Main menu

Озмуни «Чакомаи гесӯ»

        Имрӯзҳо дар саросари мамлакат дар доираи барномаҳо бахшида ба солҳои 2019-2021 –«Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ  гузаронида мешавад. Дар ноҳияи Шаҳритуз низ тибқи нақшаи тасдиқ намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чунин чорабиниҳо  дар сатҳи зарурӣ баргузор мегарданд.

IMG_1279_0.JPGIMG_1293.JPGIMG_1283.JPG

        Ба наздикӣ бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо  ибтикори бахши фарҳанги ноҳия, инчунин ширкати  ҳунармандони халқии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  дар Қасри фарҳанги ноҳия  озмуни умуминоҳиявии «Чакомаи гесӯ» доир гардид. Дар чорабинии мазкур иштирокчиёни он аз рӯйи намудҳои  кӯдакон, чакан, попурӣ, атлас, мӯйбофӣ, ӯсмакашӣ, бадеҳа, рақси гуруҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, саршӯён, сартарошон ҳунари хешро манзур намуданд.

        Ширкаткунандагон дар баробари  пешниҳоди маҳсули дастони худ аз он ҷумла қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, тоқидӯзӣ ва ғайра дар иҷрои намудҳои дигари озмун низ  ҳунари волою қобилияти баланди  хешро  нишон доданд.

       Дар охир муовини раиси ноҳия М.Раҷабзода  ба намоиш ва ҳунарнамоии иштирокчиёни озмуни «Чакомаи гесӯ»  баҳои баланд дода, беҳтаринҳоро бо туҳфаҳои арзанда сазовор гардонид.

“Субҳи Шаҳритуз”

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз