- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Шиносоӣ бо омодагии техника ба кишти баҳорӣ
Душ, 02/18/2019 - 19:00
15 феврали соли ҷорӣ гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тибқи қарори раиси вилояти Хатлон «Дар бораи таъмир ва тайёрии техникаҳо ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ дар вилояти Хатлон дар соли 2019» таҳти роҳбарии сардори шуъбаи Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии вилоти Хатлон Аюб Баҳодуров ба ноҳия ташриф оварда, дар якҷоягӣ бо раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода, муовини аввали раиси ноҳия Д.Нишонзода ва дигар шахсони масъули ноҳия бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, тайёрии техника ва омодагии кишоварзон ба мавсими кишту кори баҳорӣ дар хоҷагиҳои ҳамаи 5 ҷамоати деҳоти ноҳия аз наздик шинос шуданд. Аз шиносоӣ бо техникаи дар хати тайёр гузоштаи хоҷагиҳо маълум гардид, ки аз 591техникаи хоҷагии қишлоқи дар ноҳия мавҷуд буда, аксари онҳо дар ҳолати омодагӣ ба кор қарор дорад. Аз он ҷумла 195 адад трактори байниқаторӣ, 370 адад нақлиётӣ, 50 адад тухмипошак ба кишту кори баҳорӣ омода мебошад. Зимни суҳбат бо «Субҳи Шаҳритуз» муҳандис-назоратчии БНДТК-и ноҳияи Шаҳритуз З.Мирзомуродов иброз дошт, ки кишоварзони ноҳия мақсад доранд, дар соли ҷорӣ бо истифодаи техникаи мавҷуда дар майдони 5250 га кишти пунбадонаро дар муҳлати муқаррар гардида бо сифати баланд анҷом диҳанд
Ҳангоми натиҷагирӣ меҳмонон дар баробари қайди муваффақиятҳо камбудию норасоиҳоро ҳам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳои ҷой дошта дастуру маслиҳатҳои мушаххас ироа карданд.
«Субҳи Шаҳритуз»