Main menu

Аксияҳои «Тозагии соҳил-2019» ва «Тозагии маҳал -2019»

     Амри раиси ноҳия таҳти №34 аз 6 феврали соли 2019 «Дар бораи гузаронидани аксияҳои «Тозагии соҳил-2019» ва «Тозагии маҳал -2019» бахшида ба ҷашнҳои «Наврӯз-2019», 28-солагии Истиқлолияти давлвтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар ноҳияи Шаҳритуз» ба тасвиб расид. Мақсад аз ба имзо расидани Амри мазкур ободу зебо ва тоза нигоҳ доштани ҳудуди маҳалҳо, соҳили дарёи Кофарниҳон ва каналу ҷӯйборҳо  аз партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ ва корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист маънидод гардидааст.

        Дар Амри раиси ноҳия аз ҷумла чунин омадааст:

     - Дар ҳудуди ноҳия аз моҳи феврал то моҳи ноябри соли 2019 ҳар моҳ як маротиба рӯзҳои шанбе барои тоза намудани ҳудуди маҳалҳо, соҳили дарёи Кофарниҳон ва каналу ҷӯйборҳои дохили ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия   аз партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ ва сатҳи маишӣ аксияи «Тозагии соҳил-2019» ва «Тозагии маҳал -2019» гузаронида шавад.

    - Роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вазифадор карда шаванд, ки барои ташкил намудани корҳои ободонӣ, созандагӣ, таъмиру тармими биноҳои маъмурӣ, шинондани ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулу гулбутаҳо дар гирду атрофи биноҳои маъмурӣ ва дар ҳудуди ҳар як маҳалла, деҳа, чораҳои қатъӣ андешида шавад.

       - Сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Субҳи Шаҳритуз» вазифадор карда шавад, оиди корҳои ободоние, ки дар марказ ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба анҷом расонида мешавад, мунтазам ахбороу мақолаҳои таҳлилӣ ба чоп расонида шавад.

       - Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, бахши муҳити зисти ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вазифадор карда шаванд, ки иҷроиши Амри мазкурро таъмин намуда, ба мқомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳар моҳ ахборот пешниҳод намоянд.

       Дар Нақша-чорабиниҳои вобаста ба Амри болозикр бо имзои раиси ноҳия тасдиқ гардида номгӯйи чорабиниҳо ва маҳали гузаронидани аксияҳо, шахсони масъул, иштироккунандагони аксияҳо ва муҳлати иҷрои онҳо  қайд гардидаву нусхаи ҳуҷҷати мазкур ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  дастрас шудааст. Татбиқи амалии он бешубҳа ба «ободу зебо ва тоза нигоҳ доштани ҳудуди маҳалҳо, соҳили дарёи Кофарниҳон ва каналу ҷӯйборҳо  аз партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ ва корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист»-и ноҳия мусоидат хоҳад кард.

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз