф мегардад, агар соҳибдавлат бошад. «Дар чаҳорчӯбаи давлат рӯҳи халқ – маънавиёт, қонунҳо — ҳукмфармоанд. Дар ин муҳит инсонро ҳамчун таҷассумгари ақлу хирад эътироф менамоянд. Ба ӯ ҳамчун мавҷуди озод ва шахсият муносибат мекунанд. Ҳамзамон, ҳар шахс дар алоҳидагӣ аз ҷониби худ мекӯшад, ки ба чунин ифтихор сазовор бошад» (Г.В.Ф. Гегель. Энциклопедия философских наук. Т.3. -М.: Мысль, 1977. -С. 243).
Кӯшиши сафед кардани ҷаҳонбинӣ ва идеологияи бедавлатӣ, ки баъзе гурӯҳҳо аз дуриҳо тарғиб карданӣ мешаванд, ғайри мафкураи ғуломӣ ва рӯҳи бандагӣ чизи дигаре нест.
Маълум аст, баъди шикасти давлати мутамаркази Сомониён (819-999), сарфи назар аз он, ки тоҷикон дар қаламрави муайян зиндагии дастаҷамъӣ мебурданд, аз ҳокимияти сиёсӣ маҳрум буданд. Истиқлолият надоштанд. Тоҷикон аз “муайян кардани муҳтаво, мақсад, маром ва самтҳои фаъолияти давлатдорӣ” (таърифи мухтасари мафҳуми сиёсат) дар канор нигоҳ дошта мешуданд. Чунин ҳолат – надоштани давлат, адами имкони тасмимгирӣ ва вобастагии сиёсӣ ба хислат, характер, ғурур, хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ наметавонист бетаъсир монад. Ҳатмист, ки ин нуктаро мо донем. Эътироф кунем. Ба хотири дарки ҳақиқати таърих — сарчашмаи хатоҳо, бохтҳо, омилҳои аслии фоҷиаҳои ҳазорсола.
Инҷониб муътақид аст, қонунмандиҳое, ки дар табиат, ҷамъият ва тафаккур ҳамчун моҳияти инкишофи равандҳо дар назар дошта мешаванд ва илм онҳоро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад, бештар хоси табиат мебошанд. Қонун ва қонунмандиҳо дар дараҷаи ҷамъият, муносиботи ҷамъиятӣ ва тафаккур устувор, поянда ва аксаран пешгӯишаванда нестанд. Хосияти пайдарҳамӣ надоранд.
Эҳтимоли қавӣ он аст, ки шикасти давлати Сомониён, умуман  таназзули ҳама гуна шакли давлатдорӣ, сабабҳои субъективӣ, муносибатӣ дорад. Мансуб ба сифати шахс, хислат, дараҷаи дониш, маърифат, самтгирии ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги сиёсии одамон — соҳибватанон аст. Таҳқиқи паҳлуҳои аслии ин фоҷиаи сулолаи Сомониён, ба хотири омӯхтани таҷриба ва такрор накардани он хатоҳо, аз вазифаҳои илм маҳсуб мегардад. Ба назар мерасад, методи муқоисавӣ-таърихии таҳқиқ дар ин маврид, ҳақиқати воқеиро дар тазод, дигаргунӣ, пешравӣ ва ё баръакс, возеҳтар тафсир карда метавонад.
Муҳимтар аз ҳама, таҳқиқи ҳар рӯз ва ҳар саҳифаи наздик ба се даҳсолаи таърихи давлатдории мост. Тибқи таъкиди яке аз асосгузорони материализми нимаи дуюми асри ХIХ: «Ҷамъи далелҳо наметавонанд илмро ташкил кунад». Илм ниёз ба таҳлил, таҷзия, муқоиса ба воқеияти таърихи муосир ва хулосаҳои дар таҷриба санҷидашударо дорад.
Давлат  наметавонад бе назария – шакли дар тафаккури инсонӣ ҷамъбастшудаи воқеияти зиндагӣ зуҳур ёбад, рушд кунад. Ҷаҳонбинии давлатсозӣ ва таъмини рушди бемайлони он маҷмӯи дониш ва тасаввуротеро тақозо мекунад, ки дар натиҷаи таҳлил ва хулосабарории дуруст, мантиқӣ рӯи кор омадааст.
Сохтани давлати миллии тоҷикон дар шароити навин аз рӯи ақл, хирад, дониш, тасаввурот ва таҳлили таҷрибаи амиқи таърихӣ, дидгоҳ ва арзёбии дурусти воқеияти зиндагии рӯзмарра, бо назардошти равандҳои геополитикии минтақа ва ҷаҳон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст, зина ба зина амалӣ гашт.
Мо, бо амри тақдир, аз ҳамасрони ин Бузургмарди таърихи миллати тоҷик буда, аз аввалин лаҳзаҳои рӯи саҳнаи сиёсӣ омадан, аз нахустин суханрониҳо, иқдомоти ҷавонмардонаи ӯ мушоҳида мекардем, ки ниҳоди ин Шахсияти беназир аз нақшаҳои идеалӣ, афкори созанда, ки воқеан ба бунёдгузории давлати миллии тоҷикон нигаронида шудаанд, саршор аст. Хиради азалӣ, сифатҳои волои инсонӣ, адолатпарварӣ, рӯҳи қавӣ, маданият ва маънавиёти олии ӯ ба ин мақсадҳои эъломгаштаи бахтовар тавъам ва созгор ҳастанд.
Имрӯз мо бо гузашти солҳо воқеияти реалиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ватани азизамон мебинем. Мунсифона ба хулоса меоем: дар натиҷаи заҳмати ҷонкоҳонаи Раҳбари давлат кишвари мо ба он натиҷаҳое ноил гашт, ки сараввал ҳамчун маром, ният ва ормонҳои миллӣ аз ҷониби ин шахсияти таърихӣ эълом гашта буданд. Бори дигар он нукта собит гардид, ки мақсади аслӣ, агар бо ҷавҳари бузурги шахсият ба ҳам оянд, манзалати қонунмандиро ба худ мегиранд. Натиҷаи амал барои таъмини манфиатҳои миллӣ – беҳтарин далели сифати шахсият аст.
Дастовардҳои давлати тоҷикон дар даврони истиқлолият ҷанбаҳои бузурги илмӣ-назариявӣ доранд. Онҳо дар асарҳои илмӣ-таърихӣ, суханрониҳо, ки дар асоси таҳлили амиқи паҳлуҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодии мамлакат аз ҷониби Пешвои миллат сурат гирифтааст, баръало намоёнанд.
Яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои барномавие, ки дар муддати бист соли охир ба тарзи муъҷаз дастовардҳои миллиро дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, илм, фарҳанг, маориф ва таъмини амнияти кишвар таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ мекунанд, нақшаҳои наздиктаринро коркард ва дар асоси онҳо дурнамои рушди давлатдорӣ муайян мегардад, Паёмҳои Сарвари давлат ба Парлумони кишвар мебошанд.
Паёми навбатӣ муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти давлати тоҷиконро дар соли 2018, ҳамчун натиҷаҳое,  ки  наздик ба ду даҳсолаи ахир ба он замина гузошта шуда буд, баррасӣ кард. Мароми созандагии давлати тоҷиконро то соли 2030 тарҳрезӣ намуд.
Дар Паём ҳамчун дастоварди муҳим – нишонгари обрӯ, эътибор ва эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо манзалати кишвари «ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ» аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028», ёдрас гардид.
Ин ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифз ва самаранок истифода кардани захираи ҳаётбахши табиӣ – об дар миқёси олам мебошад.
Маълум аст, ки таъмини оби ошомиданӣ барои аҳолии кураи замин аз муҳимтарин масъалаҳои мавҷудияти инсон ва шарти муваффақона зиндагӣ кардани ӯст. Аз кулли зуҳуроти моддӣ, ки дар феҳристи арзишмандиҳои дунё мадди назаранд, қиматтарини он об ба ҳисоб меравад. Он ягона сарвати дунёст, ки аз ҷиҳати таркиби химиявӣ эквиваленти баробарвазн надорад. Ивазшаванда нест. Ғайри шароити мувофиқи табиӣ – релеф, мавқеи ҷойгиршавии сарзамин, «истеҳсол»-и оби ошомиданӣ ғайриимкон аст. Маҳз ба ҳамин хотир, таъмини об барои мардумони сайёра мушкили аввалиндараҷа маҳсуб мегардад. Мутаассифона, афзоиши аҳолӣ дар дунё бо захираҳои обии олам дар таносуби мусбат қарор надоранд.
Ибораи «Об барои ҳаёт» ифодакунандаи маҷмӯи мафҳумҳост. Он таъмини зиндагии шоиста, ҳифзи саломатии инсон, рушди иқтисодии тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, ободонӣ, дар ҳамин асос таъмини амнияти давлат, минтақа ва умуман ҷаҳонро дар назар дорад. Аз ҷониби Созмони Милали  Муттаҳид дастрасии сокинони сайёра бо оби тоза аз масъалаҳои рушди устувор ва амнияти дастаҷамъӣ арзёбӣ мегардад.
Сарфи назар аз кӯшиши созмонҳои байналмилалии минтақавӣ ва универсалӣ, таъмини саросарии инсоният бо оби тоза аз мушкилоти  сатҳи глобалӣ боқӣ мемонад: «дар дунё зиёда аз 80 миллион нафар ба оби нӯшокии бехатар ва зиёда аз дувуним миллиард ба хизматрасонии одитарини соҳаи беҳдошт (санитария) дастрасӣ надоранд. Ҳар сол то сесад ҳазор нафар кӯдаки то синни панҷсола ба иллати набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт ба ҳалокат мерасад» (аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028». Шаҳри Душанбе, 20.06.2018).
Тоҷикистон, ки дар қаламрави он зиёда аз 60% захираҳои обии Осиёи Марказӣ тавлид мегардад, на танҳо ҳамчун сарчашмаи асосии ба маводи ҳаётан муҳим таъминкунандаи яке аз минтақаҳои сернуфуси олам, балки ташаббускори истифодаи сарфакоронаи ин неъмати бебаҳо ба мақсади тараққӣ ва пешрафти мардумони сайёра  мебошад.
Наваду се фоизи сарзамини моро кӯҳҳои осмонбӯс ташкил мекунанд. Бо кулли шаҳомат ва бузургӣ онҳо шабонарӯзӣ ба  азхуд намудан, захира кардан ва «истеҳсол»-и ин моеи ҳаётбахш «машғуланд».
Ташаббусҳои Пешвои миллати  тоҷик дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи эътирофи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва эътибори давлатдории тоҷикон, боиси ифтихор, сарафрозӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллии мост.
Дар Паёми навбатӣ ба кор андохтани агрегати якуми неругоҳи барқи обии Роғун ҳамчун «иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон», «ибтидои гардиш ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ» номбар карда шуд.
Ба назар мерасад, ки баҳои ҳақиқии оғози кори неругоҳи барқи обии Роғун мансуб ба наслҳои ояндаи сипосгузори миллати бонангу номус ва ҳақбини тоҷик аст. Ҳамасрон, ки шоҳиди ин воқеият ҳастанд, бояд бо ҳақнигорӣ ва ростӣ қазоват кунанд: ин ормони чандинсолаи мардуми Тоҷикистон бо чӣ гуна қаҳрамонӣ, ҷавонмардӣ, сарсупурдагӣ дар роҳи таъмини ҳадафҳои рушди миллӣ аз ҷониби  Сарвари давлат ба даст омад.  Роғун барои миллати тоҷик бузургтарин имтиҳон баъд аз истиқлолияти давлатӣ ва сулҳофаринӣ дар сарзамини аҷдодии мо аст. Ин падида дар арзёбии давлатдорӣ таъйиди пайки тавонмандии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Роғун аз бузургтарин далели воқеияти давлатдории тоҷикон, нишонгари самаранокии сиёсати дохилӣ, хориҷӣ, обрӯ, эътибор ва манзалати мардуми сарбаланди  мо дар арсаи ҷаҳон аст. Дар баробари аҳамияти бебаҳои иқтисодӣ, раҳкушои мушкилоти иҷтимоии давлатдории навин, ҳамчун бурҳони маънавиёти олии таърихан шаклгирифтаи миллати тоҷик аст. Роғун ҳамоса ва тантанаи ақлу хиради миллист. Роғун ҳувияти миллии мост. Он асрҳои аср, чун бурҳони қотеи корномаи нотакрори Қаҳрамони миллии тоҷикон, мисли офтоби дурахшон осмони бекарони саодати миллии моро нурафшон хоҳад кард.
Борҳо дар сатҳи олӣ эълом гашт ва таъйид гардид, ки НБО-и Роғун ҳамзамон ифодакунандаи манфиатҳои ҳаётан муҳимми кишварҳои минтақа мебошад.
Агар пояи аслии шаклгирӣ ва муттаҳидшавии ҷаҳонбиниҳо ҳастии ҷамъиятӣ эътироф гардида бошад, Роғун беҳтарин намуна барои якмаромӣ ва ваҳдати миллӣ хизмат менамояд. Гуногунии структуравӣ ва функсионалии дидгоҳи мардуми солимфикр дар мисоли Роғун сифати ягонагӣ ва арзишмандии умумимиллиро касб мекунад. Маҳз барои ҳамин Роғунро хориҷиён ҳамчун идеяи миллии тоҷикон эътироф кардаанд. Ҳарки ёди Тоҷикистон кунад, месазад сараввал Роғунро бо тамоми маънӣ ва муҳтавои бунёдӣ, ҳамчун муҷассама ва гавҳари воқеияти нангу номуси миллӣ пеши рӯ биёрад.
Ҳаллу фасли мушкилоти муносибот бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, эъломи амалкарди алоқаҳои бародарӣ,  комёбӣ ба шарикии стратегӣ бо ин кишвари дӯст дар Паём аз сеюмин дастоварди бузурги сол эътироф гардид.
Дар Паёми Сардори давлат дар канори ҳам омадани ду ҳамсоякишвар ҳамчун «рӯйдоди таърихӣ» номбар шудааст. Чунин сатҳи арзёбӣ аз анъанаҳои асрҳои аср шаклгирифтаи муносиботи ду миллат сарчашма мегирад. Дар системаи равобити минтақавӣ он хусусиятҳои хоси худро дорад. Ду миллат, воқеан арзишҳои бузурги умумияти ҷаҳонбинӣ, анъанаҳо ва урфу одатҳои ба ҳам наздик доранд. Барқарории робитаҳои нек, ки дар изҳороти сиёсӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва сиёсати амалӣ ифода ёфт, баёнгари манфиатҳои миллии ду ҷониб маҳсуб мегарданд. Эътимод ва амнияти минтақавиро қувват мебахшанд. Барои рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии  миллатҳои мо ва минтақа созгор мебошанд. Чунин иртибототи бародарона, бешубҳа, ба ду кишвари дӯст имконоти самараноки истодагарӣ ва муборизаи муштарак бурданро бо таҳдидҳои рӯзафзуни  террористиву экстремистӣ фароҳам месозанд.
Дар ин ҳуҷҷати барҷастаи таърихӣ истифодаи истилоҳоти ифодакунандаи марҳала, ҳаллу фасли масоили «сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ», «ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум» дар дараҷаи баланди масъулияти эҳсоси бародарӣ ва қаноатмандӣ тавзеҳ гаштаанд. Эътимоди қавӣ аст, ки чунин шакли ифода дар ҳуҷҷати барномавӣ барои наслҳои ояндаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дорои аҳамият ва мантиқи бузурги пайравӣ ва боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои ду миллати бародар мебошад.
Муносиботи кишварҳои мутамаддин ва тараққикардаи дунё бар бунёди гаштугузори озоди одамон, молиёт, мавод ва хадамот (free movement of people, many, goods, and services) асос ёфтааст. Ин қонунмандӣ, мантиқи илман ва амалан тасдиқгаштаи алоқамандии халқу миллатҳо, ки омили муҳимми рушд ва таъмини амнияти минтақавӣ мебошад, дар муносибат бо кишвари ба мо дӯсти Ӯзбекистон возеҳ тафсир гаштааст: «дар натиҷа рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардида, дар зарфи нӯҳ моҳ беш аз дуюним миллион нафар шаҳрвандони ду кишвар ба дидори хешу табори худ муяссар шуданд ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ ба маротиб таҳким ёфтанд» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»: -Д.: 2018. -Саҳ. 4).
Дар Паём ба система, структура, функсия, хосиятҳои сифатӣ ва имконоти қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа дода шудааст. Ин мафҳумҳо дар вобастагии кулл ба дараҷаи рушди тараққиёти саноат ва хоҷагии қишлоқ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба инкишофи минбаъдаи онон таваҷҷуҳи маҳз зоҳир гардидааст. «Ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида… баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум» ҳамчун мақсади аслии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст.
Боиси қаноатмандист, ки Паём роҳҳои таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакатро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намуда, воқеияти амалӣ кардани онро аз лиҳози мантиқӣ бо роҳ, усул ва натиҷаҳои таҷрибаи пешрафти иқтисодиёти ҷаҳонӣ, бо назардошти хусусиятҳои сифатӣ ва миқдории макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ кардааст. Дар ин самт, шаш усули таъмини рушди иқисодиёти давлат таъкид гардидааст: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст» (Саҳ. 4).
Хотирнишон бояд сохт, ки роҳ ва воситаҳои таъмини  тараққиёти бемайлони мамлакат дар марҳалаи истиқлолияти давлатӣ аз ҷиҳати назариявӣ маҳсули андешаи хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мебошад.
Гуруснагӣ, нодорӣ, қашшоқӣ, касоди иқтисодӣ, вазъи фоҷиабори дар маҷмӯъ умумиллии камбизоатӣ, ки бо ҷанги хонумонсӯз тавъам афтода буд, аксарияти аҳолиро ба эҳтимолияти  ислоҳоти вазъ ва ояндаи нек навмед мегардонд. Акнун равшан аст, ки маҳз тавассути давра ба давра амалӣ кардани ислоҳоти иқтисодӣ мардумро аз он вартаи ҳалокатбор  берун овард.
Дар шароити навини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, тамоюлҳои мусбат дар муносиботи Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, такон бахшидан ба самтҳои махсусан аҳаммиятноки ҳаёти мамлакат вазифаҳои асосии ҳукумат дониста мешаванд.
Нуктаи муҳимми эътимодбахш дар Паём асоснок кардани нақшаҳои афзалиятноки иқтисодӣ мебошад. Хотирнишон  гардид, ки дар натиҷаи амалӣ кардани вазифаҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла Паёми соли 2017 пешбинишуда, «рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд» (Саҳ. 4).
Аз рӯзҳои аввали ба уҳда гирифтани зимоми давлатдорӣ,  Пешвои муаззами миллат ду вазифаи асосии умумимиллиро эълом доштанд: таъмини сулҳу субот ва амнияти кишвар тавассути ислоҳоти иқтисодӣ – гузаштан ба механизми нави хоҷагидорӣ, давра ба давра беҳбуд бахшидани аҳволи иҷтимоии мардум. Дар Паём хотирнишон гардид, ки «зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд». Аз  ҳамин ҳисоб, шумораи нафароне, ки «ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид».
Иммануил Кант (1724-1804) аз донишмандони машҳури олмонӣ таъкид  кардааст: «дар ҳар илми табиатшиносӣ он қадар ҳақиқат ҳаст, ки дар он ҳамон қадар математика вуҷуд дорад». Дарвоқеъ, нишондодҳои рақамии Паём ҳар шахси ҳақиқатбинро водор ба андеша мекунад.
Тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, мамлакати мо аз лиҳози релеф, мавқеи географӣ, нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити табиии душвор қарор дорад. Оид ба дарёфти захираҳои табиӣ, махсусан маводи сӯхт, бо мушкилот рӯ ба рӯ аст. Аз лиҳози геополитикӣ дар қисмати «gold thrееangle» (секунҷаи тиллоӣ) ҷойгир мебошад, ки таваҷҷуҳи махсуси субъектҳои муассири байналхалқиро ба худ ҷалб мекунад. Тоҷикистон дар тули наздик ба яку ним ҳазор километр бо Афғонистон ҳаммарз аст. Нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо мамлакати буферӣ (пешҳимояткунанда) маҳсуб мегардад. Яъне, бо саъю кӯшиши том, гоҳо ба қимати ҷони фарзандони сарсупурдаи худ, хароҷоти молӣ ва моддии зиёд, сарҳади давлатии кишварҳои муштаракулманофеъро дар қаламрави худ аз гурӯҳҳои террористӣ, қочоқи силоҳ, муҳиммот, маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳимоят мекунад.
Бояд  ба инобат гирифт, ки дар ҳамин шароит таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат аз мушкилтарин  масъалаҳо маҳсуб мегардад.
Мавриди омӯзиш ва андеша қарор додани суръати афзоиши аҳолии кишвар, таъмини ниёзҳои мардум, дар баробари ин баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ ва рушди таъмини иҷтимоии мамлакат аз мавзӯъҳои рӯзмарраи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар Паём қайд гардидааст, ки соли ҷорӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар пешравии муайян дар назар дошта шудааст. «Тибқи нақшаҳои тасдиқшуда, дар соли 2019 афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба соли 2018 13 фоиз, суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 7 фоиз ва таваррум дар сатҳи на зиёда аз 7 фоиз таъмин гардида, даромади пулии аҳолӣ на кам аз 10 фоиз афзоиш меёбад» (Саҳ. 6).
Паём аз нигоҳи илмӣ ҳуҷҷати ба пуррагӣ коркардшуда мебошад. Он на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимолияти равандҳои пуртазоди геополитикӣ, ки асоси онҳоро зиддияти манфиатҳо дар самти иқтисодиёт ташкил мекунад, ба инобат гирифтааст. Дар он фарзияҳои гуногуни ғайричашмдошт дар раванди табодул ва гардиши вазъияти пулӣ ва молии дунё таъкид гардидаанд. Оид ба ин масъала, таҷрибаи таърихӣ, зарурати экстрополятсияи мантиқии воқеият дар соҳаи иқтисодиёт, дар шароити оянда тасаввур кардани вазъи имрӯза хотиррасон шудааст: «Барои босифат иҷро шудани ин вазифаҳо, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пайомадҳои иқтисодиву иҷтимоии раванди тағйир ёфтани муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, вазъи бозорҳои молиявӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳоро мунтазам таҳлил карда, ҷиҳати пешгирӣ кардани таъсири манфии чунин омилҳо ба иқтисоди миллии мо тадбирҳои заруриро амалӣ гардонад» (Саҳ. 6-7).
Чунин тарзи масъалагузорӣ,  имконоти бештарро оид ба эмин нигоҳ доштани манфиатҳои иқтисодии мамлакат ҳам дар дохил ва ҳам дар муносибат бо субъектҳои иқтисодии хориҷӣ фароҳам месозад. Масъулияти субъектҳои хоҷагидориро вобаста ба  истифодаи захираҳои моддӣ ва маънавӣ дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза бештар мегардонад.
Дар Паём се самти ҳаётан муҳимми тараққиёти иқтисодии мамлакат (таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз  бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ), ки бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат коркард ва амалӣ шуда истодаанд, номбар гардиданд.
Ба воқеият табдил ёфтани ин нақшаҳои бузург сатҳ ва сифати зиндагии мардуми Тоҷикистонро ба куллӣ тағйир дод. Ваҳдати миллиро тақвият бахшид. Амнияти давлати тоҷиконро асос гузошт. Обрӯи давлати моро дар минтақа ва ҷаҳон баланд бардошт. Заъфи маънавиёти миллӣ, як навъ хиҷолати саросарии мардумиро, ки дар натиҷаи ҷанги бародаркушӣ аз ҷониби хоинони миллат зуҳур карда, манзалат ва рӯҳи тоҷиконаро дар ҷаҳон хазон карда буд, бартараф сохт. Эътиқоди миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун будани тоҷикро барқарор кард, қудрати давлатсозӣ ва муҳимтар аз ҳама тавони давлатдорӣ доштанашро тасдиқ намуд. Душмани бафаҳмро ба андеша водор ва забонкӯтоҳ сохт.
Дар марҳалаи нав эълом шуд, ки мо «нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ — индустриалӣ ба индустриалӣ — аграрӣ амалӣ гардонида истодаем». Дар се соли охир, расидани ҳиссаи саноат аз 15,2 то 17,3 фоиз дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат, далели собиткунандаи ҳамин гуна пешравиҳо мебошад.
Мантиқи бузурги Паём, ки дар асл ба қишрҳои гуногуни аҳолӣ равона карда шудааст, дастрас ва оммафаҳм баён гаштааст. Масъалаҳои мураккаби иқтисодӣ бо забони сода ва баёни озода тафсир ёфтаанд. Мақсадҳои олии Пешвои муаззами миллат бо далелҳои муътамад, бо лафзи кушодани «гиреҳ аз кори ҷаҳон» ифода шудаанд.
Тавре хотирнишон гардид, зина ба зина амалӣ гаштани се ҳадафи иқтисодӣ ба марҳалаи ниҳоят душвори вазъи давлатдории мо  рост омад ва кишварро аз вартаи нобудӣ раҳо дод. Ҳамакнун, Сарвари давлат эътиқодмандона ва боварибахш иброз доштанд: «Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад» (Саҳ. 8-9).
Вобаста ба ин, Сарвари давлат зарурияти то соли 2030 дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонидани ҳиссаи саноатро амри зарурӣ донистанд.
Аз Паём бармеояд, ки барои Ҳукумати Тоҷикистон роҳ ва усулҳои саноатикунонӣ возеҳ ва равшан аст. Асоси он — таҳти назорати қатъӣ гирифтани барномаҳои соҳавии қабулгардида, назорати тахассусмандона аз болои роҳандозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъмини самаранокӣ ва сифати натиҷаи ин корҳо номбар шудааст. Ҳамчунон, дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба тарзи мушаххас вазифаҳои муҳимми ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ташкили ҷойҳои нави корӣ гузошта шуд. Барои назорати қатъӣ, эҳсоси ҷавобгарӣ ва масъулият дар иҷрои самараноки самти фаъолият, ба роҳбарони аввали мақомоти номбурда муҳлати аниқ ҷиҳати пешниҳод кардани ҳисобот муайян гардид.
Яке аз масъалаҳои муҳим – давра ба давра таъмин кардани ниёзҳои мардум, талаботи соҳаҳои  саноат, хоҷагии қишлоқ ба молу маводи ватанӣ, ҳамчунон кам кардани ҳаҷми воридот маҳсуб мегардад.
Дар Паём таъкид карда шудааст, ки яке аз масъалаҳои калидии  рушди иқтисоди миллӣ – ҳавасмандгардонӣ ба хотири истеҳсолоти ивазкунандаи воридот мебошад. Маҳз дар натиҷаи амалӣ кардани чорабиниҳои мушаххас аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муяссар гардид, ки «аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, асбобҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмон таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ аз хориҷи кишвар дар давоми се соли охир қариб се миллиард сомонӣ ё 31 фоиз коҳиш дода шавад» (Саҳ. 9-10).
Дар натиҷаи кӯшиш ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, амалӣ кардани роҳ, усул ва методҳои асили дипломатияи сатҳи олӣ, омода кардани фазои эътимод дар дохили кишвар, институтҳои молиявии минтақавӣ ва ҷаҳон «дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст» (Саҳ. 11).  Вобаста ба муҳиммият, системаофаринӣ ва пешбаранда будан «қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст» (Саҳ. 11).
Моратория ба дахолат дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ барои солҳои 2019-2020  ва эълони «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» аз иқдомҳои авлавиятдоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ватанӣ маҳсуб мегардад. Чунин тарзи ҳалли масъала аз шаклҳои самарабахши омода кардани шароит барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагидорӣ буда, ҷиҳати рӯҳбаланд сохтани соҳибкорони ватанӣ, ҳимояи мавқеъ ва манзалати истеҳсолотчӣ, тавлиди ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
Чун ҳамеша, меҳвари асосии Паёми имсола — давра ба давра боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум эълом гардидааст. Мояи ифтихор аст, ки ин мақсад, ҳамакнун тавассути индустрикунонии мамлакат барномарезӣ мегардад. Ва ҳамзамон барқикунонӣ, ки ҷавҳари саноатро ташкил медиҳад, ҳамчун самти асосии  кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шудааст. Аз ҳамин лиҳоз, боиси қаноатмандӣ аст, ки дар «даҳ соли охир иқтидори истеҳсолии низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шуданд» (Саҳ. 13). Чунин дастовард, пеш аз ҳама, манфиати одамони одиро, ки беш аз 70 фоизи онон дар деҳот зиндагӣ мекунанд, ҳимоя менамояд.
Дар Паём маҳз хотирнишон карда мешавад, ки  «Моҳи сентябри соли 2018 мо дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон»-ро бо иқтидори 1500 киловатт,  ба маблағи 80 миллион сомонӣ, ба истифода супоридем, ки ба шарофати он талабот ба неруи барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пурра таъмин карда шуд» (Саҳ. 14).  Ҳамчунин, дар ин минтақа асосноккунии техникии ду неругоҳи барқи обӣ – «Санобод» ва «Себзор», бо иқтидори умумии 211 мегаватт, омода гардида истодааст.
Таъмини рушди устувори иқтисодӣ, аз ҷумла сохтани корхонаҳои саноатӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бунёди шароити беҳтари инфрасохторӣ дар соҳаҳои энергетика, роҳ, коммуникатсия, тандурустӣ, маориф, рушди варзиш, сайёҳӣ, боло бурдани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, маҳз бо ташаббус ва пуштибонии Пешвои муаззами миллат амалӣ мегарданд.
Зиёд кардани истеҳсоли неруи барқ дар миқёси мамлакат дар баробари имконоти экстенсивӣ бо роҳҳои интенсивӣ (таъмир ва азнавсозии НБО-ҳои мавриди истифода) низ, ба назар гирифта шудааст. Маблағгузории он аз сарчашмаҳои гуногун – буҷаи давлат ва ҳиссаи сармоягузорӣ таъмин карда мешавад.
Паём саршор аз маълумотест, ки барои хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аҳаммияти хос дорад. Ҳар он касе, ки худро мансуб ба ин сарзамини муқаддас бо номи Тоҷикистон медонад, бояд дар Паём дарёбад ва мояи ифтихор аст, ки «ҳоло Тоҷикистон, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ доир ба истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад» (Саҳ. 16).
Таърих ва махсусан замони истиқлолият, Ватани азизи мо -Тоҷикистон бори дигар муҳим будани нақши инсонро дар ҳаёти ҷомеа исбот кард: «вақте ки дар бораи омилҳои моддӣ, сухан мегӯем ва омилҳои инсониро дар чаҳорчӯби ҷузъиёти тавоноии миллӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳем, мо бояд дар хусуси тафовут байни мантиқи шумораи миллат аз сифати миллат муҳокимаронӣ кунем. Сифати миллат гуфта, хислату характери миллӣ, ахлоқ ва маънавиёти миллӣ…мадди назар дошта мешавад» (H.J. Morghentay. Politics Among Nations. The struggle for Power and Peace. New York, 1964. -Р.121).
Маҳз тавассути заҳматҳои ҷонфидоёнаи Қаҳрамони миллии мо, ҳамакнун таҳавуллоти бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоие дар сарзамини тоҷикон ба вуқӯъ пайвастааст, ки мо на танҳо бо гузашта, бо таърихи чандҳазорсола, балки бо дастовардҳои замони Истиқлолият  ифтихор дорем ва бояд наврасон ва ҷавононро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем. Барои мисол, дар Паём омадааст: «Кишвари мо имконият дорад, ки баъди ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла неругоҳи барқи обии “Роғун” аз лиҳози фоизи истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ба ҷойи дуюм ё сеюм барояд» (Саҳ. 16).
Яке аз нуктаҳои асосие, ки дар Паём дарҷ гардидааст ва он барои ҳар хонадон муҳим мебошад, дар шароити ниҳоят камзамини Тоҷикистон ба мардум додани қитъа барои бунёди манзили истиқоматӣ аст: «Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, майдони заминҳои наздиҳавлигӣ дар кишвар 135 ҳазор гектар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои обӣ 52 ҳазор гектар зиёд шудааст» (Саҳ. 20).
Маҳз тавассути методҳои муқоисавӣ – таърихӣ умумият ва фарқиятҳо, аз ҷумла дар сиёсат, иқтисодиёт, муносиботи ҷамъиятӣ, ҳатто рӯзгори шахсии ҳар фард баръало намудор мешавад. Тасаввур кардан мумкин нест, ки мо сатҳ ва воқеияти зиндагиро бидуни муроҷиат ба ин методи маъмули шинохти ҳақиқат арзёбӣ карда тавонем.
Ҳамин тариқ, дар Паём хотирнишон карда мешавад, ки дар натиҷаи тақсими замин як миллиону чорсад ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ имконият пайдо намуданд ва “ба ҳисоби миёна беш аз 7 миллион нафар сокинони кишвар шароити манзилиашонро беҳтар кардаанд”. Барои муқоиса ва хулосабарорӣ зарур аст, хотирнишон кард, ки “Бо ин мақсад, дар 70 соли то замони истиқлолият, ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин тақсим карда шуда буд” (Саҳ. 20).
Чунин иқдом намунаи сазовори дарки воқеияти зиндагии мардуми одӣ, ҳисси баланди масъулияти давлатдорӣ, олиҳимматӣ, ғамхорӣ ва дастгирии оммаи мардум мебошад.
Дар Паём ба рушди илм, маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудааст. Таъкид карда мешавад, ки “Танҳо соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 73 000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт” (Саҳ. 26).
Ҳамзамон, ду масъалаи умда дар соҳаи маориф хотирнишон гардид: “Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилотии кишвар” (Саҳ. 26).
Бузургон муносибати сабабии «шавад тира аз бехирад рӯзгорро» дар шарти «агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор» дидаанд. Айнан ҳамин нукта аз лиҳози мантиқӣ дар Паём таъкид шудааст.
Дар ифодаи «кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ», албатта, дараҷаи баланди дониш, тахассусмандӣ, маданияти воло, тавони маърифатнок кардан ва санъати ниҳоят мушкил ва пурмасъулияти аз одам “инсон – шахсиятсозӣ» аст. Маҳсули кори мактаб он аст, ки парвардаи ӯ омода бошад манфиати рушд ва амнияти Ватанро дар қавлу амал ҳимоят кунад.
Тибқи ақидаи олимони Ғарб, таҳкурсии маънавии шахсият (скелет, “устухонбандӣ”-и маънавӣ) дар синни 16 солагӣ шакл мегирад. Маҳз барои ҳамин «A man in sixteen, is a man in sixty» («Мард дар шастсолагӣ, ҳамонест, ки дар шонздаҳсолагӣ буд») мегӯянд. Ислоҳи фарзанд (талаба) баъд аз хатми мактаби миёна кори ниҳоят мушкил, амалан номумкин аст. Таҳлили ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаи Тоҷикистон, структураи хислат, характер, дониш, ҷаҳонбинии дастандаркорон ва нафароне, ки зери таъсири онҳо монда ҷумҳуриро ба хоку хун кашиданд ва албатта, ҳодисаҳои имрӯзаи ба ифротгароӣ ва терроризм майл пайдо кардани иддае аз ҷавонон тасдиқи ин гуфтаҳо мебошад.
Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид кардаанд, ки ҷомеаро, мутахассис, донишманд обод мекунад. Дар ин маврид донише дар назар дошта мешавад, ки қонуниятҳои рушди табиат ва ҷамъиятро аз нигоҳи илмӣ тафсир намояд, дар таҷрибаи чандинсолаи ҳаёти инсонӣ тасдиқ гардида бошад. Кишварро аз нигоҳи иқтисодӣ қудратманд созад. Вобаста ба талаботи системавии рӯзмарра ва ояндабинии рушди тараққиёти иқтисодӣ — иҷтимоии мамлакат имкони омода кардани маҷмӯи номгӯи (реестри) мутахассисонро кафолат диҳад. Дар натиҷаи амалӣ кардани он, ниёз ба даъвати мутахассисони хориҷӣ намонад. Ҳамин тариқ, дар самти тахассусмандии инфрасохтори гуногунсоҳа ҳам, кишвар истиқлолият пайдо кунад.
Идома додани ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсил, ҷорӣ кардани усулҳои фаъоли таълим ва додани эътибори аввалиндараҷа ба сатҳу сифати он, ки дар Паём таъкид шудааст, аз мақсадҳои амалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гаштаанд.
Дар ин ҳуҷҷати барномавӣ ба нақши ҷавонони кишвар дар ҳаёти созанда ва таъмини амнияти мамлакат баҳои баланд дода шудааст. Аз ҷумла, таъкид карда мешавад, ки «ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад» (Саҳ. 34).
Ҳамзамон, дар Паёми Пешвои муаззами миллат бо назардошти таърихи пурфоҷиаи давлатдории навини мо, сабаб ва оқибатҳое, ки ба бадбахтии умумимиллӣ оварда расониданд, хотирнишон гардида, таъкид карда мешавад: «Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд» (Саҳ. 34).
Тавре мушоҳида мекунем, дар ин маврид омилҳое, ки ҷавононро раҳгум ва бар зидди манфиатҳои миллӣ раҳнамун месозанд, возеҳ номбар карда шудаанд. Донистан, фаҳмидан, фаҳмонидан, ҳама вақт дар хотир доштан ва таъкид кардани онҳо барои ҳар шаҳрванд, сокини кишвар, махсусан ҷавонон, насли наврас ҳаётан муҳим аст, зеро «бесаводӣ шахсро сода, зудбовар ва сабукфикр мекунад» (Сенека).
Дар Паём ишора ба вазъи геополитикии ҷаҳон меравад. Тибқи он, давлатҳои муайян барои манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологии худ, ба ҳар роҳу восита, шиору ваъдаҳои дурӯғ мехоҳанд ба мардуми кишварҳои дигар сарзамин, эътиқодоти онон тасаллут пайдо кунанд. Ҳукумат намоянд. Чунин амалро ин давлатҳо ошкоро, бе ниқоб, бе баҳона, бе восита наметавонанд амалӣ созанд. Зеро содатарин шахс ҳам дар чунин ҳолат ба суханони таблиғгарон бовар нахоҳад кард.
Дар шароити Тоҷикистон душманони давлатдории миллӣ ва сулҳу суботи мардуми он, зери ниқоби дини ислом, ки аз эътиқодоти пок ва муқаддаси инсонҳост,  амал карданӣ мешаванд. “Гургҳо дар либоси меш” пеш меоянд. Аммо ҷои тааҷҷуб нест. Суиистифода аз дину мазҳаб бар зидди манфиатҳои мардуми одӣ, зуҳуроти таърихист.
Қувваҳои бадхоҳ дар ҳама давру замон то тавонистанд, махсусан ба хотири ҳукумат кардан бар ақли инсонҳо, аз тамоми роҳу восита истифода намуданд. Дин дар ин маврид ҳамчун усул ва воситаи бозӣ кардан бо ҳиссиёт ва эътиқодоти мардумӣ ва фоидаҷӯӣ аст. Гузаштаи инсоният ҳазорҳо мисол дорад. Муроҷиат карда шавад ба осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯали Сино, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдулқодири Бедил,  Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва садҳо бузургони миллат, ки алломаҳои замон ва шоҳиди ҳаводиси даврони худ буданд. Ишора ба Фирдавсии бузург, ки бо сухани ӯ Аҷам абадият пайдо кардааст, шояд басанда бошад: “Зиёни касон аз пайи суди хеш, Биҷӯянду дин андар оранд пеш”. Дар замони муосир ҳам, ки баъд аз Фирдавсӣ бо гузашти ҳазор сол илми инсонӣ дунёро куллан тасхир кардааст, аз ин дар маънӣ бештар, дар содагӣ хубтар ва дар фурсат мувофиқтар далел овардан мумкин нест. Афғонистон, Сурия, Ироқ, Тунис, Яман ва Тоҷикистони солҳои навадум фақат исботи гуфтаҳои Фирдавсии Тӯсӣ аст.
Сарчашмаи бузурги мантиқии Паём, мақсаднок ва нишонрас будани маъниҳои ифодагардидаи он – тафсири ҳақиқати дар таҷриба тасдиқгардида мебошад. Ибораҳои пайдарҳами “фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик” нагардидан, «зираку хушёр” ва барои «ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода будан” барои кулли мардуми Тоҷикистон – аз хурд то бузург даъвати ватанхоҳона ва саривақтӣ мебошанд.
Муқоиса кардани ҷавонони имрӯза бо ҳамсолони онҳо дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ки зери таъсири гурӯҳҳои носолим қарор гирифта, ватани хешро дар вартаи ҳалокат гузоштанд, аз нуктаҳои асосии Паём мебошад. Дарк ва андешаи саргузашти миллат — муҳимтарин масъалаи рӯз аст. Бе он таъмини субот ва пешравии ҷомеа имкон надорад, зеро «таърихро надонистан, якумр тифл мондан аст» (Цицерон).
Дар гаравидани ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ–ифротӣ, то дараҷаи муайян гуноҳи падару модар, хешу табор, авлод, мактабу маориф, васоити ахбори умум, адабиёт, фарҳанг, мақомоти марбута, муассисаҳои эътиқодӣ, умуман ҷомеа кам нест.
Яке аз олимони маъруфи нимаи дуюми асри ХIХ ва аввали асри ХХ фармудааст: «Ҷомеа мебояд  аҳволи рӯҳии ҳар як аъзои худро донад ва сари вақт ба он таъсир расонида тавонад». Дар ин маврид, Аристотел масъаларо мушаххастар иброз доштааст ва шарти чунин «донистанҳо»-ро хубтар фаҳмонидааст: «Давлат мансуб ба касест, ки воқеан вуҷуд дорад…инсон табиатан падидаи сиёсӣ аст, маҳз бо ҳамин сабаб, ҳатто одамоне, ки  на он қадар ба кӯмаки ҳамдигарӣ ниёз доранд, бехотир кӯшиши зиндагии дастаҷамъӣ (дар ҷамъият — С.Я.) зоҳир менамоянд» (Аристотель.  Политика. – М.: 2000. -С.183). Маҳз барои ҳамин тамоми даъвоҳое, ки ташаккули ҳолати рӯҳӣ, маънавии инсон бояд берун аз салоҳият ва таваҷҷуҳи давлатдорӣ монад, навъи ибрози ҷонибдории идеяҳои бедавлатӣ, бемасъулиятӣ, бесарусомонӣ дар ҷомеа мебошанд. Воқеан, чунин давлат вуҷуд надорад. Ва ин кӯшишҳо ҳам ҳаргиз амали бешуурона нестанд. Мақсаднок, супоришианд, ба хотири шикасти давлати миллӣ, ба фоҷиа рӯ ба рӯ кардани ҷомеа. Маълум аст, ки «аҳди ин тоифа бо музд баста шудааст» (Ҳофиз). Аммо фаромӯш мекунанд: «як гул бидиҳанд, сад баҳорат бибаранд» (Лоиқ). Ва ин ҳам як амали маъмулист, ба хотири бори дигар одамонро гӯл задан, ақлҳоро дуздидан, аз болои бадбахтиҳои саросарии мардум гузашта ҳамон кӯшиши ҳокимият кардан. Хушбахтона (ё бештар бадбахтона), ононе, ки худро дар муқобили Ватан, манфиатҳои миллӣ мегузоранд, ниёз на ба мазаммат, балки ба таассуф доранд. Мардумони бихрад дар замони мо воқеан «аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал расиданд». Маҳвораҳояшон дар он тарафи Моҳ маскан гирифт. Ин ҳамватанони раҳгуми бечораи «мо ҳанӯз дар хамгаҳи як кӯчаанд»: «сала», «риш», «ҳиҷоб», «босмачӣ». Аз доираи тафаккур, андеша ва ҳимояи «арзишҳои» маънавии сулолаи манғитиён натавонистаанд сари мӯйе берун оянд. Интизорӣ мекашанд, ки дар ватанашон барги дарахте бар замин афтад, то онро ҷашн бигиранд, хурсандӣ кунанд. Ин аст дараҷаи фаҳм ва барномаи иҷтимоии ашхосе, ки “манзил найин”, “силсила дар пай, бори гарон дар пой” (Саъдӣ) даъвои ҳукумат, сарварии мардум мекунанд.
Бозгашт ба мавзӯи асл, бояд қотеона таъкид кард, давлат мафҳуми сирф ҳуқуқӣ аст. Масъулияти бузурги таъмини низомро дорад. Ба манфиати рушди иқтисодӣ ва таъмини амнияти ҷомеа — аъзоёни он, мардум. Ин аст фарқияти муассисаи аслии ҷамъият зери номи “давлат” дар рӯ ба рӯ, дар муқобили ононе, ки акси чунин ҳолатро тарғиб карданӣ мешаванд ва аз мафҳуми Ватан, роғунсозиҳо, дастовардҳо, ободиву осудагиву рушду рифоҳи он, чуноне, ки “хаффош (кӯршабпарак — С.Я.) аз офтоб” ва “дев аз Қуръон мегурезад” (Ҳофиз), дар ҳаросанд.
Дар Паём самти “ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ” махсус таъкид гардидааст. Он ба ҳимояи муқаддасоти бузург “манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон” нигаронида шудааст.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати барномавиест, ки дар маҷмӯъ, таҷрибаи  давлатдорӣ, соҳаҳои ҳаётан муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои истиқлолият ва махсусан дар се соли охир таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ намудааст.
Муҳтавои ин санади ояндасозро, тавре таъкид гардид, таъмини некуаҳволӣ, қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни мардуми Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат — иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҳимояи амнияти шахс, ҷомеа ва давлат ташкил  мекунад.
Нуктаи ниҳоят муҳимми Паём эълони оғози марҳалаи саноатикунонии мамлакат аст. Бидуни шак, агар ташаббуси мазкур ҷудогона ҳам эълон мешуд, мардум эътимоди пурра доштанд, ки ин иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат ҳатман ҷомаи амал хоҳад пӯшид. Чунки дар замони истиқлолият, Қаҳрамони миллии мо лоиҳаҳоеро шахсан коркард, ба мардуми тоҷик эълон ва ҷасурона амалӣ сохтанд, ки дар он шароит эҳтимолияти рӯи кор овардани чунин мақсадҳо, бо сабаби ниҳоят мураккаб будани вазъи иқтисодӣ, сиёсӣ, геополитикӣ, дар бисёр ҳолат мавҷуд будани хатари ҷонӣ, ҳатто ба фаҳми одамони соҳибтаҷриба мувофиқ намеомад. Аз ин дастовардҳо имрӯз мардуми миннатпазир ва шукргузори Тоҷикистон бо қаноатмандӣ истифода мебарад.
Аммо ба ин нигоҳ накарда, дар Паём масъалаи саноатикунонии мамлакат бо далелҳои муътамад асоснок карда шудааст. Факту рақамҳои дар ҳуҷҷат номбаршуда – дар мамлакат сохта шудани корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ – заминаи асосӣ барои рушди минбаъдаи ин самт, дарёфт ва оғози коркарди манбаъҳои эътимодбахши ашёи хом, роҳҳо, нақбҳо, ки ҷавобгӯи ниёзҳои истеҳсолот мебошанд, омода кардани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар, сохтани даҳҳо неругоҳҳои барқӣ, оғози муваффақонаи кори агрегати аввали НБО-и Роғун асоси моддӣ ва маънавии саноатикунонии мамлакат мебошад.
Боиси қаноатмандист, ки бо эълон кардани саноатикунонӣ ҳамчун сиёсати давлатӣ, муҳимтарин давраи ҳаёти ҷомеа оғоз шуд. Он зина ба зина афзалият пайдо кардани истеҳсолоти саноатиро дар иқтисодиёти кишвар дар назар дорад.
Дар ҷараёни ин иқдоми муҳим, зарурати ворид кардани технологияи нав ва минбаъд дар асоси талаботи иқтисодиёти бозаргонӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон қадам ниҳодани соҳаи мазкур ба воқеияти маъмулӣ мубаддал мегардад. Хатар ва эҳтимолияти ба қаламрави кишвар ворид кардани таҷҳизоти “дасти дувум”, ки мамлакатҳои пешрафта кишварҳои ҷаҳони сеюмро ба партовгоҳи гаронбаҳои он мубаддал карданӣ мешаванд, аз байн меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, насли нави шавқманди ба шароити бозаргонӣ мувофиқ тарбия меёбад. Он ба илм, маърифат, технологияи инноватсионӣ таваҷҷуҳи маҳз зоҳир мекунад. Дар баланд бардоштани сатҳи тахассусмандӣ манфиати худро мебинад. Кӯшиши худкифоӣ менамояд.
Муҳимтар аз ҳама индустрикунонӣ ба рушди иқтисодиёт  такони ҷиддӣ мебахшад, даромаднокии аҳолӣ ва буҷаи давлатиро боло мебардорад.  Сатҳи зиндагии мардумро беҳтар мекунад. Ҷаҳонбинии ӯро тағйир медиҳад.
Паёми Пешвои муаззами миллат барномаи ҳаётан муҳими рушди давлатдории замони мо буда, дар он вазифаҳои наздиктарини иқтисодӣ, иҷтимоии мамлакат ба тарзи дақиқ муайян гардиданд. Роҳ, восита ва усули амалӣ кардани ин вазифаҳо возеҳу равшан нишон дода шудаанд. Ҳамзамон, дар ин санади ҳидояткунанда самтҳои асосии сиёсати давлатдории миллӣ дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, таъмини амнияти зеҳнӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ мавриди арзёбӣ ва раҳнамоӣ қарор гирифта, сатҳи баланди риояи қонун ва маърифати ҳуқуқии  шаҳрвандон таъкид гардидааст.
Месазад, ин ҳуҷҷати баёнгари манфиатҳои миллиро, ки мақсад аз он мукаммал гардонидан, боз ҳам қувват бахшидани асосҳои давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявии мо мебошад, гаштаву баргашта омӯзем. Аз ҳама муҳим дар амалӣ кардани он, бо кулли имконот, дар пайравии Пешвои муаззами миллат ҷонфидоёна амал кунем. Зеро таҷрибаи таърихии Қаҳрамони миллии мо дар замони истиқлолият нишонгари он аст, ки миллат хушбахтии худашро бо дасти худаш бунёд мекунад. Ва ӯ моро омӯзонд — боварӣ кӯҳро аз ҷояш меҷунбонад.
С.ЯТИМОВ, узви вобастаи Академияи илмҳои 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» 
аз 29.01.2019, №: 21-22
https://khovar.tj/2019/01/payomi-peshvoi-millat-va-masala-oi-rushdi-davl...

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз