- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Гиромидошти сарбозони башардӯст
Душ, 02/18/2019 - 18:09
Рӯзи 15 феврали соли ҷорӣ бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди Анҷоми амалиётҳои ҷангӣ дар Афғонистон дар ноҳия чорабинии бошукуҳ доир гардид. Субҳи ҳамон рӯз собиқадорони интернатсионалисти ноҳия дар майдони Исмоили Сомонӣ ҷамъ омада, дар якҷоягӣ бо масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷониби Литсейи касбии техники ноҳия роҳ пеш гирифтанд. Онҳо дар ин муассиса дар назди Лавҳаи ёдгории интернатсионалисти шаҳид- дастпарвари омӯзишгоҳи мазкур Шамсулло Одинаев гулчанбари тару тоза гузошта, хотираи ӯ ва собиқ ҳамсангарони собиқашонро ки ҳангоми адои хизмат дар амалиётҳои ҷангӣ дар Давлати исломии Афғонистонқаҳрамонона ҳалок шудаанд, пос доштанд.
Сипас эшон дар даст шиору навиштаҷоти идона ҷониби Маркази хизматрасонии «Ориён» раҳсипор шуданд. Дар толори ошхонаи «Бобои Расул»-и маркази ноҳия бахшида ба Рӯзи собиқадорони интернатсионалист дар ноҳия чорабинии ботантана доир гардид. Раиси ноҳия Рамазон.Оймаҳмадзода собиқ интернатсионалистони ноҳияро бо таҷлили Рӯзи собиқадорони интернатсионалист самимона табрику шодбош гуфта, аз корнамоию диловарии онҳо ҳангоми адои хизматашон дар марзи Давлати исломии Афғонистон бо эҳтиром ёдовар шуда, ҳамзамон аз сарбозони собиқи башардӯсти ноҳия даъват ба амал овард, ки дар ҳамгироӣ бо қишрҳои дигари ҷомеа дар тарбияву ба роҳи рост ҳидояту роҳнамоӣ кардани ҷавонону наврасон таҷрибаю дониши худро дареғ надоранд. Раиси собиқадорони интернатсионалисти ноҳия Сулаймон Чориев низ баромад карда, аз номи иштирокчиёни чорабинӣ ба раиси ноҳия ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои қадршиносию дастгириашон нисбати собиқадорони интернатсиолналист изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Қобили қайд аст, ки дар арафаи ҷашни Рӯзи собиқадорони интернатсионалист аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии ноҳияи Шаҳритуз ба оилаҳои собиқадорони интернатсионалисти маъюбу эҳтиёҷманди ноҳия кӯмаки моддӣ (орду равғану шакар) расонида шуд.
Дар анҷом ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертӣ табъу хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардониданд.
"Субҳи Шаҳритуз"