- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Ба хизмати ҳарбӣ бо дуои нек
Сеш, 04/02/2019 - 14:45
1 апрел дар майдони Исмоили Сомонии маркази ноҳия бахшида ба сафарбаркунии тирамоҳии навдаъватон ба хизмати ҳарбӣ ҷамъомади ботантана доир гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарони ноҳия, масъулони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, волидон ва ҷавонони синну солашон ба хизмат расида, ки аксарашон ихтиёриён буданд, ширкат варзиданд.
Дар ҷамъомад раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода баромад карда, таъкид намуд, ки ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолият ва марзу буми кишвар қарзи шаҳрвандию фарзандии ҳар як соҳибватан мебошад. Ӯ бо камоли боварӣ иброз дошт, ки ҷавонони ноҳияи Шаҳритуз бо сари баланд хизмати модар –Ватанро ба ҷо оварда, бо хизмати аъло ба халқу Ватан содиқ будани худро дар амал собит менамоянд. Ҳамзамон раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Н.Ғуломҳайдаров ва сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳия Ҳ.Муродов, ба ҷавонон-сарбозони оянда дуои нек дода, ба онҳо дар адои хизмати сарбозӣ сарбаландию сарафрозӣ ва комёбию муваффақиятҳои беназир орзу намуданд. Сокини деҳаи «Суғдиён»-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов Нурмат Эшмирзоев зимни баромадаш боифтихор иброз дошт, ки ду писараш ихтиёран ба хизмати Модар –Ватан мераванд ва афзуд, ки онҳо дар баробари ҳифзи марзу буми кишвар аз ҷиҳати ҷисмонию маънавӣ низ обутоб ёфта, ба қадари падуру модар, Ватан ва неъматҳои Истиқлол бештар расида, аз ҳама гӯшаҳои кишвар дӯстони нав пайдо менамоянд.
Сипас маросими «Кулчагазон» бо иштироки навдаъватон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар анҷом ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия бо таронаю сурудҳои дилнишин хотири наваскардаъватону волидони онҳоро болида гардониданд.