Main menu

Мақсад-татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ

       Ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон  илҳомбахш ва дастури роҳнамо ба ҳисоб рафта, моро ба суйи созандагию ободкориҳо роҳнамун месозад.

         Пӯшида нест, ки маҳз бо ҷаҳду талош ва роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии якдилонаи халқу миллати тоҷик се ҳадафи миллии пешбинишуда:  Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, Ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, Таъмини Амнияти озуқаворӣ  роҳи ҳалли хешро пайдо карданд.

      Инак, 26 декабри соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари баррасӣ намудани самтҳои сиёсати дохилию хориҷии кишвар оиди пурзӯр намудани мубориза алайҳи амалҳои коррупсионӣ аз ҷумла чунин иброз доштанд: «Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳими фароҳам овардани фазои якдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад.

     Бинобар ин Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генралӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд».

      Таъкидҳои Роҳбари давлат  саривақтӣ ва қобили қабуланд, зеро амалҳои коррупсионӣ аз қабили ришвагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯйӣ ва суистифода аз мансаб амалҳои нангин буда,  реша давондани он боиси коста гардидани боварии мардум аз сохтори давлатӣ мегардад. Аз ин лиҳоз бояд дар ин самт  тавре кору фаъолиятро роҳандозӣ  намуд, ки ҳар як шахс новобаста аз шуғлу мансаби ишғолкардааш аз рӯи виҷдон, бо дили соф, дилсӯзонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан хизмат намояд.

        Мебояд некхоҳу некандеш бошем ва ҳамчун ватандӯсти асил кӯшиш намоем, бо саъю талоши дастаҷамъона ба он ноил шавем, ки ҳама  дастуру супоришҳои дар Паём ироа намудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахусус  ҳадафи чоруми миллӣ –саноатикунонии мамлакат  дар амал татбиқ гардида, сатҳи рӯзгору зиндагии ҳамдиёронамон  беҳтар шуда, ба кишварамон  фатҳи зинаҳои баландтари рушду тараққӣ муяссар гардад.

Ҳамдулло Нуриддинзода, сокини ҷамоати  ба номи Х.Холматов

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз