Main menu

Семинар -машварати китобдорон

         Рӯзи 5 феврал дар толори китобхонаи марказӣ  бо иштироки мудирони  11 китобхонаҳои деҳотӣ ва  ҳамаи кормандони китобхонаи марказӣ ва бачагонаи ноҳия  семинар-машварат доир гардид.

           IMG_1255.JPGДиректори китобхонаи марказии ноҳия Олия Қодирова  зимни баромадаш  оиди кор ва фаъолият дар китобхона ва ҷобаҷогузории китобҳо дар рафҳои китобмонӣ ва роҳҳои бештару беҳтар ҷалб намудани таваҷҷуҳи хонандагон  ба китобхонаю китобхонӣ ибрози назар намуд.

        Дар суханронии мудири бахши фарҳанги ноҳия У.Ғафоров қайд гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатиашон  солҳои  2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудааст. Аз ин лиҳоз масъулони китобхонаҳо вазифадоранд, дар ҳамаи китобхонаҳои  шаҳраку деҳот оиди ёдгориҳои таърихӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гӯшаҳои махсус  ташкил намуда, вобаста ба пешниҳоди болозикри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби ҳунармандони маҳаллӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ доир намоянд.

     IMG_1265.JPG Дар навбати худ китобдорон низ оиди камбудию норасоиҳои соҳа сухан ронда, барои  дар сатҳи  замони муосир роҳандозӣ намудани фаъолияти минбаъдаи китобхонаҳо пешниҳоди мушаххас ироа карданд.

        Дар кори семинар-машварат муовини раиси ноҳия М.Раҷабзода иштрирок дошт ва дар рафти суханрониаш  таваҷҷуҳи ҳозиринро ба дастуру супоришҳои  Пешвои миллат, ки дар Паёмашон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карда буд, ҷалб намуда, аз китобдорон ва масъулони китобхонаҳо тақозо кард, ки ҳамкориро бо аҳли ҷомеа бахусус  сокинони деҳот мустаҳкам намуда, корҳои тарғиботиро дар байни аҳолӣ ҷоннок  ба роҳ монда, барои ҳарчи бештар ба китоб ва китобхонӣ рӯ овардани шаҳрвандон чораю тадбирҳои мушаххас андешанд.

Б.Матин.П.Хурсанд

Миёна: 5 (2 votes)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз