- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Ғолибонро маҳкум намекунанд (Ҷавоб ба ҳалқаҳои ифротӣ вобаста ба бозгашти бовиқори Гадоев Шарофиддин)
Ҷум, 02/22/2019 - 10:45
Ба ҷасорат ва ҷуръати шахсии Шарофиддин Гадоев, ки шарофатмандона ба Ватан баргаштааст, таъзим бояд кард, тан бояд дод.
Маълум аст, ки доираҳои наҳзатӣ ва журналистони вафодори каҷравиҳои ин ҳаракати хуношом аз шармандагиву беҳаёӣ, бозори ҳарзаву беҳудагӯйӣ сар дода, ҳар росту дурӯғро бар пойи ин ҷавони бовиқори Меҳан мерезанд.
Наҳзатиҳое, ки дар гудоли таърих барои абад ғута задаанду хати сурхи муборизаро шикаста, наворҳои кӯҳнаро ба таври сунъӣ дуруст карда, тавассути журналистони бевиҷдон пешкаши хонанда мекунанд, ки гӯё касе ӯро хилофи иродааш ба Тоҷикистон овардааст. Ин доираҳои меҳанфурӯш ҳоло ҳар чиз мебофанду ҳарос аз он доранд, ки Шарофиддин онҳо мефурӯшад ва нақшаҳои зиддимиллии онҳоро рӯйи об мекунад.
Шарофиддин сидқан ва ихлосан аз кардааш пушаймон аст ва дар назди миллат узрхоҳӣ кардааст, зеро дар давоми солиёни дароз зери таъсири мағзшӯйии ин ҳизби мутаассиб қарор дошт. Ӯ хоин нест, балки шумо наҳзатиҳо хоин ҳастед, ки ҷавононро гумроҳ мекунед ва бо як айёрии муллогӣ гуноҳи худро боз рӯпуш мекунед, ки ҳайфатон бод.
Бозгашти Шарофиддин як далели бебаҳс аст. Офтобро бо доман пӯшида намешавад. Ӯ на танҳо ба сомонаи «Спутник», РИА «Новости», мусоҳиба дод ва иқрор шуд, ки довталабона ва бо ихтиёри худ ба Ватан баргаштааст, балки ба чавонони сиёсатзади муҳчоир дар Ғарб дарвозаи умедро боз кард. Хосатан, суҳбати ошкорои Шарофиддин бо модараш ва хоҳараш дар сомонаи «Спутник», ҳама бофтаву тофтаҳои наҳзатиҳои аслбохтаро дар бораи бозгашташ барбод дод.
Гадоев ба Ватани худ баргаштааст, ҳамин ҳоло ки ин мақола таҳия мешавад, ӯ дар ноҳияи Фархор қарор дораду ба зиёрати хешутабор ва аъзои оилааш рафтааст. Сари қабри ҳазрати қиблагоҳаш дуову фотиҳа мехонаду садҳо лаънат ба нишонии наҳзатиҳо мефиристад, ки ӯро гумроҳ карда, водор кардаанд, ки 7 соли дароз бар зидди миллату давлат беҳуда қад алам карда буд. Ва табиист, ки ин гуноҳашро мехоҳад ислоҳ менамояд.
Чизе ки баъд аз гуфтаҳои Шарофиддин нашр мешавад, фиреби назар ва дурӯғи маҳз мебошад, зеро бо роҳандозӣ кардани кампанияи зидди Шарофиддин, наҳзатиҳо сиёсати тафриқаандозона ва душманонаи худро рӯпуш карданӣ ҳастанд.
Шарофиддин аз ин ба баъд дар чабҳаи дигар қарор дорад, дар чабҳаи созандагӣ, дар ҷабҳаи миллатсозӣ, ӯ дигар сар медиҳаду сангар не.Роҳи ӯ аз меҳанфурӯшони наҳзатӣ барои абад ҷудост.
Гадоев ба сарзамини худ, пеши модари худ ва хешутабори худ баргаштааст, мисле ки Сатторов Айёмиддин, Саид Иброҳими Назар, Баротов Раҳматулло ва даҳҳо нафари дигар бо изҳори пушаймонӣ аз роҳи интихобкардаашон дар назди наҳзат ба Ватан баргаштанд. Пас аз ин, албатта Кабирӣ рӯз то рӯз заиф гардида, шикаст хоҳад хӯрд. Чун хори марғелон танҳо хоҳад монд.
Машав ёвари марди паймоншикан,
Ки паймоншикан кас наярзад кафан.
Фирдавсӣ
Салим Мусавиров, сокини н.Фархор, омӯзгор