Main menu

Нишасти матбуотӣ

        IMG_1950.JPG  

Рӯзи 16 –уми феврал дар толори маҷлисгоҳи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз  нишасти матбуотии кормандони Васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ бо раиси ноҳия  Р.Оймаҳмадзода  баргузор гардид.

          Нахуст раиси ноҳия ташрифи рӯзноманигоронро ба ноҳияи бостонии Шаҳритуз хайра мақдам гуфт. Азбаски рӯзноманигорон дар оғози нишаст  бо  Ҳисоботи хаттии  “Оиди натиҷаҳои рушди   иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Шаҳритуз  дар  соли 2018 ва вазифаҳо дар  соли 2019”  таъмин гардиданд,чорабинии мазкур аз ибтидо то анҷом бо саволу ҷавоб сипарӣ шуд.

      Дар рафти нишасти матбуотӣ  аз ҷониби рӯзноманигорон –намояндагони рӯзномаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва шабакаҳои телевизионию радиоии мамлакат оиди масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва проблемаю камбудиҳоии дар соҳаҳои мазкур ҷойдошта, инчунин рафти омодагии ноҳия  ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саволу дархостҳо пешниҳод карда шуд. Раиси ноҳия ба саволҳо посухҳои мушаххас ироа карданд.

IMG_1943_0.JPGIMG_1954_0.JPG

      Дар интиҳо  сармутахассиси шуъбаи иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  нишасти матбуотиро ҳусни анҷом бахшида, ба роҳбарияти ноҳия барои ташкилу дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани чорабинии мазкур изҳори сипос намуда, ба ҳамагон барору комёбиҳо орзу кард.

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз