Main menu

«Озмуни дастархонороӣ»

         Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардум дар саросари чумҳурӣ барои солҳои 2019-2021 –«Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тасдиқ карда шудааст. Мутобиқи банди 20-и Ҷадвали мазкур алҳол дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар «Озмуни дастархонороӣ» баргузор шуда истодааст.

      IMG_1069.JPG Дар ноҳияи Шаҳритуз низ вобаста ба татбиқи амалии ин Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳо тартиб дода шудааст. Дар санаи 30-юми январ дар Маркази фароғатии ҷавонони деҳаи «Сомониён»-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов «Озмуни дастархонороӣ» баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур намояндагони ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, инчунин шуъбаи маорифи ноҳия, бахши фарҳанг ва ҷамъияти матлуботи ноҳия фаъолона ширкат варзиданд.

      Дар ин озмун  аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ якчанд намуди таомҳои миллӣ  аз қабили қурутобу шакароб, ширбиринҷ, ширкаду, дангича, оши палав, угро, суманак, аз шириниҳо ҳалвои сафеду сиёҳ ва ғайра пешкаш гардид.

 

         IMG_1049.JPGҲайати  комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо роҳбарии муовини раиси ноҳия М.Раҷабзода бо анвои таомҳои  пешкаш гардида шинос шуда, ҷойи аввалро ба намояндагони  ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов, ҷойи дуюмро ба ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов ва ҷойи сеюмро ба ҷамоати деҳоти «Обшорон» муносиб донистанд. Муовини раиси ноҳия М.Раҷабзода ба ғолиби ҷойи якум Дипломи раиси ноҳияро супорида, ғолибони ҷойҳои дуюму сеюмро бо туҳфаҳои муносиб сарфароз гардонид. 

       Намояндагони ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов барои иштирок дар даври дуюми «Озмуни дастархонороӣ», ки дар шаҳри Бохтар баргузор мегардад, роҳ ёфтанд.

«Субҳи Шаҳритуз»

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз