Main menu

Натиҷаҳои семоҳаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия

        Дар санаи 13 апрели  соли ҷорӣ дар толори Қасри фарҳанги  ноҳия бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомомоти ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ,  раисони маҳаллаҳо, имомони масҷидҳо, соҳибкорон, роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии қаламрави ноҳия ҷаласа «Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шаҳритуз дар 3- моҳаи аввали соли 2019 ва вазифаҳо дар семоҳаи дуюми соли 2018» баргузор гардид.

         Пас аз ифтитоҳи ҷаласа аз ҷониби раиси ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон  муовини аввали раиси ноҳия Д.Нишонзода, дар назди ҳозирон бо ҳисобот баромад кард. Инчунин  раиси  ноҳия тариқи пурсиш  аз муовини раиси ноҳия М.Раҷабзода   бо муҳтавои Ҳисоботи соҳаи иҷтимоии ноҳия ошно гардид.

       Дар фароварди ҳисоботи ироа намудаи муовини аввали раиси ноҳия  ва ошноӣ бо муҳтавои  ҳисоботи муовини раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода  аз намояндаи Нозироти андози ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия,  иддае аз роҳбарони муассисаю ташкилотҳои ноҳия  доир ба самтҳои гуногуни фаъолияташон дар семоҳаи аввали соли 2019 пурсиш намуд.

      IMG_5295.JPGИнчунин  дар рафти  ҷаласа раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода аз ҷой доштани камбудиҳо  дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, сохтмону иҷтимоиёт, хоҷагиҳои деҳқонӣ, фаъолияти бонкҳо, корҳои ободонию бунёдкорӣ, фаъолияти масъулони   ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ғайра, ки  монеи рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни ноҳия гардидаанд, изҳори нигаронӣ намуд. Дар  ҷаласаи мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии   вилояти Хатлон А.Иброҳимиён, намояндаи Вазорати маориф ва илми   Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Ёрмуҳаммадзода  иштирок ва суханронӣ намуда, дар баробари зикри муваффақиятҳо  аз ҷой доштани камбудию норасоиҳо дар кору фаъолияти иддае аз роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо  ёдовар шуда,  барои   рафъу бартарафсозии  онҳо  тавсияву дастурҳои мушаххас  ироа карданд.

       IMG_5309.JPG Сипас муовини раиси нохия М.Раҷабзода Амри раиси ноҳияро дар бобати қадршиносии  ғолибои Озмуни  ноҳиявии «Сайри гули лола» ва соҳибкорони муваффақи ноҳия қироат кард. Раиси ноҳия ба соҳибкорони баномусу  ватандӯсти ноҳия Фарҳод Сатторов (аз ҷамоати деҳоти Обшорон) Хайрулло Асроров , Холназар Достиев(аз ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз), ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохтану ба истифода додани иншоотҳои  таъиноти гуногун  саҳми арзанда гузоштаанд, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии раиси ноҳияи Шаҳритузро  дар вазъияти ботантана супорид..

        Ҳамин тавр Диловар Содиқзода, директори  КДФ «Бақайдирии молу мулки ғайри манқул» дар ноҳия, Маҳмадшариф Қурбонов, сардори  бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, Шариф Нозимов, масъули Тоҷикфилм дар ноҳия  барои ба даст овардани ғолибият дар озмуни ноҳиявии     «Сайри гули лола»    бо  Ифтихорнома ва туҳфаҳои раиси ноҳияи Шаҳритуз    сарафроз гардонида шуданд.                                   

        Дар охир бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои ироагардида қарори дахдор қабул карда шуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз