Main menu

Шаҳритуз: Баррасӣ, таҳлил ва натиҷагирӣ

        Рӯзи 10-уми феврали соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритуз  раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нуриддин Саид бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳибкорон, директорони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони ноҳия ҷаласаи корӣ доир намуданд.

        Ҷамъомадро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар ҷаласаи мазкур ду масъала: Ҳолати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ироа намудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ва Рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

      Ҳозирин нахуст ҳисоботи раиси ноҳия Оймаҳмадзода Рамазон Алихонро  шуниданд. Ӯ дар баромадаш ба таври фишурда доир ба бурду бохти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия сухан гуфт. 

     Сипас раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  аз масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  пурсиш намуда, таваҷҷуҳи онҳоро ба камбудиҳои зиёди дар аксар соҳаҳо ҷой дошта ҷалб карда, барои ҳаллу фасл ва бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда  дастуру супоришҳои мушаххас ироа намуд.

     IMG_1631.JPGОиди масъалаи дуюми ҷаласа «Рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз»     вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нуриддин Саид   бо ҳисоботи муфассал    баромад кард. Ӯ ба ҳайси намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Шаҳритуз  вобаста ба омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки  гуруҳи корӣ дар ҳайати 6 нафар таҳти роҳбарии  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 маротиба ба ноҳияи Шаҳритуз  бо сафари корӣ ташриф оварда,  дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  бо мардум суҳбату вохӯриҳо гузаронида, ҳамзамон бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ дар маҳалҳо аз наздик шинос шуданд. Дар ин муддат бо қувваи аҳолӣ ва соҳибкорони маҳалӣ  ва дастгирии ташкилотҳои сохтмонии ноҳия  дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иҷрои сохтану ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ аз 18 то 26 фоизӣ таъмин гардидааст.

       Ҳамзамон Нуриддин Саид  таъкид дошт, ки рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ ва дар маҷмуъ ба истифода додани  360 адад иншоотҳои  таъиноти гуногун дар ноҳия суст ҷараён дошта, масъулинро  мебояд ба корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати тоза бахшанду барои сазовор пешвоз  гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораю тадбирҳои муассир андешанд.

     IMG_1700.JPGДар ҷамъомади мазкур омӯзгори МТМУ-и №1 Ҳанифа Юсупова ба сухан баромада, раиси тозатаъини вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро бо ташриф ва оғози фаъолияти кориаш ба ҳайси калонтарин вилояти ҷумҳурӣ аз номи сокинони ноҳия самимона табрику шодбош гуфта, барояш барору комёбиҳо орзу намуд.

     Дар охир раиси ноҳияи Шаҳритуз Р.Оймаҳмадзода ба меҳмонон ваъда дод, ки роҳбарон  ва мардуми шарифи ноҳияи Шаҳритуз  баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои  ироа гардида  аз тамоми имконияту нерӯи мавҷуда истифода бурда, ҷашни бузурги миллиро бо дастовезҳои арзандаи меҳнатӣ  истиқбол мегиранд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз