- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Д.Назиров: Табаддулоти Кабирӣ барои мансаби раиси ҳизб (Ё чаро муртадгӯиро аз наҳзат омӯхтем)
Пан, 02/07/2019 - 20:26
Мусоҳибаи Давлатхӯҷа Назиров, доктори илмхои фалсафа, аъзои Иттифоки нависандагон ва журналистони Точикистон, сармухаррири газетаи «Щит» ба паҳлӯҳои норавшани раҳбарияти наҳзат ва даст доштани Кабирӣ дар табаддулоти даруниҳизбӣ равшанӣ меандозад. Агар ин кор собит шавад, шакке нест, ки собит мешавад, Кабирӣ на танҳо дар табаддулот, балки дар куштори С.А.Нурӣ низ даст дорад.
Ба ростӣ, барои мо наҳзатиҳои собиқа нав маълум мешавад, ки бо кадом фиребгарии тамомъиёр Кабирӣ бо пушти по задани гвардияи кӯҳнаи наҳзатӣ, роҳро на танҳо барои худ, балки оилаи сершумораш аз набераву абера сар карда то Бобои Тилло ҳамаро имтиёзхӯри наҳзат кард. Акошаву Бибисорову Муҳаммадтиллову Руҳуллоҷон ибни Кабирӣ ҳама элитаи наҳзат шуданд. Шахсиятҳои наҳзатӣ, ки дар саргаҳи ин ҳизб қарор доштанд, аз қабили Навиду Сатторов Айёмиддину Саломов Абдулрасулу фарзандони Нурӣ ҳама пушти дарҳои кӯчаи Бохтар истоданду Кабирӣ бо он, ки заррае ҳам дар ин ҳизб саҳм надошт, садрнишину нухбаи ҳизб шуд.
Аз бозе ки Кабирӣ дар сари рахти бемории Нурӣ муштарии доимӣ шуд, нафарони наздик ба Нурӣ инро медонистанду чандин бор ба Муҳамдочони Нурбинобар манфитадор ба марг будани Нурӣ хабардор карданд. Чунончи, Д.Назиров зикр мекунад: «Суханони баҷойи «моҳҳои июл-августи соли 2006 Нурӣ хеле бемор шуду ба хабаргириаш Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Муҳиддин Кабирӣ омаданд, ки аввалӣ ҳам аз беморӣ ранҷ мебурд. Нурӣ бо мушкилӣ сӯҳбат мекард, аммо тавонист мавқеашро баён намояд, ӯ гуфт: «Умрам кам мондааст ва маро ояндаи ҳизб нигарон мекунад, метарсам, ки он аслиҳаи дасти мансабпарастон ва муртадон нагардад!».
Оё Кабирӣ як нафари дорои тафаккури нимамаҳалии бо олудагиҳои биёбонӣ махлут метавонист, раиси як ҳизби парламантӣ гардад? Ба ҳеч вачҳ не. Кабирии алломатарош бо донишҳои сатҳи пасти шарқшиносӣ, зоҳирпараст ва тобеи нафси армонии омехта, ки маниши Кабириро ин ҳарфҳо хулосагирӣ мекунад, фақат метавонист, фарроши кӯчаи Бохтар шавад, вале ба ҳеҷ сурат нақши раҳбариро надошт. Дар ҳамин ҷо метавонем, нуқта бимонем. Нуқтаи ғафси тамат. Коғазро омехтаи ҳарфҳои беҳудаву пуч насозем. Вале ҳамоқатнигории Кабирӣ ва даст доштани ӯ дар табаддулоти ҳизбӣ ва давлатӣ маҷбур месозад, ки ба умқи фардии ин «сиёсатмадор»-и дингаро ва қотили Нурӣ бештар зеҳн биронем. Зеро ки:
- Кабирӣ мероси сулҳхоҳии собиқаи наҳзатро ба ду по ба замин зад ва аз ин ҳизби парлумонӣ ҳаракати террористии дар ҷустуҷуйи Интерпол сохт ва табдил дод.
- Ба иттиҳоди назари наҳзатиҳои оддӣ, ки мехостанд ба масири миллӣ баргарданд, Кабирӣ бо хонаводааш чунон зарбаи муҳлик зад, ки яке аъзои қаноти ҷангии наҳзат «Ансорулло» шуд, дигарӣ насронӣ гашт, сеюмӣ аҳли ташайъю ва чорумӣ салафӣ. Панҷумӣ дар маҳбас.
- Адами мудирият тамоми ҳайати шурои олии раёсати ин ҳизбро бинобар даст доштан дар табаддулоти ҳарбӣ ба зиндон бурд. Гардонандаи ин тахалуфот ва таклифоти тафриқавӣ ҳама ба як вожа ифода меёбад: Кабирӣ.
- Сармояи ину онро ҷамъ кард ва зад дар пояи девори хонаводааш. Воқеаҳои ахир маълум агар намекарданд, хуни мардумро мемакид ва боз ҳам аз худ бут метарошид.
- Пардаи асрор агар аз ҳувияти Кабирӣ бардорем, ҳодисаҳои ачибу ғариби маълум мешаванд. Чунончи, бо такя ба маълумоти нав ва бикри бойгонии таърихӣ маълум мегардад, ки амирсолорӣ ва манғитпарастӣ ва босмачигидӯстдории ин аслбохта решаҳои қавии қавмӣ доштааст. Нишонаҳои босмачигарӣ дар ҳар шаклу сурате дар рафтори мухолифони ғурбатнишин эҳсос мешавад. Ин тарзи тафаккур пеш аз ҳама дар мафтуншавӣ ба ақоиди динӣ ва шиорпартоии подарҳаво зоҳир мегардад. Дар ин бозиҳои шайтанатӣ муқассир Кабирӣ мебошад.
- Кабирӣ аз рӯйи ахбори ҳалқаҳои ба ӯ наздик, гароиши аз ҳад зиёд ба таҷаммулпарастӣ ва зоҳиргарӣ дорад. Ин гуна ашхос ҳама дар талаби ин дунё ҳастанд ва охират. Ҳамин дугонагии тафаккур ва аслбохтагӣ Кабириро ғурбатнишин, ҳизбро валангор ва мардумро овора кардааст. Ин гумроҳи роҳи сиёсат намедонад, ки масири иштирок дар сиёсат созиш аст, на тафаккури хароби қотилӣ, осебрасонӣ ба миллат.
Тафсири хиёнатҳои Кабирӣ давом дорад
Киморов Салим, коршиноси Маркази ҷавонон, собиқ узви наҳзат