- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
БАҲCИ АЛИФБОИ ТОҶИКӢ
Чор, 04/17/2019 - 17:06
Вақтҳои охир баъзеҳо дар бораи забони тоҷикӣ ва алифбои он фикрҳое баён мекунанд, ки ба манфиати миллати тоҷик нест. Муаллифи ин китоб дар бораи ҳамин масъала андеша меронад.
Мо, халқҳои форсизабон, дигар дар сарзамини қадимаамон якҷоя зиндагӣ карда наметавонем. На Ҷумҳурии Исломии Эрон, на Давлати Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ин имконро ба мо намедиҳанд. Ҳама истиқлоли худро мехоҳанд ва эҳтиром мекунанд. Ҳукумати имрӯза ва фардоинаи Тоҷикистон ҳам намехоҳад ҷузъи давлати дигаре, дастнигари ҳокимияти дигаре бошад. Ва ин табиист. Зеро мо ҳама- эрониҳо, афғонистониҳо ва тоҷикистониҳо миллатем ва миллатвор зиндагӣ бояд кунем.
Пас, мо зиёиёни Тоҷикистон ғами ояндаи фарҳанги худро бояд хӯрем, фарҳангеро, ки асоси пойдевораш маданияти умумииронӣ мебошад, моҳияти онро маданияти тоҷикӣ ташкил медиҳад. Мутаассифона, тамоилҳо ва талошҳои имрӯзаи ҳам дар чаправию ҳам дар ростгароӣ ба манфиати миллати мустақил нест. Нашавад, ки пас аз об аз сар гузаштан, ба худ оем. Мо дар ҳама чиз, аз ҷумла дар масъалаи расми хат низ инро бояд дар назар дошта бошем.
Бояд зикр кард, ки ман тахти мафҳуми маданияти умумииронӣ ҳолатеро мефаҳмам, ки ба сарзамини имрӯзаи Эрон ё Афғонистон ё Осиёи Миёнаи тоҷикӣ ба алоҳидагӣ ва танҳо хос нест, балки ҳамаи онҳоро дарбар мегирад ва оғози ин маданият ҳадди ақал асри XXV пеш аз милод аст. Ҳолатҳое шудааст, замонҳое будааст, ки дар инкишофи ин фарҳанг гузаштагони мардуми Осиёи Миёна пешрав будаанд, замонҳое гузаштагони Афғонистониҳо ва замонҳое гузаштагони Эрониҳо. Пас, ин ифтихори умумии мост.
Масъалае, ки мо баҳс мекунем, хусусияти иҷтимоӣ, хусусияти умумифарҳангӣ дорад. Ҷиҳати илмии онро мутахассисон таҳқиқ кардаанд ва ҳар кадоми мо аз он таҳқиқот истифода мебарем. Ҳар фикри шахсие, ки ба ҳақиқати илмӣ наздиктар бошад, манфиати миллатро беҳтар ифода намояд, пайгирӣ кардани он беҳтар аст. Ҳатто барои фаҳми он ки бояд чигуна расмихат дошта бошем, бояд худамонро шиносем. Мо кистем ва аз куҷоем.
Қавми тоҷик, аз рӯи фаҳмиши ман, ба таври азалӣ ва якпорча дар Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон иқомат мекунад. Дар Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тоҷиконро ба номи тоҷик ном мебаранд. Дар Эрони имрӯза бошад, аз рӯи маълумоти расмӣ қавме ба номи тоҷик мавҷуд нест. Инро аз се сабаб якеаш буданаш мумкин аст.
Дар хоки Эрони имрӯза:
- ҳеҷ вақт қавме ба номи тоҷик зиндагӣ накардааст;
- замоне дар ин кишвар қавме ба номи тоҷик буду ба сабабҳои маълуму номаълум аз миён рафт;
- имрӯз ҳам дар ин сарзамин қавми тоҷик мавҷуд асту бо чи сабабе дар эҳсоияи расмӣ зикр намешавад.
Ҳар кадом ҷавоб бо ин андешаҳо, ҳоҳ мусбат бошад, хоҳ манфӣ баҳси худро дорад. Барои ба дарозиҳо накашидани сухан инро ба фаҳмишу иродати ҳар кадом хонанда ҳавола мекунам.
Назари ман ин ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам қавми тоҷик зиндагӣ мекунад. Инро ба чунин мисолҳо исбот кардан мумкин аст.
Хуросон, яъне минтақаҳои шимолу шарқии Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар дохили давлати Сомониён ҳам буданд ва на танҳо дар он давр, балки пеш ва баъди он ҳам рафтуомад ва одобу муоширати ҳамсон бо ҳамсояҳои шарқии худ доштанд.
Шероз ҳамеша мулки тоҷикон будааст ва Саъдии Шерозӣ борҳо дар ғазалиёташ ин маъниро ифода кардааст. Роҷеъ ба Шероз воқеае ба ёдам меояд. Соли 1997 ҳайати Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси Олӣ Сафаралӣ Раҷабов ба Эрон сафар кард ва раиси остони Шероз ҳангоми пазироӣ гуфт «Аксарияти мардуми Шероз гузаштагони худро тоҷик меҳисобанд».
Дар Эрони имрӯза насабҳое ҳастанд, ки ба қавми мардуми мо ишора мекунанд. Масалан Аҳмади Тоҷик, Робияи Тоҷикдухт ва ғайра.
Вақте ин мақолаамро аввалин бор дар маҳфили «Диалог» 29 марти соли 2008 ироа кардам, Қаҳрамон Сулаймонӣ роҳбари ройзании фарҳангии ҶИЭ дар Тоҷикистон, ки як марди ориф аст, гуфт: «Дар Ирон ҳама тоҷиканд. Аслан лафзи «иронӣ» маънои «тоҷик»-ро дорад».
Ва ниҳоят, дар маълумотнома дар бораи Эрон, ки соли 1975 дар Маскав чоп шудааст, муаллифи бахши «Аҳолӣ» З.З. Трубеской навиштааст: «Тоҷикон- аҳолии қадимтарини заминдор, ки дар омехтагӣ бо форсҳо ва афшорҳо дар минтақаи байни Сабзавор ва Нишопур зиндагӣ мекунанд. Ҳамагӣ дар Эрон дар ҳудуди 30 ҳазор нафар тоҷик ба қайд гирифта шудааст. Гурӯҳҳои алоҳидаи онҳо дар Гургон низ истиқомат мекунанд»1.
Пас дар ҶИЭ ҳам тоҷик ҳаст, аммо маълумотҳои эҳсоияи расмии Эрон дар ин хусус хомӯшанд.
Дар Тоҷикистон мо сокинони ғайритоҷики кишварро низ на ба сифати қавм, балки ба сифати миллат ном мебарем, яъне ӯзбек, рус ва ғайра. Ин маҳсули миллатшиносии замони шӯравӣ аст, хуб аст ё бад, баҳси дигарест. Аммо дар Афғонистон миллат афғон ва қавм тоҷику пашту ва ғайраҳо, дар Эрон миллат эронӣ ё форс аст ва тавре гуфтам тоҷик дар шумори қавм ҳам нест. Дар эҳсоияи расмии Эрон қавми арманӣ ҳаст, туркман ҳаст, балуҷ ҳаст, калимӣ( яъне яҳудӣ) ҳаст, тоҷик нест.
Ба маврид аст, сари масъалае равшанӣ андозем. Дар замони Шӯравӣ мо тамоми аҳолии кишварро халқ ва мардумро дар иртибот ба забонашон миллат мегуфтем. Имрӯз миллат маънои аврупоӣ пайдо карда, ба мафҳуми собиқи давлат меояд. Яъне агар дар гузашта Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида мегуфтем, ҳоло Созмони Миллали Муттаҳид мегӯем, Бонки миллиро пештар Бонки давлатӣ мегуфтем. Имрӯз дар кишвар азбаски қонуни махсусе нест, миллат ҳам ба маънои давлат ва ҳамаи сокинони Тоҷикистон истифода мешавад ва ҳам ба маънои аҳли забоне. Дар Афғонистону Эрон миллат ба маънои аҳли забон бо мафҳумҳои миллият ва қавм истифода шудааст. Дар ин кор мо миллат ва қавм ва халқро ҳаммаъно кор фармудем, то ба хонандагони одаткарда осонтар шавад.
Баъзан дар матбуот сару садоҳое баланд мешаванд, ки мо ҳам аз баҳри калимаи тоҷик гузарем. Оё зарурате пеш омадааст, ки аз рӯи олам ин калимаро пок кунем ва худро ба калимаи дигари мувофиқтар оро диҳем?!
Ман медонам, ки ба назари баъзеҳо решаи тоҷик дар араб аст, ба назари дигарҳо дар чин, дар ҳар ду ҳолат ҳам гуфтан мехоҳанд, ки мо дар Осиёи Миёна бумӣ ва азалӣ нестем, балки омадаем, ба ин кишвар бегонаем. Он ҳаммилатоне, ки муқобили калимаи «тоҷик» ва муддаои «форс» ва «эронӣ» будани мо ҳастанд, дастёрони ҳамин одамонанд, ки моро бегона меҳисобанд. Имрӯз алакай дар баъзе ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, пеш аз ҳама дар Ӯзбекистон адабиёти классикиро аз адабиёти имрӯзаи мо ҷудо карда онро форсӣ ва инро тоҷикӣ мегӯянд. Яъне «забони бегонаҳо дар Самарқанду Бухорои мо ҳукмронӣ карда, забонашонро ба мардуми мо бор карданд», мегӯянд, «қисми халқи моро – туркҳои чиғатоиро зӯран форс карданд», мегӯянд. Аммо ман тарафдори он назар ҳастам, ки тоҷик аз ҷое ба ин кишвар наомадааст, балки аввалин халқи ҳамин сарзамин аст ва халқи «тоҷик» номгирифта, ба ҷузъ халқҳои азалнишини Осиёи Миёна ва забони тоҷикӣ ба ҳар номе, ки ёд шавад, ба ҷузъ забони ин халқ- суғдҳо ва бохтариҳо забони дигаре нест.
Даҳ сол пеш дар матбуоти тоҷик «Порсиро пос дорем» ном мақолаи зиддитоҷикие чоп шуд, ки муаллифаш талаб мекард, ки аз баҳри калимаи «тоҷик» гузарему калимаи дигарро қабул кунем, аз вожаи «тоҷик» ӯ ҳазар дошт. Падару модари ин муаллиф тоҷик буданд. Устоди бузурги забони тоҷикӣ, донандаи азими «Шоҳнома» ва дигар осори адабиёти классикии тоҷику форс Сайиди Ҳалимиён дар ҳамон вақт навишта буданд: «Одамоне пайдо шуда истодаанд, ки номи халқи тоҷикро ва номи забони моро инкор мекунанд. Агар ин корро намояндагони дигар халқҳо мегуфтанду менавиштанд, ҷои тааҷуб набуд, зеро дар ҳар ҷо дӯстон ҳастанду якто-нимто душманону бадхоҳони миллати мо.
Аммо дар бораи муаллифи мақолаи «Порсиро пос дорем» чи метавон гуфт? Агар ӯ эронӣ бошаду ба ҳимояи забони мардумаш бархостан мехоҳад, ӯро метавон табрик гуфт. Вале аз рӯи шунидам муаллифи мақолаи «Порсиро пос дорем» иронӣ (форс) набудааст ва мазмуни мақолаи ин ҷаноб бо инкори халқи тоҷик, асолат надоштани номи он, инкори забони адабии тоҷик ва таҳқири он, ба пашизе наарзидани ин қадар осори аҳли илму адаби тоҷик, бешармона тӯҳмат задан бар ин ки забони мардуми мо, калимаҳои асили порсиро аз даст додаст, даҳшатноктар аз ҳама зидди номи забони тоҷикӣ баромадани ӯст. Бадтар аз ҳама Ирондӯст тоҷики тоҷикқимоб аст.
Беҳуда нагуфтаанд, коре дӯсти худ кунад, душмани кас намекунад ё ин ки Ҳофиз гуфтааст:
Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,
Ки он чи кард бо ман ошно кард»1.
Дар идомаи ин мақола устод меафзоянд, ки баъди навишта ва чоп шудани «Намунаи адабиёти тоҷик» ва яксилсилаи мақолаҳои устод С. Айнӣ оид ба миллати тоҷик, «Тоҷикон» ва дигар асарҳои аллома Б. Ғафуров «дар бораи асолати номи тоҷикон ва забони тоҷикӣ ҳоҷати қалам ба даст гирифтан набуд, вале дида мешавад, ки мункирони халқу миллати тоҷик, инкоркунандагони забони тоҷикӣ, забони адабии тоҷик боз пайдо мешаванд.
Пантуркистон ҳам даъво мекарданд, ки дар Осиёи Миёна тоҷик ном халқе нест, балки онҳо ҳамон ӯзбеконанд, ки бо таъсири мадраса ва эрониён забони худро гум кардаанд. Онҳо зидди барпо шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.
Устод Айнӣ бо навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» бо фактҳои таърих пардаи он иғвогаронро дарронд ва даҳони онҳо мӯҳри хомӯшӣ зад»2.
Давоми хулосагиронаи устоди арҷманд ин аст:
«Эронигароӣ ва эронимаобӣ барои миллати мо кори хайр нест ва набояд ҷавонони поктинат ба ин доми хатарноки ноаён биафтанд ва фиреби ватандӯстони дурӯғинро бихӯранд, зеро ин домест, ки баъзе эронгароён ба он афтидаанд ва мехоҳанд дӯстони нодони худро ба он кашанд. Дар асл ин домест, ки душманони ному забони халқи тоҷик танидаанд ва онҳо шояд маъдуде чанд беш набошанд… Номи «тоҷик», мардуми тоҷик боаслу насаб аст ва асолати таърихии дуру дароз дорад. Вале баъзан тоҷикони беасолат, беаслу насаб пайдо мешаванд. Ин тоифа дар ҳар асру замон бо шаклу рангҳои гуногун: бо фикру андешаҳои авомфиребонаи дигарон пайдо мешаванд. Ҳамин вазъият дар солҳои бистум, дар вақти тақсимоти миллӣ рӯйдода буд. Фитрату Файзулло Хуҷаев ба халқи худ хиёнат намуда, моро турк карданӣ шуданд ва аз шаҳрҳои қадимтаринамон маҳрум шудем.
Агар пеши ин пастфитратӣ ва ноҷавонмардӣ гирифта нашавад, боз дурӯягон ва фурумоягони дигар пайрави ин фикри ботил мешавад ва ба мо, ба мардуми мо чи ёдгор мемонад? Тоҷик як бор фиреби ин тоифаро хӯрда, шаҳрҳои таърихиашро аз даст дода буд ва ин бор дар марҳалаи дигари таърихӣ гӯли тоифаи дигари онро бихӯрад, номашро, номи кишварашро, хуллас истиқлолашро, ки баъд аз ҳазор сол ба даст овардааст, аз даст медиҳад ва дар саҳифаҳои таърих гумном хоҳад шуд».1
Ман ҳамфикри ақидаи устод ҳастам. Он пантуркизмро имрӯз на танҳо дар миёни адибону олимони ҳамсояҳо, балки байни роҳбарони давлатҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ҳам мебинам ва даъвои форсигӯию расми хати бо ном «миллатпарастони» имрӯзаи мо, акси садои ҳамдилӣ бо онҳо менамояд. Онҳое, ки тоҷикро турк карда аз худ бегона карда натавонистанд, онҳое, ки тоҷикро форс ё иронӣ карда, ба Осиёи Миёна бегона карда натавонистанд, акнун ба муқобили расми хаташ қиём карда, халқи тоҷикро аз расмихати мустақил маҳрум ва дар заминаи расми хат, номи забон ва ниҳоят номи халқро ҳам дигар кардан мехоҳанд. Зеро нағз медонанд, ки аҳли илми забони ҷаҳони имрӯза ин расмихатро ҳар куҷо бинад забони форсӣ ва давлати Форс (то нимаҳои солҳои сиюми асри 20) ва ниҳоят Эрон ба ёдаш меояд. Мо бошем, тоҷику тоҷикистонием. Яъне мо аз назари онҳо ҳеҷ пайвастагие ба он фарҳанг надорем ба ҷӯз хат.
Тоҷик забони худро аввал дарӣ гуфт, зиёдтар аз он забони дарӣ дар қаламраве пайдо шуд, ки онро имрӯз қаламрави тоҷикнишин эълон мекунем, дар давлате пайдо шуд, ки онро аввалин давлати тоҷикии замони мусулмонӣ медонем. Тоҷик сипас забони худро форсӣ номид.
Дар солҳои чилуми асри XVIII дар натиҷаи сустшудани империяҳои марказонидашудаи муғулҳо ва меросхӯрони онҳо- туркҳои гуногунқавм Эрони бузург ё Хуросони бузург ба се ҳисса тақсим шуд- Эрон, Осиёи Миёна ва Афғонистон. Дар Афғонистон паштунҳои дурронӣ, дар Эрон ва Осиёи Миёна бошад, қабилаҳои гуногуни турк ҳукмрон шуданд ва ифтихори мо танҳо ба он монд, ки коргузорӣ туркӣ нашуд.
Дар инкишофи фарҳангии минбаъда забони форсии мо аз ҳисоби гӯишҳои маҳаллии маҳдудшуда ва гӯиши ҳокимони вақт махсусиятҳои худро пайдо кард. Бинобар ин гарчи забон дар Эрон ба номи форсӣ боқӣ монд, дар забонҳои минтақаҳои дигар сифатҳои ба мисли кобулӣ, Мавароуннаҳрӣ ё бухороӣ пайдо шуданд. Дар авали асри ХХ, вақте матбуоти тоҷикии Бухоро аз ҷумла соли 1912 рӯзномаи «Бухорои шариф» ба арсаи вуҷуд омад, яке аз пешниҳодҳо он буд, ки забони ин рӯзнома забони форсии бухороӣ- забони тоҷикӣ шавад. Дар ин бора Мирзоҷалол Юсуфзода дар №3 «Бухорои шариф» навишта буд:
«Ҳанӯз шумораи аввали «Бухорои шариф»-ро нашр накарда будем, ки баъзе аз оқоён ҳозир шуда, дар матбаа нигоҳ ба мақолаҳо карда ва фармуданд:
«Ин ҷо забони умумӣ забони тоҷикӣ аст, рӯзнома ҳам бо забони тоҷикӣ бошад беҳтар аст».
Муҳаррир дар шарҳи ин матлаб гуфтааст:
«Форс ҳам миллати махсус буда, дар атрофии олам порча-порча шуда ба соири ақвом махлут гардидаанд. Бо он ки ҳама як қавманд, мебинӣ, ки бухороӣ забони самарқандӣ, ҳарду забони хуросонӣ, ҳарсе забони кошонӣ, ҳар чаҳор забони барбарӣ…намедонанд ва намефаҳманд. Ба ин восита ҳам риштаи қавмияти ҳама гусаста шуда яке ба номи дарӣ, дигаре ба номи порсӣ, сеюмӣ бо номи тоҷикӣ аз ҳам ҷудо шуданд»1.
Мисоли дигар. Соли 1928, вақте алифбои тоҷикӣ иваз мешуд, аз ҷумла пешниҳодҳое, ҳам буданд, ки номи забони мо дарӣ гуфта шавад. Масалан, Баҳриддин Азизӣ 10 январи соли 1929 дар «Овози тоҷик» ва сонӣ дар «Роҳбари дониш» мақолае бо номи «Бо забони дарӣ дурри сухан суфтан мехоҳам» чоп кард. Аммо тарафдорони тоҷикӣ номидани забон зиёдтар буданд.
Забони мо дар адабиёти Осиёи Миёна ба таври расмӣ соли 1924 тоҷикӣ ва дар нимаи солҳои шастуми асри бист дар Афғонистон дарӣ ном гирифт. Пас натанҳо тоҷикони Осиёи Миёна, ба ақидаи баъзе бародарҳо, бо таъзиқи ҳизби коммунист, балки тоҷикони Афғонистон низ калимаи форсиро аз забон бароварданд. Ман гумон намекунам, ки олимони асри ХХ Тоҷикистон ба мисоли устод Айнӣ ва Афғонистон ба мисоли устод Ғубор дар эрондӯстиву эронпарастӣ аз мо камтар буда бошанд.
Оё тоҷикӣ шудани забон ғалат аст? Мо замоне суғд ва бохтар будем ва забони он даврро бо ҳамин истиллоҳҳо ёдоварӣ мекунем. Англисҳо, немисҳо, итолиёиҳо, туркҳо, қазоқҳо, русҳо забонашонро бо номи худ ёдоварӣ мекунанд. Пас ин таври номгузорӣ ғалат нест. Аз ин рӯ, агар халқамон дар воқеъ тоҷик ном дошта бошад ва ин калима ҷои айб ва нафрат надошта бошад, пас номи забонамон дуруст аст ва дар бораи тағйири он фикр кардан худнописандӣ мешавад.
Чаро?
Аввалан, барои он ки калимаи «тоҷик» ҳеҷ маънои бад ё таҳқиромез надорад, ки аз он шарм дорем. Балки баръакс бо гуфти устод Садриддин Айнӣ «калимаи «тоҷик» аз се ҷузъ мураккаб аст: «тоҷ-и-к», ҷузъи якум «тоҷ» аст, ки зиннати сари подшоҳон ва нишонаи подшоҳии онон буд…
Калимаи «тоҷӣ» бо ҳар чизе, ки бо тоҷ маҳсуб ва бо вай дахлдор бошад, рост меояд ва ҳар кадоми он гуна чизҳоро мефаҳмонад. (масалан марвориди тоҷӣ, ёқути тоҷӣ, лаъли тоҷӣ). Аммо вақте ки хостанд ин калимаро, калимаи «тоҷ»-ро бо халқи форсизабони баландмаданият номи хос кунанд, дар охираш «к»-и исмиро ҳамроҳ карда «тоҷик» гуфтанд».1
Андешаи устодро дар бораи маънои тоҷдор доштани «тоҷик» дар таҳқиқоти академик В.В. Бартолд, А. Шишов, Н. Хаников, Е.К. Мейендорф, Н.А. Фридрих ва дигар муҳаққиқони қарни 19 рус пайдо мекунем. Ва ман чунин мисолҳоро дар «Тоҷикон» ва «Ҳақиқат дар бораи тоҷикон» (бо забонҳои русӣ ва англисӣ) бисёр овардаам. Аммо барои тасдиқи андешаи устод дар бораи он ки бо халқи форсӣ - забони баландмаърифат ин калимаро муносиб донистанд, фикри муҳаққиқи асримиёнагии аврупоӣ Рафаэл дю Манро аз таҳқиқоти В.В. Бартолд иқтибос мекунам: «Агар ҳамаи халқҳои Шарқро нобино ҳисоб кунем, зарур мешавад, ки форсҳоро якчашма шиносем».
Хулоса, ки дар назари ғарбиён донотарин ва бинотарин, яъне баландмаданияттарини шарқиён мо ҳастем.
Дигар тоҷик халки таҳҷоии Осиёи Миёна аст ва ин номро дар таърихи асрҳои X-X1 муаррих Байҳақӣ дар таърихи худ инчунин муаллифи «Таърихи Рашидӣ» фаровон зикр кардаанд. Қавми ӯзбек- даъвогари сарзамини Осиёи Миёна дар ин ҷо соли 1501 пайдо шуд. Тоҷик танҳо бо тоҷикӣ сухан гуфта метавонад, сарфи назар аз он ки онро чигуна ном мебаранд. Охир як фикр кунед: чаро номи забони миллати ӯзбек- узбекӣ, миллати пашту-паштунӣ, гуфта шаваду миллати тоҷик ҳаққи тоҷикӣ гуфтани забонашро надошта бошад?!
«Таърих бо мо сахт бозӣ кард. Мо- як халқи тамоми мутамаддунро порча-порча намуд. Моро, ки давлати муқтадирамон- Сомониҳо чун мушт бо лафзи дариамон муттаҳид месохт, моро, ки илм, адабиёт ва фарҳанги бемисламон шӯҳрате ато карда буд, чун юнониҳоро, ҳиндуҳоро, итолиёҳоро, мисриҳоро, чиниҳоро, аввал араб пора кард, зеро ҳатто мазҳаби муқаддаси исломро дар шакли мухталиф ба мо шиносонд, шояд барои он ки мо тоҷикон аз ҳам дур бошем, тоҷикони шиамазҳабу суннимазҳаб, исмоилиҳо. Ва сипас халқҳои дигар ба миёни мо- додарон даромаданд, то иғво кунанд, шӯр ангезанд, ҷудо созанд, қаҳрӣ кунанд. Ин навъи низоандозиҳо ба халқҳо не, ба ҳокимон таалуқ дошт ва онҳо тавонистанд халқи моро бо ҳам барангезанд. Тоҷикони мо дар Ирон монданд, иронӣ ном ва форсӣ калом гирифта, зеро зодгоҳашон Ирон буд, тоҷикони мо дар Афғонистон (1747) монданд, афғон ном гирифта, лафзи дариро интихоб карда, зеро хуни нофашон дар он сарзамини бобоӣ рехта, тоҷикони мо дар ватани бобоии худ – Чин муқим монданд, забонашонро сарикӯлӣ гирифта, миллати хеш ҷиноӣ донистанд, тоҷикони мо, ки дар суроғи бахт, осоиш ва ҳатто ҷоҳу ҷалол ба Ҳинд расиданд, ҳинду шуданд, ҳатто забон гум карда, тоҷикони мо хоразмӣ шуданд, бухороӣ шуданд, туркистонӣ шуданд, зеро ватан буданд ин сарзаминҳо ва қисме тавонистанд забони худ нигоҳ доранд, қисме аз онҳо бебаҳра монданд»1.
Аз рӯзе, ки истиқлолият дорем, дар ҳар маврид номи миллату забони худ шубҳа кардан ғалат не, ҷиноят аст. Тавре Т. Зеҳнӣ навиштааст: «Тоҷикии адабие, ки форсиаш меномем, забони байналмиллалии форсизабон аст. Гузашта аз ин мо-тоҷикон ин забонро аз соири форсизабонон амонат ва орият нагирифтаем. Ин забон моли ҳалол ва машруҳи худамон аст. Зеро ин забон аз падарони худамон мерос мондааст. Яъне ин забони адабии мо забони ҳамон Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Муизӣ, Низомии Арӯзӣ, Рашидӣ, Сӯзанӣ, Исмат, Камол, Адиб Собир ва соирае, киҷумлагӣ аз ҳамин Самарқанду Бухоро нашъунамо намуданд ва хоки поки ҳамин Мовароуннаҳр сар барзаданд, мебошад».
Забони форсӣ натанҳо забони зодашуда дар Осиёи Миёна, натанҳо забони адабишудаи тоҷикӣ аст, балки ифтихори мунавварону адибони бузурги мост. Ин забон натанҳо ба мо бегона нест, балки забони муҳити мост. Аз ҳамин сабаб аст, ки забони тоҷикӣ аз софтарин наздиктарин ба асли классик гуйишҳои миллатҳои форсизабон маҳсуб мешавад. Ин фикрро ман аз забони Манфред Лоренс, забоншиноси маъруфи Олмони имрӯза соли 1983 дар Кобул шунидам. Вай ба донишҷӯёни Пухантуни Кобул забонҳои форсӣ, дарӣ ва тоҷикиро муқоиса карда, ҳамин фикрро гуфт.
Ин маъноро дигар олимон, аз ҷумла олими маҷори асри XIX Герман Вамберӣ, ки соли 1863 ба Осиёи Миёна омадааст низ гуфтааст:
«Худи шеваи форсии гуфтори Осиёи Миёнаи имрӯза дар қолабҳои лексикӣ ва грамматики худ, нишонаҳои забони қадимаи форсиро, ки ҳанӯз бо таъсири тӯрону семитӣ хароб нашудаанд аз ҳамаи шеваҳои дигар дар якҷоягӣ дида бештар маҳфуз доштааст. Гарчи аввалӣ чандин асрҳо боз бе танаффус дар муҳите ба сар мебарад, ки дар он унсурҳои туронӣ бартарӣ доранд. Дигарҳо, махсусан онҳое, ки дар ҷануб зиндагӣ мекунанд ба ҳамсояҳои ғарбӣ муваққатан сар ба сар мешаванд»1. Ҳамчунон «Шеваи форсии Осиёи Миёна, ки бо он тоҷикон сухан мегӯянд, дар сохтори грамматикӣ ва лексики худ хислатҳои зиёди хосе доранд, ки забони Фирдавсиро ба ёд меорад»2 ва ниҳоят «Талошҳои миллии ориёии Сомониён аввалин такконе гардидаанд барои эҳёи забону адабиёти форсӣ. Забони хушнавои эронӣ, ки беш аз 200 сол аз ҷониби ҳокимони араб таъқиб мешуд, дар замони Наср ва Исмоил ба ҷилои нав инкишоф ёфт»3.
На фақат олимони Аврупо, балки донишмандони бузурги халқҳои ҳамзабонамон аз ҷумла, эрониён низ бо ифтихор аз тоҷикон, зодгоҳи кулли форсизабонон будани сарзамини мо, қадимӣ ва ширинии гӯишҳои тоҷикӣ сухан рондаанд. Аз ҷумла, устод Сайид. Насифӣ, ки ба асари соли 1926 ба номи «Намунаи адабиёти тоҷик» дар Маскав чоп шудаи устод С. Айнӣ дар гармогармиаш тақриз навиштааст, аз ҷумла мефармояд:
«Дар Шимолу Шарқии Ирони имрӯз замини бисёр ҳосилхезе воқеъ аст, ки мо дилбастагии махсус ба он дорем. Бисёре аз уламои бузург ақида доранд, ки нажоди мо, яъне нажоди ориёӣ, дар он сарзамин, дар домани кӯҳҳои Ҳиндукӯш ва дар канори рӯди Ҷайҳун ва Сайҳун нахустин рӯзҳои зиндагии хешро гузаронидааст. китоби осмонии Эрони қадим, яъне, «Авесто» кишвареро нишон медиҳад, ки обу ҳавои он ҳулди замин буд ва аҷдоди мо нахуст дар он сарзамин парвариш ёфтаанд… уламои таърих ақида доранд, ки мо аз он ҷо омадаем. Эрони имрӯз ба манзалаи хонаи дуввуми мост. Дар замонҳое, ки таърихи бостон ва асотирии мо ба ёд доранд, исми ин сарзамин, ағлаб бурда мешавад ва навоҳии мухталифи он ҷойгоҳи Пешдодиён ва Каён будааст…
Дар қарни саввум ва чоруми ҳиҷрӣ ду силсилаи эронии бузург – Саффориён ва Сомониён дар ин ноҳия падид омаданд ва пушти хилофати Бағдодро ин сарзамини бостонӣ шикаст… Ин хиттаи дилангез бузургтарин шуарои Эронро парваридааст. Рӯдакӣ пешрави ин силсила ва Ҷомӣ охирин марди бузурги ин хонаводааст... Маъруфтарин ашъори форсиро сурудаанд. Шаҳрҳои бузург ва ободи ин ноҳия, ки аз қадимтарин шаҳрҳои Эрон шуморида мешаванд, мисли Самарқанду Бухоро ва Балх ва ғайра… ҳамеша дорулилми Эрон буданд. Бузургони Эрон ағлаб аз ин сарзамин бархостанд. Ҳар китоби форсиро, ки мехонем ҳамеша моро ба ёди ин водии ниёгон меандозад. То авосити қарни 12-ум сатре аз таърихи Эрон нест, ки як бор исми Бухоро ё Самарқанд ва ё Балх дар он бурда нашуда бошад. Орзуи ман ин аст, ки ин сарзамини поки ниёгони худро зиёрат кунам ва як бор дар умри хеш ин забони ширини порсиро аз даҳони самарқандиёну бухороиён бишнавам»1.
Ва латофати ин забонро устод С. Айнӣ чунин ёфтааст:
«Баъзе касон ҳастанд, ки ба сабаби ошно набуданашон забони тоҷикиро, яъне забони авоми тоҷикро забони форсии вайроншуда мепиндоранд. Лекин агар аз баъзе таъсирҳои ҷузъии забони ӯзбекӣ чашм пӯшем, (масалан, кор фармудани «мӣ» дар мавриди истифҳом) соддатарин ва софтарини лаҳҷаҳои форсӣ забони тоҷикӣ аст».
Ин андешаро, ки устод дар мақолаи «Дар атрофи забони тоҷикӣ ва форсӣ» гуфта буд, борҳо дар мавриди гуногун пурратар гуфтааст ва ҳатто устод ба таҳқиқи маънои калимаи «тоҷик» дар луғатҳо ва ҷои истифода фармудашудаи он дар таълифоти муаллифони шарқ ва баромадгоҳи ин калима машғул шуда, бо ҳамин ном соли 1942 мақолае омода кардааст.
«Калимаи тоҷик ба сифати номи як халқи форсизабон, сараввал ба мардуми форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон кор фармудашуда, баъд аз он дар мавриди ҳамаи форсизабонони рӯи дунё ба кор бурда шудааст.
Халқи форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон, ки аз замонҳои хеле қадим боз номи тоҷик ба онҳо дода шуда аст, албатта баробари ин ном пайдо нашудаанд, ё ин ки аз ягон ҷо наомадаанд, балки инҳо аҳолии ин сарзаминанд, ки баъд аз исломият ба онҳо номи тоҷик ва забонашон «забони форсӣ» ё ин ки «забони тоҷикӣ» дода шудааст. Ва чунон ки баъд аз исломият забони форсии ҷадид аввал дар Мовароуннаҳр ва Хуросон ташкил ва паҳн шуд, калимаи «тоҷик» ҳам ба сифати як номи миллӣ аввалин бор ба халқҳои форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон кор фармуда шуда, баъд аз он ҳамаи халқҳои форсизабонро бо ин ном ном бурдан мумкин шуморида шудааст.
Он халқҳои Осиёи Миёна ва Хуросон, ки онҳоро баъд аз исломият «тоҷик» ва забонашонро форсӣ ё ин ки тоҷикӣ номидаанд…Инҳо ҳамон суғдиён буданд, ки дар шаҳрҳои марказии Мовароуннаҳр дар канорҳо, водиҳо ва кӯҳҳои Зарафшон ва бохтариёну тахориён буданд, ки бо марказияти Балхи қадим дар Хуросон ва чағониён буданд, ки бо марказияти Тирмиз ва Ҳисори Шодмони имрӯза дар канорҳои рости дарёи Ому зиндагӣ мекарданд».
Аз рӯи мулоҳизаҳои фавқ ва мисолҳои зикршуда, бояд эҳсос шуда бошад, ки ман калимаҳои форсӣ, дарӣ ва тоҷикиро ҳаммаъно медонам ва забони тоҷикиро барои имрӯзи Осиёи Миёна мувофиқшуда меҳисобам, он ақидаро пайгирӣ мекунам, ки мардуми Осиёи Миёнаро ба номи халқаш ва номи забонаш тоҷик ва тоҷикӣ маҳрум кардан мумкин нест. Ин ақидаамро муфассалтар дар китобҳоям ва мақолаҳоям борҳо собит кардам1.
Пас саволе пайдо мешавад, ки агар се забон як маъно дошта бошад, пас оё беҳтар нест, ки онҳо бо хати ягона навишта шаванд, то халқҳои мо аз дастовардҳои ҳамдигар истифода намоянд. Албатта ҳамкории пурра беҳтар аст. Аммо мо имрӯз дар хусуси аз хати арабӣ ба хатти кирилӣ гузаштан не, ин кор 80 сол пеш ҳал шудааст, балки дар хусуси он баҳс дорем, ки аз расмихати 70-соли охирамон даргузашта, ба хатти собиқаи худ баргардем.
Имрӯз дар Тоҷикистон бисёре аз зиёиён муқобили хати криллии тоҷикианд ва яке аз онҳо журналисти машҳур ва ҷасури тоҷик 10-уми июли соли 2007 навиштааст:
Дар 180 рӯз садоҳо перомуни ҳазар аз расмулхати форсии арабӣ баландтар ба гӯш мерасад. Муддаин дар ин назаранд, ки баргардиш ба асл Тоҷикистонро ба 70 ё 100 сол мепартофт, чун дастовардҳои илмиву фарҳангии мо дар бойгонии таърих мемонд. Аввалан ҳеҷ дастовард фаромӯш нахоҳад шуд, агар бо санскрит иншо шудааст. Ба вежа, ки тоҷикон тамоми кутубу асару рисолоти назарраси худро ҳатман таҳия ва тасниф хоҳанд кард. Баъдаҳу, шахсан ман камтар дастоварде дар ин арзу тӯли 70 сола дидам. Агар асарҳои адибону олимонеро дар назар дорем, ки муҳиммият ва арзиши илмиву адабии онҳо қабл аз соҳиб фавтидааст ва танҳо аз онҳо дар маҳфилҳое ёд меоранд, ки зану фарзанду набераву абераи ҳамон нафар бунёд кардаанд. Пас, маро бисёр мебахшанд, муддаин, аммо ин осор ниёз ба таҳия надорад ва зеби фаромӯшхонаи таърих аст. Аз сӯйи дигар баробари ба фаромӯшӣ рафтани онҳо тоҷикон аз зиёд осоре низ раҳо мешуданд, ки нанги миллатанд.
Воқеан ҳам расмулхати сриллик, ки имрӯз муддаиён бо ду даст аз пойи он гирифтаанд дар замони табъизии шӯравӣ маҳз ба хотири маҳвӣ забони тоҷикӣ қабул шуда буд. Зеро алифбои сриллик тоҷиконро боз як бор на танҳо аз ҳамзабонон, ки аз решаҳои ҳазорсолаи худ буридаву дур гузошта буд ва ҳамин сриллик буд, ки дар тули 80 соли охир шеъри моро сактадор нутқи моро маълул ва миллати моро иллатпазир карда буд. Барои эҳёи тоҷикӣ шарт ва зарур аст, ки бо хатари роиҷи идеологияи шӯравӣ – расмулхати срилликро чун дигар кишварҳои ҳамҷавор рад кунем. Роҳи раҳоӣ аз варта на танҳо баргардиш ба расмулхати форсист, ки ҳукумат бояд бо як амр ва дар як рӯз ба форсии арабӣ гузарад. Дар ин маврид масали «мусалмонии оҳиста – оҳиста» роиҷ нест».
Аммо ман тарафдори тағйири хати имрӯза ба хати пештара нестам.
Барои ман саволе пеш меояд: Чаро ин корро бояд кунем? Чаро бояд аз хатти имрӯза даст кашида ба хатти ниёгон боз гардем? Дар шароите,ки ҳама ба пеш менигаранд ва пеш мераванд, чаро мо бояд оқиб гардем
Маъмулан тағийри ҳар чиз, аз ҷумла тағийри ҳарф ҳам ҳадафе дорад. Хондаҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар тағийри хат таҳрир аз ҷумлаи ҳадафҳои зерин сабаб мешаванд:
- мувофиқ наомадани ҳарфу овоз;
- мувофиқ наомадани ҳарф ба табиати забон;
- дастнорасшудани мероси таърихӣ;
- аҳдофи динӣ ва этникию миллӣ;
- ҳадафҳои сиёсӣ.
Албатта, танҳо ҳамин панҷ ҳадаф не, балки бовар дорам, мақсадҳои дигаре низ бояд бошанд, ки тағийри хатро сабаб шаванд. Аммо ман ба шумурдани ҳаминҳо, ки дар назарам асосӣ менамоянд, дар атрофи ин масъала мулоҳиза меронам. Яъне, андеша кардан мехоҳам, ки дар ҳоле, ки аз хатти имрӯза даст кашиданӣ бошем, пас бояд бидонем, ки чунин эҳтиёҷро кадоме аз омилхои зикршуда ва ё дигаре ташкил мекунанд.
Дар мавриди омили аввал- мувофиқ наомадани ҳарфу овоз. Гумон мекунам, ки ҳарфи ҳозираи тоҷикӣ тамоми овозҳои забонамонро фарогир ва ифодакунанда аст. Ва чанд ҳарфе, ки дар замони шӯравӣ зӯран ба забони мо ворид карда шуда буданд, мисли щ, ы, ц, ь хориҷ карда шуданд. Дар воқеъ, ҳарфе, ки дар забон овоз надошта бошад, даркор нест.
Хусусияти хуби хатти имрӯзаи тоҷикӣ, мисли хатҳои қадимаи то арабии тоҷикӣ, дар он аст, ки содда аст, ҳар овоз ба як ҳарф ифода мешавад, ҳамаи овоз дар тамоми ҷои калима- аввал, миёна ва охир навишта мешаванд ва ҳатто касе, ки забонро надонаду ҳарфро шиносад, онро дуруст хондаву талаффуз карда метавонад. Ман инро аз ҷумла, дар мисоли устодони Донишгоҳи Кобул профессорҳо Вола ва Қозим Оҳанг, Ҷалолиддин Сидиқӣ дидам, ки дар як ҳафта бо хатти имрӯзаи тоҷикӣ китоб мехондагӣ шуданд. Ҳарфҳои тоҷикӣ ба мо имкон медиҳанд, ки вожаи оддӣ, истилоҳ ва ному насаби ҳар забони дигарро аввалин бор мехонда бошем ҳам, дуруст хонем ва талаффӯз кунем. Имлои ин ҳарфу овозҳо низ дар забони имрӯзаи тоҷикӣ содда ва фаҳмост. Мавҷуд будани ин хат калимаҳои асосии форсӣ, дарӣ ва тоҷикиро бештар дар забонамон ҳифз мекунад.
Ба миллате ё кишвари дигаре тобеъ набуданамон ё ҷузъи онҳо набуданамон ба хаттамон имконият медиҳад, ки аз таарӯзи вожа ва истилоҳҳои бегона забонамонро эҳтиёт кунем. Хати имрӯзаи тоҷикӣ ҳамроҳшавии моро ба дастовардҳои технологии замон роҳаттар мегардонад.
Баъзеҳо бо таҳқир ё масхара хатти имрӯзаи моро ҳамчун забони русӣ маънидод карда, маслиҳат медиҳанд, ки «ба хати ниёгон гузарем, хоҳу нохоҳ ин хат ҳам боқӣ мемонад, зеро забони русиро меомӯзем». Писхандзанҳо гӯё фаромӯш кардаанд, ки хат ҳам мисли либос аст, тоҷик бо либоси миллӣ ҳам, аврупоӣ ҳам, кӯлоҳи яҳудӣ ҳам ва дастори арабӣ ҳам тоҷик мемонад, агар ботинан тоҷик бошад. Хат ҳам ҳамин хел. Ҳама гуна хатро ба мақсади миллӣ истифода бурдан мумкин аст. Ва бо хатти миллӣ низ бегона шудан мумкин аст. Афсӯс, ки хатти миллии аввалини мо ҳадди ақал дуним ҳазор сол боз истифода намешавад. Беҳтар аст, хатти миллии ҳазмшудаамонро пешпо надиҳем.
Акнун меоем ба сари мавзӯи алифбои ниёгонамон, яъне алифбои арабӣ. Дар алифбои арабӣ ҳам, ҳарфҳое ҳастанд, ки дар забони мо овоз надоранд. Масалан, дар забони мо калимаҳои сард, соф ва собит, тор, талаб ва лутф, роз, зарб ва зафар, ҳол ва ҳазор якхел талаффӯз мешаванд, гарчи онҳоро дар забони арабӣ ҳарфҳо ва овозҳои гуногун ифода мекунанд. Яъне дар забони арабӣ овозҳои монанде ҳастанд, ки онҳоро бо ҳарфҳои со, син, сод, то, итқи, зол, зо ва зод, изғи, ҳо-и ҳавас ва ҳо-и ҳуттӣ ифода мекунанд. Мо ҳамаи ин ҳарфҳоро бо ҳарфҳои с, т, з ва ҳ ифода карда якхел талаффӯз мекунем. Аммо ҳар гоҳ калимаҳои арабиро менависем, маҷбур мешавем 7 ҳарфи зиёдатиро истифода кунем. Ҳарфи хоси овози арабии айн низ дар хатти ниёгон ҳаст, ки вай дар забони тоҷикӣ овоз надорад.
Дар ҳоле, ки мо зидди ҳарфҳои ба забон номувофиқи кирилӣ бошем, барқарор кардани ҳарфҳои ба забон бегонаи дигар низ ҳеҷ зарурат надорад. Мо бо забони тоҷикӣ бояд зиндагӣ кунем, на ба забони халқи дигар, аз ҷумла арабӣ. Дар сурати ба хатти арабӣ гузаштан мо раҳгум мезанем. Аз як тараф, мо наметавонем он ҳарфҳое, ки овози бегонаро ифода мекунанд нанависем. Зеро дар забони тоҷикии имрӯза на камтар аз чоряки калимаҳои мавриди истифода асли арабӣ доранд, арабии соф ва арабии тоҷикишуда мебошанд. Ман зери мафҳуми арабии тоҷикушуда он калимаҳои забонамонро дар назар дорам, ки маънои аввалашонро тағийр доданд. Ҳангоми навиштан чунин калимаҳо агар асли арабиашон навишта нашавад, моро бесавод ҳисоб мекунанд ва мо низ аз матни классики худ канда мешавем. Агар онҳоро нависем, ин бефоида аст, зеро талаффуз карда наметавонем ва онҳо хусусияти овозии забони тоҷикиро ифода намекунанд.
Баръакс, дар хатти арабӣ бисёр овозҳои тоҷикӣ ифода намеёбад. Ман ҳаракатҳоро ва ҳолати садонокҳои а, ӯ, у, и, е-ро дар миёни калима дар назар дорам. Ҳамчунин навишта нашудани пайвандаки «ӣ» калимаро бемаъно мекунад. Масалан, агар ба хатти арабӣ «саги мо» навиштани шавем, «саг мо» менависем, «моҳии нағз» навиштани шавем «моҳи нағз менависем» ва ғ.
Олими барҷастаи Эрон Забехулло Сафо яке аз сабабҳои ба шеваҳои гуногун ҷудо шудани забони адабии форсиро ҳамин хат дониста, навиштааст:
«Лаҳҷаҳои эронии ҷадид, лаҳаҷоте ҳастанд, ки дар қарнҳои ахир мутадовиланд ва таъризи бештари онҳоро метавон аз аҳди шуюъи хатти арабӣ ва баъд оғоз кард. Ва чун ин хат барои нишон додани бисёре аз ҳаракот ва асвоти лаҳҷаҳои мазкур порасост, дар таҳрир ва ҳатто талаффӯзи онҳо тағийроте эҷод гардид. Гузашта аз он, ба ғалабаи араб ва шуюи дини ислому «Қуръон» ва забони арабӣ дар миёни эрониён тадриҷан бисере аз калимоти арабӣ ва мавориди мутаддит қавоиди дастурии арабӣ дар ин лаҳаҷот нуфуз кард»1.
Дар хати арабӣ душвор ифода ёфтани овозҳои тоҷикиро боз дар он ҳам мушоҳида кардан мумкин аст, ки як ҳарфи алиф овозҳои А, И, Э, У, Ӯ ва О-ро, ҳарфи айн ҳам овозҳои А, И, У, Ӯ-ро, ҳарфи Вов ҳам овозҳои В, У ва Ӯ-ро ҳарфи ҳои ҳаваз ҳам овозҳои Ҳ, А, И, Э-ро, ҳарфи Ё ҳам овозҳои Е, И, Э ва О-ро ифода мекунад2. Бинобар ин ҳам адабиётшиносони луғатнависи гузашта аз ҷумла дар «Лубуб-ул-албоб», «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ» ва ҳар луғати тафсирии дигар, баъди овардани вожжа, пеш аз он ки маънояшро шарҳ диҳанд, маҷбур шудаанд аввал тарзи навиштани калимаро фаҳмонанд. Ман аз ҷилди дуввуми «Бурҳони қотеъ» чопи Эрон чанд мисолро номбар мекунам:
Расадгоҳ- бо фатҳи аввал ва сонӣ ва сукуни дол ва кофи форсӣ бо алифи кашида ва бо ҳои зада- ба маънои қадамгоҳ ва назаргоҳ…(с. 953).
Димна-бо фатҳи аввал ва сукуни сонӣ ва нуни мафтуҳ- номи шағоле ҳаст, дар китоби «Анвори суҳайлӣ»… (с. 881).
Дамик-бо касри сонӣ ва сукунӣ таҳтонӣ бар вазни шарик- ба маънои замин ва бум бошад… (с. 881).
Хӯрдсӯз – бо сини бенуқта бар вазни ҷигардӯз-номи оташкадае дар Озарбойҷон (с. 735).
Маълум аст, ки қомусҳо барои авом не, барои мардуми аҳли савод навишта мешаванд, пас аҳли савод ҳам то ҳаракатҳои овоз муайян нашуда бошад, онро дуруст хонда наметавонанд. Баҳси адабиётшиносона, ки дар кишварҳои форсизабон садсолаҳо давом дорад- «киштинишастагонем» ё «киштишикастагонем», «қатраборон» ё «қатраи борон», «беша» ё «песа» низ ҳамин камбудии ҳуруфро нишон медиҳанд.
Ин маънои камсаводии мардуми форсизабонро нишон намедиҳад, балки ин нуқси хат аст, арабҳо низ дар чунин банд дармондаанд. Барои ҳамин ҳам дар «Қуръони маҷид» аломатҳо истифода мешаванд то каломи муқаддас ғалат хонда нашавад.
Ноқисии алифбои арабиро Абурайҳон Берунӣ, Дақиқӣ, Алии Ҳиравӣ низ зикр кардаанд ва Мирзо Малкумхон 24 камбудии ин ҳарфро номбар кардааст
Дар ҳарфи тоҷикӣ ифоданашудани овоз, бо як ҳарф чанд овозро нишон додан, боиси талаффӯзи ғалат, истифодаи нодурусти номҳо ва истилоҳот дар арабӣ, дарӣ, тоҷикӣ ва форсӣ шудааст. Масалан номҳое, ки бо айн оғоз мешаванд, мисли калимаҳои Ироқ, Адан ва Урдун дар мо як хел талаффӯз ва навишта намешаванд. Барои ҳамин ҳам дар матбуоти форсӣ ва арабии имрӯз вақте номҳо ва истилоҳоти нав пайдо шуданд, эквиваленти лотинии онҳоро ҳатман менависанд, то дуруст хонда шаванд.
Аз ин рӯ, олимони забоншинос ва адибон аз ҷумла дар Эрон муддати маддиде дар атрофи ислоҳи ин хат мубоҳисаҳо доштанд.
Масалан Абдурауф Фитрат дар «Масъалаи Алифбо» ном мақолааш менависад:
«Дар Осиёи Миёнаи мо аввал донишманде, ки нодурустии алифбои арабро фаҳмида ба фикри чораи ин баромадааст Забириддин Муҳаммад Бобуршоҳи машҳури Чағатой аст. Дар санаи 937 ҳиҷрӣ вафот кардааст. Бобуршоҳи мазкур як алифбои тоза эҷод намуда, бо фикри нашри ӯ шуда, бо баъзе аз уламои замонӣ нишон дода аст. Лекин имрӯз аз ин алифбои бобурӣ осор нест, натиҷааш ҳам маълум нест, ки чи шуда бошад.
Дар Эрон низ 50-60 сол пеш Мирзо Малкумхон ном донишманде ин масъаларо ба майдони мунозира гузашта, асарҳо навишта аст. Мирзо Малкумхони мазкур дар «Шайху вадор» ва «Мабдаи тараққӣ» ном асарҳои худаш катъиян даъво мекунад:
«Агар мо алифбои арабиро тарк карда, алифбои лотиниро қабул накунем, тараққӣ кардан ва ба қатори миллатҳои мутамаддин даромадан мумкин нест»1.
Ҷустуҷуйҳои дар ивази хатти арабӣ хатти нав пайдо кардан, то он бо забони мо мувофиқ бошад, аз солҳои 60-уми асри 19 то солҳои 80-уми асри 20, яъне то таъсиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар он кишвар ошкор идома дошт. Аввалин касе, ки расман ба ислоҳи алифбои арабӣ барои форсизабонон машғул шуд, Мирзофатҳалӣ Охундов буд. Вай менависад «Дар соли 1857 ман таҳқиқотеро дар бораи зарурияти тағйир додани алифбои мусулмонии забони форсӣ анҷом дода, соли 1863 бо мақсади татбиқи он ба Константинопол рафтам.Пешниҳодамро ва ҳикояеро дар бораи Юсуфшоҳ бо алифбои нав ба вазири бузург-Фуад пошшо пешниҳод кардам Бо супориши ӯ «Ҷамъияти илмии усмонӣ» мулоҳизаҳои маро баррасӣ кард ва пурра маъқул донист, аммо барои чопаш рухсат надод».1
Мирзофатҳалӣ Охундов бо ин ором нашуд ва пешниҳодро ба Эрон ирсол кард, аммо матлаб ҳосил нашуд.
Орифи дигар Мирзо Малкумхони эронӣ бахши муҳими ҳаёташро ба ислоҳи хатти арабӣ бахшид ва вай ҳам алифбои нави лотиниасосро тартиб дод. Дар «Вазир ва шайх» ном асараш ӯ бо таассуф менависад, ки «Ман дар кишварҳои исломӣ 20 сол роҳи пешрафтро ҷустуҷӯ кардам ва дар ҳар қадамам далели наве пайдо мекардам, ки халқҳои мусулмон бо роҳи тараққӣ вақте пеш рафта метавонанд, ки онҳо муввафақ шаванд алифбои худро ба техникаи муосири Аврупо мувофиқ намоянд».
Ислоҳотхоҳи дигари эронӣ шоҳзода Мирзо Ризохон дар соли 1879 лоиҳаи алифбои лотиниро ба номи «Алфавити рушдия» пешниҳод намудааст3. Дар Осиёи Миёна чунин кӯшишҳо асосан дар солҳои бистум, яъне дар замони ҳокимияти шӯравӣ шуруъ шуданд. Зеро Аморати Бухоро аввалан, мустаҳкамтарин занҷири дини ислом буд ва чунин ислоҳотро куфри мутлақ ҳисоб мекард. Дуввум Бухоро ҳанӯз аз маданияти аврупоӣ дар дуриҳо мезист ва сеюм ҳанӯз технологияи нав ба ин кишвар нарасида буд. Лиҳозо ҳатто гап-гапҳои ин мавзуъ дар замони нав оғоз шуданд Шояд ба ҳамин сабаб ҳам иддае аз олимони мо надониста, иддаи дигар бадғаразона ислоҳоти алифборо дар солҳои бистум ибтикори Ҳизби коммунист ва давлати шуравӣ донистанд. Аввалин кӯшиши бебарори ислоҳи алифбо дар Тошканд дар соли 1921 сурат гирифт ва дар он намояндагони Самарқанд, Хуҷанд ва Ӯротеппа низ иштирок карданд. Қарор шуд, ки минбаъд ҳамаи овозҳо дар хатти арабӣ навишта мешаванд ва танҳо шакли танҳои ҳарфҳо ва он ҳам алохида-алоҳида навишта мешаванд. Аммо ин пешниҳод татбиқ нашуд, зеро дарк карданд, ки ҳам аз хатти кӯҳна мемонем ва ҳам хатти нав пайдо намешавад.
Устод Раҳим Ҳошим дар мақолаи «Дар атрофи масълаи алифбои нав дар Эрон» бо дарназардошти вазъияти нав менависад, «аввалин лоиҳаи алифбои нав, ки дар Эрон тартиб дода шуд, лоиҳаи Сайид Нафисӣ мебошад». Ва дар ҷои дигар мегӯяд: «Дар охирҳои моҳи сентябри соли гузашта, (1928-И.У.) Рашиди Ёсанӣ дар «Шафақи сурх» мақолае интишор дода, дар бораи осониҳои алифбои нав сухан меронад ва лоиҳаи худро тақдим мекунад»1.
Чунин кӯшишҳо аз ҷониби шахсиятҳои шинохтаи фархангӣ далел ба онанд, ки онҳо аз хатти арабӣ қонеъ набуданд ва дар он ҷои худро пайдо карда натавонистани овозҳои забонҳои моро дарк карданд. Яке аз мукаммалтарин таҳқиқоти эрониён дар ин бахш асари Абдураҳим Ҳумоюнфаррух аст, ки ба номи «Дастури ҷомеи забони форсӣ» дар 7 ҷилд (1100 саҳифа) таълиф шудааст. Муаллиф 50 сол муқаддам вафот кардааст. Дар ин асар хулосаи зеринро мебинем: «Хатти имрӯзаи мо ноқис аст ва боиси кундии пешрафт ва тараққии мо мегардад. Ҳатман бояд иқдоме бикунем, то оқиб намонем».
Ин донишманд ба сифати иқдом ислоҳи имлои хатро пешниҳод мекунад, ба ҳарф даровардани ҳаракатҳоро, ҳатто бо ин мақсад истифода намудани се ҳарфи паҳлавиро. Ин аз ҷумлаи насли охири ислоҳотхоҳони хатти арабӣ дар Эрон буд. Гарчи ба шакли пӯшида ин ақида имрӯз низ идома дорад.
Мушкили дигар дар мувофиқ наомадани хатти арабӣ ба табиати забони мардуми тоҷику форс ба чашм мехӯрад. Бо ин ният аввал порчаеро аз устод Нодири Нодирпур иқтибос мекунам:
«Бадбахтона, ин пушаймонӣ чандон суде барои ӯ надошта, зеро нажод ва хатту забон ва фарҳангу дастовардҳои дигараш чунон бо вижагиҳои араб даромехтааст, ки тасфияи ҳеҷ як имконпазир нест ва оини ориёии қадимааш чунон ба мазҳаби сомии охир ҷой супурдааст, ки бозгаштан аз сӯи ин ба сӯи он муҳол менамояд…
Таърихи Эрони исломӣ ҷузъ пайкоре мудовим дар миён фарҳанги авом (ё ҳуввияти динӣ) ва фарҳанги хоси эрониён (ё ҳуввияти миллӣ) набудааст ва ин дугонагӣ аст, натанҳо дар миёни сиёсатмадорон ва кишвардорони пешин».1
Сипас, ӯ барои таҳкими фикраш аз Аҳмади Баҳманёр -–устоди донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳрон иқтибос мекунад,ки гуфтааст:
«Донишмандони мо то ҳудуди як қарн пеш улуми адабиро мунҳасир ба улуми лафзии арабӣ медонистанд ва форсидонӣ дар назарашон фазилате маҳсуб намешуд…
Эрони исломӣ худованди ду фарҳанг аст: яке фарҳанги баргузидагон, ки аз хувияти миллии хос сарчашма гирифта ва дигаре фарҳанги муттадайинон, ки дар ҳуввияти мазҳабии авом реша бастааст. Аммо он чи Эронро ба ҷаҳон шиносонд, ҳамон фарҳанги гурӯҳи нахуст буда, то кунун намояндагоне чун Фирдавсӣ ва Хайём ва Ҳидоят доштааст.
Ахиран, дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мақолаи донишманди забоншинос Доктор Маҳмуди Ҳисобӣ бо номи «Тавоноии забони форсӣ дар вожасозӣ» нашр шудааст, ки ӯ зимни таҳлили арифметикӣ менависад, ки забонҳои сомӣ 25 ҳазор калимаи решаӣ, ба таври умум як миллиону ҳафсаду панҷоҳ ҳазор калима доранд. Як ишколе, ки дар фаро гирифтани ин навъи забон ҳаст, ин аст, ки барои тасаллут ёфтан ба он бояд дастикам 25000 решаро аз бар дошт ва ин кор барои ҳама мақдур нест, ҳатто барои аҳли он забон чӣ расад ба касоне, ки ба он забон бегона ҳастанд. Акнун агар теъдоди калимоти лозими он аз теъдоди ду миллион адад гузаранд дигар дар ахбори ин забон роҳе барои адои як маънии навин вуҷуд надорад, магар ин ки маънои тозаро ба як ҷумла адо кунанд.
Забонҳои ҳинду аврупоӣ дорои шумораи ками реша, дар ҳудуди 1500 адад мебошанд ва дорои тақрибан 250 пешванд ва дар ҳудуди 600 пасванд ҳастанд, ки бо изофа кардани онҳо бо асли реша метавон вожаҳои дигаре сохт. Ҷамъи вожаҳое, ки фақат аз таркиби решаҳо бо пешванд ва пасвандҳо ба даст меоянд, дусаду бисту шаш миллиону дусаду ҳафтоду панҷ ҳазор вожа».
Аз ин таҳлили олим бармеояд, ки табиат ва имконияти забони тоҷикӣ (ба сифати забони ҳиндуаврупоӣ) дигар асту забони арабӣ (ба сифати забони сомӣ) дигар аст. Пас хатти арабӣ моҳияти забони моро ифода карда наметавонад. Баръакс «тавоноие, ки дар забони ҳиндуаврупоӣ вуҷуд дорад, монанди юнониҳо, лотин ва олмонҳо фаросавию инглисӣ, дар забони форсӣ ҳам ҳамон тавоноӣ вуҷуд дорад. Равиши илмӣ дар ин забонҳо мутолиашуда ва омода аст ва барои забони форсӣ ба кор бурдани онҳо бисёр содда аст»1.
Воқеан, хатти арабӣ ба табиати забони мо мувофиқат намекунад ва онро бо ҳама зӯрӣ ба забони мардуми Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон мувофиқ кунонидан мехоҳанд. Яке аз номувофиқатӣ дар ҳарфу овоз буд, ки пештар зикр ва исбот кардем.
Дигар, мавҷуд будани ин расми хат забони арабиро аввал ва забони форсиро дуввум мекунад, ки инро Н. Нодирпур ва шахсиятҳои фарҳангии иқтибос кардааш, гуфтаанд.
Сеюм, забони арабӣ фарҳанги исломиро ба фарҳанги миллии тоҷикӣ муқобил мегузорад ва тамаддуни исломиро бар тамаддуни иронӣ бартарӣ медиҳад.
Чорум, хатти арабӣ боис мешавад, ки калимаҳои арабӣ ҷои вожаҳои қадимаи моро гиранд ва аз ин сабаб моро маҷбур месозад тоҷикона не, арабвор фикр кунем. Далели инро бо муқоиса кардани истифодаи вожаҳои асили форсӣ ва калимаҳои арабиасос дар адабиёти тоҷику форс, аз Рӯдакиву Фирдавсӣ то Бедилу Аҳмади Дониш дидан мумкин аст.
Панҷум, талаффузи овозҳои арабии дар забони миллии мо набуда, бо структураи забони мо таъсири манфӣ мегузорад, дар забони иддае аз ҳамватанони мо, махсусан онҳое, ки ба таъсири асли арабӣ гирифтор шуданд, оҳангҳо, садо ва овозҳои хос ба арабию яхудӣ пайдо шуданд.
Шашум, забони тоҷикӣ ҷинс (род) ва тасниф (падеж) надорад, аммо забони арабӣ дорад. Истифодаи калимаҳои арабӣ табиати забони моро вайрон карда, маҷбур месозад, ки калимаҳои мисли «адиба», «муаллима», «толиба»-ро созем, то ҷинсро нишон диҳем. Ягон калимаи хоси тоҷикӣ ҷинс надорад ва лозим ҳам нест.
Ҳафтум, хатти имрӯзаи тоҷикӣ имкон медиҳад, ҳақиқати таърихиро дар вожа барқарор карда, ба ҷои калимаҳои бегонаи арабӣ, калимаҳои худиро кор фармоем.
Мушкилии дигар, дастнорас шудани мероси таърихӣ мебошад. Дар воқеъ падарони мо бо ин хат мероси бое гузоштаанд, ки ба маданияти халқҳои Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон ва дигар кишварҳои дар гузашта ҳамзабони мо шӯҳрати ҷаҳонӣ дод. Ин мероси муқаддаси мост ва азизу гиромӣ доштан ва паҳн кардани он вазифаи фарзандӣ ва миллии мост. Ва ин талаб мекунад, ки ҳар тоҷики бомаърифат хатти мазкурро донаду истифода намояд, то дигарҳо ба мероси мо соҳибӣ накунанд ва аз ёд набаранд, ки мо низ соҳиби аслии он мерос ҳастем.
Барои чӣ дар ин хусус сухан мегӯем?
Ман нахондаам, ки дар тарҷумаҳои асарҳои Фирдавсӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Амир Хусрав, Бедил ва ҳар адиби дигари классик, ки берун аз Тоҷикистон ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шудаанд, Тоҷикистон ва халқи тоҷик ҳамчун меросхӯр ёд шуда бошад. Яъне, дар онҳо тоҷик, Тоҷикистон ва тоҷикӣ ёдоварӣ намешавад. Аммо ҳар тарҷумаи аврупоие, ки дар Тоҷикистон сурат гирифтааст, аз калимаи форсӣ оғоз мешавад. Яъне мо тоҷикон бо ҳиссаи ҳамқавму ҳамзабонони худ арҷ мегузорем, аммо онҳо не. Пас чи гуна мо аз ин асарҳо, аз ин меросҳо ифтихор карда метавонем? Дар ин ҳолат ифтихори мо ифтихори дарунихонагӣ мешавад. Масалан, бо ифтихори 800-солагии Мавлоно дар хориҷи ИДМ миллионҳо нусха китоби ӯ ба савдо рафт. Дар он китобҳо ному миллати турк ҳаст, форс ҳаст, Эрон ҳаст, Туркия ҳаст, аммо тоҷику Тоҷикистон ва Афғонистон нест. Чигуна худро шиносонем,фаҳмонем, ба онҳое, ки асри миёнаро намешиносанд: худро форс, забонамонро форсӣ гуфта? Не.
Замони шӯравӣ зиёиёни тоҷик нороҳат мешуданд, ки дар Ӯзбекистон баъзе кӯрнамакҳо адабиёти классикии моро форсӣ мегуфтанд. Самарқандиҳоро барои мисол тоҷик мегуфтанд, аммо адабиёти классикиашонро форсӣ. Имрӯз баъзе аҳли зиёи мо барои кадом як мақсади беасос ва ғайриилмию зиддимиллии худ дигаронро, барои мисол олимони ӯзбекро ҳам бо ифтихор ба шумори онҳое меоранд, ки форс будани моро ва форсӣ будани забонамонро мефаҳманд. Ин идда олимон мисли он муҳаққикони ӯзбек сухан меронанд, ки ошкор мегӯянд- тоҷикони шаҳрҳои калон ӯзбекони бо таъсири мадраса тоҷикшудаанд, онҳо бо забони форсӣ гап мезананд, тоҷик дар кӯҳистон, масалан Дарвоз зиндагӣ мекунанд. Онҳо тоҷикони Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистонро ба тоҷику форс ҷудо мекунанд ва адабиётро, таърихро ба форсҳо дода, тоҷиконро аз он мерос маҳрум мекунанд. Он олимони мо худро ба кӯрӣ зада, карӣ зада, гӯр сӯзаду деги қаландар ҷӯшад гуфта, хизмати онҳоро мекунанд. Мо ҳам «Мо тоҷик нестем, иронием» мегӯянд. Дар ин таҳқиқоти ғайриилмӣ ва ғайримиллии худ онҳо ифтихори меросдориро мебинанд ва ин саҳв аст.
Моро дар Эрон ба сифати ҳамзабон мешиносанд, на иронӣ. Ва дуруст ҳам ҳаст. Таваҷҷӯҳ кунед. Нодири Нодирпур дар мақолаи «Эрониён: яккасаворони дугонагӣ. (Андешаҳо дар бораи миллият ва фарҳанги эронӣ ва пайвандашон бо забони порсӣ)», ки ҳафтаномаи «Омӯзгор» аз 5 феврал то 30 апрели соли 1998 чоп кардааст, менависад, ки «Кохи миллият бар се сутун устувор аст ва ин сутунҳо ба тартиб пайвандҳои хокӣ, пайвандҳои хунӣ ва пайвандҳои фарҳангӣ ном доранд ва ҳар кадом низ бо навбати худ аз се воҳид ташкил мешаванд:
- Сутуни пайвандҳои хокӣ таърих ва ҷуғрофиё ва давлати ҳар кишварро бар сари даст дорад.
- Сутуни пайвандҳои хунӣ аз реша ва нажод ва табор таркиб меёбад;
- Сутуни фарҳанг аз забон, ҳунар ва одобу русум иборат аст.
Забони англисӣ дар ИМА фақат бо пайвандҳои хокӣ муттако аст, забони олмонӣ дар кишвари утриш танҳо бар пайвандҳои хунӣ далолат дорад. Забони арабӣ дар кишварҳои Алҷазоир ва Марокаш ва Тунис сирфан намудори пайвандҳои фарҳангии ин мамолик бо мардумони шабҳи ҷазираи Арабистон аст. Аммо забони англисӣ барои мардуми маҷмаъулҷазоири Бритониё ва забони жопунӣ барои мардуми маҷмаъулҷазоири Жопун бар пайвандҳои сегона такя дорад…
Забон низ монанди миллат метавонад, ки намудори як, ё ду ва ҳарсе пайванд бошад.
Бар хилофи миллият, агар забон мунҳасираи реша дар пайвандҳои фарҳангӣ дошта бошад, аз забонҳое, ки фақат бо пайвандҳои хокӣ ва хунӣ такя доранд (ва ночор дар ҳадди лаҳҷа ва гӯиш боқӣ мемонанд) қувват ва ҷозибаи бештар хоҳад дошт, чунонки забони арабӣ барои миллиятҳои шимолии Африко (аз Миср гирифта то Марокаш) ва забони порсӣ барои таборҳои гуногуни Осиёӣ (чи дар дохили маҳдудияи ҷуғрофияи Эрони имрӯза ва чи дар шабҳи кораи Ҳинд ва кишварҳое монанди Афғонистон ва Тоҷикистон) аз гӯишҳои бумӣ ва ҳатто забонҳои маҳаллӣ қавитар ва пурҷозибатаранд».
Нодирпур пешниҳод мекунад, ки бо доштаи худ мағрур нашуда, аз хазинаи дигарон низ истифода бояд бурд:
«Бо фарҳангистонҳои миллали дигари форсизабон (монанди афғонҳо ва тоҷикҳо) мушовара бояд кард, зеро онон нафақат мисли мо соҳибони забони порсӣ ба шумор меоянд, ва ҳофизони меросе ҳастанд, ки аз ниёгони муштаракамон бо мо расидааст, балки дар тағйирот ва таҳавулоти ин мерос ҳам ҳаққи ширкати мустақим доранд. Ва ҳеҷ боъид нест, ки бархе аз пешниҳодҳо ва порае аз назариёташон беҳтар аз гузинишҳои шитобзадаи мо бошад. Чунонки истилоҳи «Ҳавои форам» ( ба маънои ҳавои мулоим ва матбуъ) ва сифати «ҳаваскор» ( ба мафҳуми ғайриҳирфаӣ ё «омотур») ки ҳарду дар муколимоти рӯзонаи тоҷикҳо ба кор мераванд, зи ағлаби вожаҳои фарҳнгистони мо шевотаранд».
Пас, ба мерос мо бо иштироки худ, новобаста бо хат дастрас шуда метавонем.
Агар ба хати арабӣ нагузарем, оё мероси қадимаи мо бегона мешавад? Не. Танҳо дар сурате бегона мешавад, ки мо дар таблиғу тарвиҷи он иштирок накунем. Масалан, ёдгориҳои хатии Суғд барои мо бегона нестанд, гарчи хатти суғдиро аксарияти олимони тоҷик намедонанд. Ёдгориҳои хаттии паҳлавӣ ба мардуми имрӯзаи Эрон бегона нестанд, гарчи аксарияти аҳли саводи ин кишвар он хатро хонда ва фаҳмида наметавонанд, катибаҳои сангнависи Афғонистон ба тоҷикони ин кишвар бегона нестанд, гарчи шояд чанд нафари ангуштшумор хонда тавонанд. Мо ҳама ба «Авесто» ифтихор мекунем, аммо кӣ онро дар асл хонда ва фаҳмида метавонад? Баръакс, дар замони дигар шудани хатамон низ ба хориҷиён фаҳмондем, ки ба он мерос шарикем, вай адабиёт ва илми муштараки тоҷикон ва форсҳо мебошад. Дар адабиётшиносии Европа дохил шудани истилоҳи «адабиёти форсу тоҷик», аз забони Сталин шунида шудани номи адибони классик, иштироки олимони ҷаҳон дар ҷашни классикҳои мо- Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Ҳофиз, Камол, Мавлоно далели ин аст.
Дар шароити новобаста аз иродаи мо аз давлати мо берун мондани Шерозу Нишопур, Ҳироту Балх ва Самарқанду Бухоро, дар замоне, ки ҳамзабонҳои ӯзбекистонии мо миллат ва забони худро тоҷикӣ мегӯянд, ҳамзабонони Афғонистонии мо миллати худро тоҷик мегӯянд, рисолати давлати мост, ки бо ном ва забони миллии худ он меросоро таблиғ кунад ва тақвият диҳад.
Баъзан андеша мекунад: чаро мо ёди падарон мекунему ёди бобоҳо не. Хатти арабӣ хатест, ки падарони мо кор гирифтаанд. Аз он пеш мо хатҳои паҳлавӣ, суғдӣ ва ҳатто юнонӣ доштаем ва онҳоро барои ифодаи фикри худ бобоёнамон истифода намудаанд. Чаро ёди бозгашт ба онҳоро надорем?
Албатта ҷавоб табиӣ менамояд: мероси аслии хаттии мо ба хатти имрӯзаи форсӣ боқӣ мондааст. Барои ҳамин ҳам ба ин хат гузаштан мехоҳем. Ҳамин масъалаи дастрасӣ ба мерос, истифода бурда тавонистани он асоси ягонаи даъвогарони бозгашт ба хатти ниёгон мебошад.
Дар ин маврид андешаи ман чунин аст:
1. Ба он фикрам, ки аз ҳазорҳо ва даҳҳо ҳазор китобҳои то ба мо расида фақат онҳоеро, ки барои адабиёт, илм ва фарҳанги мо даркоранд, ба хатти имрӯза баргардонем. Мо дар 70 соли охир дар ин бобат кори зиёде анҷом додем ва бояд чунин корро идома диҳем. Аксарияти кулли осори адабӣ, қисме аз осори илмӣ ва фарҳангиро, ки арзиши миллӣ ва ҷаҳонӣ доранд, ба дарди имрӯз мехӯранд, мо баргардонидем. Аммо ин корро ҷиддитар бояд анҷом диҳем.
Танҳо он асарҳо бояд ба мардум расонида шаванд,ки ба дарди мо мехӯранд. Гумон кардан хатост, ки дар Афғонистону Эрон, ки соҳиби як хатанд, ҳама чизро истифода мебурда бошанд. Онҳо ҳам он дастнависҳоро китоб мекунанд, ки ба дардашон мехӯранд. Агар корҳои дар асри ХХ анҷомдодашударо муқоиса кунем, хизмати мо камтар нест.
Матн ва китоби заруриро гашта баргашта барои он таъкид намудам, ки таърихи тамадуни замони исломии мо - тоҷикони Осиёи Миёна ба замони Сомониҳо, тоҷикони Афғонистон ба замони Ғазнавиҳо ва ҳамзабонони Эронӣ ба замони Сафавиҳо бештар ифтихор мекунад. Ин оини давлатдорист, оини сиёсист ва зуҳури он дар тамоми дунё ба ҳам монанд аст. Дар амалияи адабиётшиносии ҶИЭ ин чи гуна зоҳир мешавад, дар иқтибосе аз Нодирпур гуфтам.
2. Дар мавриди истифода бурдан аз матбуот ва адабиёти ҳамдигар ҳамин қадар гуфтан мехоҳам, ки суръати технологияи муосир бовар мекунонад, ки дар ҳоли хатҳои гуногун доштан ҳам, мо ба осонӣ аз ҳамдигар истифода карда метавонем. Имрӯз компютер матнро тарҷума мекунад, оё баргардони матн аз ин дида кори душвортар аст? Дер ё зуд техникаи дастие ба вуҷуд меояд, ки хатти ҳамдигарро бо истифода аз он мехонем. Гумон дорам, сохтани барномаи компютерӣ барои баргардони матн аз форсӣ ба тоҷикӣ ё баръакс аз 100 ҳазор доллар қиммат намешавад. Барои се давлати ҳамзабон, ки 100 миллион аҳолӣ доранд, хандаовар ё шояд шармовар аст, ки дар ҳалли ин масъала камбуде шавад.
Ҳамин тавр, табдили ахбор бо воситаҳои ахбори омма: телевизион, радио ва интернет сурат гирифта метавонад. Дар ин бахш хат мутлақо халал намерасонад.
3. Техникаи баргардони ҳарф дар хондани матнҳо низ мақсадро бароварда месозанд. Ман боварӣ надорам, ки аҳолии калонсоли Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва тоҷикони Ӯзбекистон ҳама кори дигарро партофта даст ба омӯзиши китобҳои қадимаи таърихӣ, илмӣ, адабӣ ва динӣ мезада бошанд. Ман боварӣ надорам, ки ҳамаи калонсолони Афғонистон ва Эрон, ки хатти арабӣ медонанд, китобхона ба китобхона гашта, дастнавис мехонда бошанд. Балки ин кори олимон, адибон, муаррихон аст, ки онро ба чоп ҳозир мекунанд, яъне дасти дувум мерасад, чи фарқ, ки онро бо кадом ҳарф чоп мекунед. Барои қиёс боз хам баргардони ҳарф дар компютер кӯмак мекунад.
4. Ман боварӣ дорам, ки мардуми тоҷик нисбат ба ҳамзабонҳоямон имрӯз аз мероси гузашта на камтар фоида мебаранд. Зеро дар таносуб босаводон дар мо камтар аз Афғонистону Эрон нестанд. Ва сабаби ин бесаводӣ низ хати осонфаҳми кириллӣ мебошад. Вале агар мақсад аз саводнокӣ фаҳмидани калима ва ибораҳои дар адабиёт ва осори динӣ истифодашудаи арабӣ бошад, мо чаласавод ҳастем, агар дарки маъно ва фаҳми матнҳои илмҳои гуногун бошад, маъзарат мехоҳам, мо ин масофаро кайҳо гузаштаем.
Масъалаи дигаре, ки таваҷҷӯҳи бародаронро ба хатти арабӣ ҷалб мекунад, мақсадҳои динӣ ва этникию миллӣ аст. Мубаллиғон ин хатро, танҳо ҳамин хатро ҷузъи фарҳанги миллии мо маънидод карданӣ мешаванд, дигар хатҳоямонро, аз суғдӣ то имрӯз бо гӯшаи фаромӯшӣ заданӣ мешаванд. Аммо
а) бо хатти форсӣ навиштан маънои арабидониро ё форсифаҳмии арабҳоро ифода намекунад ва шакли хат ҳам ҳанӯз нишони мусулмонӣ ё баръакс нест. Мусулмонӣ дар имон аст, на дар хат.
б) ҳамсонии хат ҳам ҳамсонии ақидаҳои умумии халқҳои ҳамзабонро ифода намекунад. Бисту чанд мамлакати араб як хат дорад, аммо бисту чанд роҳу бисту чанд ақидаву адабиёту ҳунар доранд. Аз он рӯзе, ки мо таъриху адабиёти арабро меомӯзем, ҳам дар асрҳои миёна ва ҳам имрӯз ба номи қавму шаҳру давлатҳояш меомӯзем. Танҳо калимаи араб ва хатти арабӣ онҳоро на аз нигоҳи миллат мефаҳмонад ва на аз нигоҳи давлат, на аз нигоҳи дин ва на аз нигоҳи мазҳаб. Аз ин ру ман камтар боварӣ дорам, ки халқхои ин мамлакатҳо ба он андозае, ки дар мо дар бораи манбаъ будани матбуоту нашароти мардуми ҳамзабонамон фикр мекунем, аз матбуоти ҳамдигар истифода мебурда бошанд.
Ягонагии хат дар Ироқ курдҳову арабҳоро ва аҳли суннату шиаро барои истиқлолият муттаҳид карда натавонист. Пеши роҳи ҳамдигаркушиашонро нагирифт.
Ягонагии хат дар 260 соли охир ба афғонистониҳо ва эрониҳо ва дар 180 соли ҷудоӣ ба Мовароуннаҳриҳову Эрониҳову Афғонистониҳо имкон надод, ки дар бораи дастовардҳои ҳамдигар матолиби пайдарпаи неку таблиғкунанда нашр намоянд.
Ҳатто бузургтарин адабиётшиноси асри ХХ Эрон Сайид Нафисӣ адабиёти муштараки моро то Абдураҳмони Ҷомӣ медонад. Ӯ аз Бедилу Зебунисову Амирхусрави Деҳлавӣ, Сайидову Аҳмади Дониш бехабар ё камхабар аст. Ин бехабарӣ аз дигар шудани хат не, аз ҷудо шудани хиттаҳост (1740-1750), аз он аст, ки меъёри давлатҳо, пешвоёни дину мазҳаб, қавму миллат тағйир ёфт. Баъди он солҳо эрониён танҳо дар бораи Эрон, афғонистониҳо танҳо дар хусуси Афғонистон, Осиёимиёнагиҳо танҳо аз сарнавишти худ навиштанду таҳқиқ карданд ва ин табиист ва ин оини давлатдорист.
Пас он чи моро дилпайванд мекунад, мероси умумии гузаштаи мост ва забони мост. Онро амиқтар кардан лозим аст. Барои ин зоҳирбин не, ботинбин бояд бошем. «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст», гуфтани Мавлоно, «ҳиндиву турки ҳамзабон», «ду турки чун бегонагон» гуфтани ӯ аз ҷумла ба мавзӯи сӯҳбати мо низ дахл дорад.
Солҳост, ки англисҳо ва ирландҳои ҳамхату ҳамзабон бо ҳам меҷанганд, дерест, ки славяниҳои ҳамхат бо ҳам талош доранд ва ҳатто забону маданияти ҳамдигарро беобрӯ мекунанд. Шукр, ки мо тоҷикони Эрон, Афғонистон ва Осиёи Миёна садсолаҳо боз бо ҳам намеҷангем, зеро мо дар фарҳанги ягонаи гузашта ва ҳатто то ҳадде фарҳанги имрӯзаи худ ҳамдилӣ ва дар сӯҳбатҳо ҳамзабониамонро эҳтиром ва эҳтиёт мекунем. Ин муҳим аст.
Ва ниҳоят аҳдофи сиёсӣ низ метавонанд боиси табдили ҳарф шаванд. Хатти хоси мо суғдӣ буд. Мо бо он хат китоб шинохтем. Искандар ба мо хатти юнонӣ овард. Дар замони сосониҳо хатти паҳлавиро пазируфтем. Ба туфайли ислом хатти арабиро аз худ кардем, дар замони шӯравӣ хатти русиро ба худ хос гардонидем. Имрӯз ҳам дар байни даъвогарони табдили ҳарф касеоне ҳам мавҷуданд, ки ба хатти арабӣ маҳз аз нигоҳи сиёсӣ менигаранд. Ин нав дӯстдорони хатти арабӣ онро ба ҳадди бузургатарин муқаддасоти инсонӣ бароварда, ба дараҷаи иллоҳиёт расондан мехоҳанд. Ба ин васила гирифторони олами ҷаҳолат мухолифони хатти арабиро ба кофирӣ низ муттаҳам карда метавонанад. Ин таълимоти ислом нест, ин маънои сохтаи онҳоест, ки дар ҳар чиз бутро суроғ мекунанад. Шояд дар назари онҳо намояд, ки дар муҳити хатти арабибудагон бештар мусулмон мешаванд. Вале ба ақидаи ман каломи худо ҳарф нест, вожа аст, сухан аст, маъно аст. Аз осмон матни навишташуда не, сухан ба дили паёмбар омад, ва ӯ онро ба забон овард, сипас онро навиштанд. Аммо мухлисон кӯр -кӯрона ё бо ҳадафе маъноро дар ҳарф ҳам пайдо мекунанд. Ақидаи онҳоро Абулхайр Муҷахарфӣ чунин ба назм кашидааст:
«Ал (и) ф» шоҳид бувад, ки Ҳақ яктост,
Ҳарфи аввал зи исми зоти Худост
Ба гувоҳи забон кушода «Бо»,
Ки ба зоти Худои пок бақост.
«То» зи таввобияш хабар гӯяд,
Қоби-лут- тавб ҳам гунаҳбахшост.
«Со» сухан гӯяд он ки ҳазрати Ҳақ
Ба санову ба шукру ҳамд сазост.
«Ҷим» ҳарфи ҷалоли ҳазрати ӯст,
Ҳам хабаргӯй аз ҷамоли Худост.
«Ҳо» бувад ҳарфи ҳилму ҳикмати ӯ.
Ки ҳакиму ҳалиму роҳнамост.
«Ҳо» гувоҳе, ки холиқи ҳама ӯст,
Лек бар дойимиш «дол» гувост.
«Зол» бар зикри ӯ бувад соъӣ,
Ҳам гувоҳи раъуфии ӯ «ро»- ст.
«Зо» баён мекунад, ки Ҳақ азалист,
Абадӣ, ки аз ӯ завол ҷудост.
«Син» зи сатторияш нишон буда.
«Шин» бидон шокиру шакур Худост.
Чун яке номи ӯ Сабур бувад,
Ҳарфи «сод» аз сабурияш гӯёст.
«Зод» гӯ, ё ки ёди Ҳақ мекун,
З-он ки зомин ба рӯзии ту Худост.
Аз пайи рӯзгори дун ту давон,
Умр зоеъ туро ба роҳи ҳавост.
Ҳарфи «то» мар туро насиҳатгар,
Тоъати Ҳақ бикун, ки умр фаност.
Зоҳиру ботин аст чун номаш
Ҳарфе аз номи зоҳиру ӯ «зо»- ст.
Ҳарфи «айн» он ки номи ӯст Алим,
Айбпӯши ҳама халойиқҳост.
«Ғайн» шоҳид, ки олиму- л- ғайб аст,
Сирри пинҳон ба пеши ӯ пайдост.
Ба фанои ҷамеъи ашёҳо,
Ба шаҳодат забон кушода «фо»- ст.
«Қоф» аз қудраташ намуда баён,
Он ки қайюму қодиру мавлост.
«Коф» ҳарфи баённамои карам,
Ки карам мар Худойро танҳост.
«Лом» аз лутфи ӯ, ки дар ҳама вақт
Сояандоз, яъне бар сари мост.
«Мим» гӯяд, ки ӯст молики мулк.
Мулки ҳар ду ҷаҳон варо танҳост.
«Нун» баён мекунад аз неъматҳояш,
«Вов» аз ваҳдаташ, ки ӯ яктост.
Ба ҳалоки ҷамеъи мавҷудот,
Ба шаҳодат забон кушода «ҳо» - ст.
Лек бар қавли «ло шарика лаҳ»,
«Лом» «алиф» бо забон чи хуш гӯёст.
«Ё» далеле, ки Ҳақ ягона бувад,
Ёди ӯ афзали ибодатҳост.
Банда. Абдулҳайи шикастазабон
Агарчи камтарини халқи Худост,
Ба умеде, ки Ҳақ гунаҳбахшост
Ба баёни сифоти ӯ гӯёст!1
Маълум аст, ки хатти нағзу хати бад мавҷуд нест, аммо хати осону душвор, хатти мувофиқу номувофиқ вуҷуд дорад. Хатти ягонае, ки тағйир намепазирад ва барои ҳама- мусулмону кофир як хел навишта мешавад, хатти тақдир аст. Ҳар хатти дигарро ба он баробар кардан даркор нест. Табиист, ки имрӯз бо истифода аз замони нав- замони истиқлолият перомуни расми хатамон андеша мекунем, фикрҳои гуногун пайдо мешаванд, аз ҷумла дар бораи он ки ба хатти пештараамон боз гардем ё ҳамин хатти имрӯзаамон эҳтиёҷотамонро дар шароити нав қонеъ мекунад?
Бо мулоҳизаҳои фавқулзикр ман ақида дорам, ки ин хат ба табиати гуфтори мо мувофиқ аст ва зарурияти дигар кардани он нест. Дар ҳамин ҳол ҳам мо тоҷикони Осиёи Миёна Афғонистон ва Эрон фарзандони як падар ҳастем, ки номи ӯ Ориё ё Ирон буд. Аз ин падар ба мо номҳо ва хонаҳо мондааст: Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, баъзе бародарони мо дар хонаҳои худ иҷоранишин шудаанд. Вазифаи мост,ки падари худро эҳтиром кунем ва хотираашро пок нигоҳ дорем, сарвати мерос мондаашро пок ва муқаддас нигоҳ дорем, аммо хонадони мустақили бародаронро дахолат накунем, зеро онҳо дигар кӯчак нестанд, ба камол расидаанд. Агар тавонем, кӯмакашон кунем, то пешрафташон афзунтар бошад. Ин ба ҳама соҳа, аз ҷумла ба хат низ дахл дорад.
Агар хатамонро дигар карда, ба хати арабӣ (форсӣ, ниёгон ва ғайра) гузарем, чӣ мешавад?
Дар марҳалаи аввал забонамон ва оҳиста- оҳиста миллатамон дигар мешавад. Забонамон форсӣ ё дарӣ бояд номида шавад, зеро ин хат таърихан бо ҳамин номҳо маъруф шудааст. Танҳо арабҳо онро хатти арабӣ мегӯянд ва ҳар ҷаҳоние чӣ англис, чӣ ҳинд, чӣ америкоӣ ё япон агар хатшинос бошад, чун арабии ислоҳшударо дид, ба таври беихтиёр форсӣ мегӯяд. Дар асри Х1Х ҳамин тавр шуд, олимони рус ва аврупоӣ,ки ба Осиёи Миёна меомаданд, медиданд ва аз худи халқ медонистанд,ки номи қавм тоҷик аст, ҳаминро ҳам мегуфтанд, ки халқи Осиёи миёна тоҷик аст. Аммо дар назардошти расми хат забонамонро тоҷикӣ не, форсӣ мегуфтанд, зеро онро ҳамчун хатти форсӣ эътироф карда буданд. Имрӯз ҳам агар максадҳои пешгузоштаи бародарон татбиқ шавад ҳамон ҳолат ба миён меояд, калимаи тоҷик ба маънои забон гум мешавад. Ҳаводорони ин равона дар муҳити Эрон, кишварҳои туркнишини Осиёи Миёна, ки маҳз замини тоҷиконро ишғол кардаанд, ба сари тоҷикон лашкар кашида, дар Эрон номи қавми тоҷикро аз байн бурдаанд ва акнун навбати худи Тоҷикистон расидааст, зиёданд.Номи забонро дигар кардан, аввалин гомест дар расидан ба нияти нопоки онҳо. Дар Тоҷикистон танҳо чанд тан маошхӯрони онҳо ҳастанду бас. Онҳое, ки давомдиҳандаи ин раванд ҳастанд, оқибати кори худро наандешидаанд.
Дар ин марҳала инчунин забони мо рӯ ба арабӣ шудан меорад. Арабӣ на ба маънои гуфтугӯи арабӣ, балки бартарӣ пайдо кардани калимаву истилоҳоти арабӣ дар муқоиса ба калимаву истилоҳоти нави форсии тоҷикӣ. Ман муқобили истифодаи алфози арабӣ нестам, балки пайрави устод Садриддин Айнӣ ҳастам, ки менависад:
«Ман шахсан бо кор фармудани баъзе суханҳои арабӣ, ки имрӯз дар забони форсу тоҷикӣ ҳазм шудааст, муқобил нестам. Ва инчунин кор фармудани истилоҳҳои арабиро ки аз имрӯза форсӣ ё тоҷикӣ ба ҷойи онҳо сухани қобиле ёфт намешавад, лозим медонам. Лекин на ба он дараҷа ки аз забони тоҷикӣ танҳо адот (ададҳо – И.У.) боқӣ монад, ё баъзе суханҳои дар форсӣ ҳазм шудаи арабиро бо қоидаи араб ҷамъ карда, хонандагонро ба кофтукови луғат ва сафу навҳви арабӣ маҷбур кунанд».
Ин раванд, яъне ба ҷои калимаҳои ноби тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) истифода кардани калимаҳои арабӣ дар таърихи адабиёт ва илми мо бисёр дучор омадааст. Фирдавсӣ, ки дар асрҳои аввали хатти арабӣ «Шоҳнома»- ашро навишт ва онро бо ифтихор аз таъриху забони худ навишт, дар ин 60 ҳазор байт, яъне қариб 500 ҳазор калима, ҳамагӣ чанде аз калимаи арабӣ ҳасту бас.Шояд яке аз сабабҳои ба туркҳои ғазнавӣ писанд наомадани «Шоҳнома» низ дар ҳамин бошад. Аммо дигар адибонамон, бузургтарин адибонамон Ҳофиз, Мавлавӣ, Аттор, Ҷомӣ, Бедил, ки бо ифтихори мусулмонӣ барои осон кардани фаҳми оёти «Қуръот» ё ҳадиси пайғамбар ё дар ситоиши офаридгор ва бузургиҳои ӯ қалам ронданд, маҷбур шуданд, аз калимаи арабӣ фаровон истифода кунанд ва забони форсии қадимаи худро бо луғоти арабӣ ғанӣ гардонанд. Кор ба ҳадде расид, ки наср ва назми Аҳмади Дониш, ки дар асри XIX зистааст, аз назм ва насри Рӯдакӣ ва Дақиқии асри IX душвортар шуд. Пас хатти арабиасос, хатти ниёгон моро аз калимаҳои асили тоҷикӣ дур ва ба вожаҳои арабӣ хеш мекунад.
Марҳилаи ниҳоӣ. Бо баргаштан ба хати арабӣ халқи тоҷик (забон не, халқ) аз байн меравад, зеро халқе, ки калимаҳои хоси худашро фаромӯш ва калимаҳои миллати дигарро муътабар мекунад, бе бақо ва гадо аст. Ё халқ, бо забони худ боқӣ мемонад, ё халқи дигар бо забони худ пирӯз мешавад. Сарнавишти қитъаҳои Амрико ва Австралия ва Сибир далеле бо инанд. Сарнавишти Хоразм ин аст.
Нописандӣ нисбати забони порсии Осиёи Миёна ва бо ғарази нишон додани бартарии миллати худ, сарзамини худ, падари худ таъриф кардани таърихи он, ҳатто ба бузургони ҳаммиллат хос аст. Масалан, устод Нодир Нодирпур муътакид аст, ки:
«Албатта ин сухан бад он маъно нест, ки порсии дарӣ забони бе падару модар буда ва реша дар ҳеҷ хоку хуне надошта, балки бад ин маъност, ки дар кӯдаки аз ду сӯ «ятим» шуда ва бо ҳиммати дигарон парвариш ёфтааст, зеро дар навиштҳои устод Сафо хондем, ки «падару модари забони дарӣ ду лаҳҷаи расмӣ- ашкони ва сосонӣ дар дарбори Мадоин буданд ва ҳарду ба сабаби интиқоли пойтахт аз Мағриб ба Машриқ решакан шуда, ба лаҳчаҳои шарқии Эронӣ дар омехтанд…
Гумон на бояд кард, ки фақат ҳамсоягони шарқи Эрон ба забони порсӣ алоқа доштанд…»1. Ва ин устоди бузург бо ҳама эҳтиромаш ба мардуми тоҷик, бо тазаккуроташ ба решаи умумии мо қоил шуда наметавонад, ки ин ин забон дар Осиёи миёна дар заминаи забонҳои суғдӣ ва бохтарӣ пайдо шудааст. Ман ӯро мефаҳмам ва эҳтиром мекунам, зеро меҳри миллати ҳамхок ба сухан водоштааст.Ман ӯро мефаҳмам, ӯ аввал Эронӣ аст, сипас форсизабон. Ин суханҳои вай ифтихор аз миллати ҳамхоканд, на ҳамфарҳанг. Ин ба ҳар шахси поквиҷдон хос аст.
Ман ҳам дар хусуси сарнавишт ва сарзамин мисли ӯ андеша дорам.Аз ҳамин сабаб фикри устод Садриддин Айниро меписандам, ки барои точикон писари ҳамхок, ҳамхун ва ҳаммиллат аст.Яъне зодгоҳи забони умумии мо мардуми форсизабон Бухорост. Сарзамини ба номҳои Ориё, Суғд, Бохтар Сакоӣ, Ҳайтол, Мовароуннаҳр, Хуросон, Бухоро ва шояд номҳои қадимтар аз ин ки ман намедонам, чандин ҳазор сол умр дорад. Халқи ман бо номҳои Тӯрону Эрон, Ашкониву Сосонӣ, Тоҳириву Сафорӣ, Сомониву Ғурӣ, Куртиву Ҷонӣ, Бухорову Туркистон ва шояд боз даҳҳо номҳои дигаре, ки медонаму намедонам, давлат сохтаст. Миллати ман ва қавмҳои Суғду Бохтар, Сакоӣ ва шояд қавмҳои дигар ки ман ҳатто тасаввур намекунам, ташаккул ёфта ва баъди умри ҳазорсолаҳо танҳо ҳазор сол пеш аз ин тоҷик ном гирифтааст. Ва ифтихор мекунам, ки дар ҳазор соли умри тоҷикиаш дар илму адабиёт ин қадар фарзонаҳо, ягонаҳоро додаст, ки ҳеҷ миллату қавм ба ҳаддаш нарасидааст.
Ва бо ҳама таърихи ҳазорсолаҳо, ва бо ҳам шӯхрату садсолаҳо акнун наздики бист сол мешавад, ки сарзаминам, давлатам, забонам ва халқам ба як ном ёд мешавад, тоҷик,Тоҷикистон.Чи хел ифтихор накунам, ки аввалин шаҳрро дар ҷаҳон -Балхро, аавалин китобро дар олам - Авесторо халқе офаридааст, ки тоҷикаш мегӯянд. Аслан халқи ман гаҳвораи одамият будааст. Зеро, ки дар аксарият забонҳои дунё аввалин махлуқи дупоро бо андаке хосияти лафзӣ Одам ва Ҳаво талаффуз мекунанд ва танҳо дар забони мо ин ду исми созандаи инсоният маъно дорад. Бинобар ин ҳамфикри Абдулҳамид Самадов ҳастам, ки тоҷикони ин ақидаро пешпозананда, аз тоҷикони худношинос шармида, гуфтааст: «лаҳза ва ҷузъиётҳои ҳузнангезу шармовари хориву забунӣ, соддаливҳию беғайратии фарзандони ношуди миллат, мутасифона дар таърихномаҳо бисёр сабт шудаанд. Яқин, ки сабаби аз байн рафтани давлати Сомониён маҳз чунин буздилӣ, бешарафӣ, бетофовутӣ баднафсӣ ва камбағалӣ аз ҳисси худшиносиву ифтихори миллӣ, лавандиву камтадбирии меросхӯрони ношуди шоҳ Исмоили Сомонӣ будааст»1.
Ҳамчунон мехоҳам, ки ҳар касе дар бораи миллати тоҷик, гузашта, имрӯз ва фардои он менависад, мисли Лоиқ нависад, ки дар васфаш устод М. Шакурӣ ва муҳаққиқ В. Самад гуфтаанд: «Лоиқ дар шеъри тоҷикии садаи ХХ баёнгари беназири мавзӯҳои миллӣ, саҳеҳтараш дарду ҷароҳатҳои миллӣ гардид. Маҳз ба ҷасорат, дониш ва биниши шоиронаи ӯ дар адабиёти навини тоҷикӣ мавзӯъҳои миллӣ рангу бӯи тоза ёфт ва ба расмият даромад. Тафаккури миллии тоҷикӣ шакл гирифт. Аз шеъри Лоиқ баробари оҳанги дардҳои миллат, навои ҳузнангези иллатҳои миллат низ шунида мешуд. Бинобар он метавон гуфт, ки шеъри Лоиқ аз пурсӯзтарин омилҳоест, ки барои ташаккули тафаккури миллии тоҷикӣ мусоидат намудааст.
Миллате, ки корҳои худро ба дараҷаи фоҷиа расонадааст ва натавонистааст сияҳкорони тангназар ва худғаразро аз сари худ дафъ намояд, дар шеъри тоҷикӣ мавриди сарзаниш қарор гирифт… Норизоӣ аз миллати ноогоҳ ба дилмондагӣ аз миллати худноҷуё овард. Барои Лоиқе, ки сахт миллатпарасту оташин аст, осон набуд, ки бигӯяд: «дилам аз ин халқу ватан мондааст». Вале вай гуфтааст, ва бо олам ошкор гуфтааст. Ин гуфтаи ӯро ки бо хуни дил навиштааст, ба ҳеҷ ваҷҳ бе одобиву беҳурматӣ нисбат ба миллату ватан набояд донист. Ин як гиллаи сахтгиронаи фарзанди содиқи миллат аз модар - ватан ва падар - миллат аст, ки умеди фарзандони худро барбод додаанд»1 .
Пас аз ин мубоҳисаҳо, мисоловарию исботкуниҳо, боваркунониданҳо, сарзанишу гилаҳо хулосаи зеринамро гуфтан мехоҳам. Хатти имрӯзаи тоҷикӣ ба забони гуфтугӯӣ, одобу маданияти миллӣ, тоза ва пурра шудани таркиби луғавӣ, расондани маълумоти аниқ ва беғалат ба ояндагон, муҳофизат аз таъсири бегонагон, зуд босавод шудан ва донишу илми замонаро фаро гирифтан, мусоидат менамояд. То асри ХХ дар тамоми дунё хат хоси гурӯҳои алоҳидаи аҳолӣ, табақаи дорои аҳолӣ, қисми ками аҳолии ҳар кишвар ва ҳар забон буд. Дар шароити имрӯза, ки хат моли ҳама аст, на хосагон, хатти соддаву равон, хати озод ва равшан, даркор аст на хатти сирдор, на хатте, ки ҳатто калимаву ҳарфаш ба худ маънои сирдорро дошта бошад. Соддагӣ барои он лозим аст, то мукотиба ва мутолиаи ором ва бемуаамо сурат гирад, то ҳама хонда ва навишта тавонанд. Хатти имрӯзаи тоҷикӣ ин хосиятро дорад. Халқ, ҷомеа пеш меравад ва дар ин пешравӣ илмҳои табиатшиносӣ ва технологӣ нақши муҳим доранд ва дар пешравию пешнигарӣ хатти имрӯзаи мо бештар мусоидат менамояд.
Ҷаҳонишавии фарҳанг моро ба андеша мебарад, аҷаб не дар истифодаи хатти арабӣ таҳаввулоти ҷиддие ба амал ояд ва дар он халқҳои ҳамзабони мо ҳам даст дошта бошад.
Аммо барои пайдо кардани ҳақиқат дар бораи хатти имрӯза хати ниёгонро донистани тоҷикон ба хусус эҷодкороне, ки ба таҳқиқи таърихи адабиёт ва илм машғуланд муфид аст, зеро чизҳои то имрӯз нашинохтаамонро аз гузашта ёфтан, барои имрӯзу фардо истифода бурдан вазифаи онҳост. Хатти расмӣ ва хатти аслии мо ҳамин хатти имрӯзаи тоҷикӣ монад ва карафтодагон бемалол аз ҳар хатти дигар истифода кардан гиранд.
Адабиёти истифодашуда:
- Айнӣ С. Маънои калимаи тоҷик. Душанбе Адабиёт ва санъат с. 1992.
- Асимова Б.С. Языковое строительство в Таджикистане. 1920-1940. Душанбе Дониш 1982.
- Адабиёт ва санъат 2008.
- Афсаҳов А., Қаҳҳоров Ҳ. Хат ва пайдоиши он. Душанбе 1979.
- Бартольд. В.В. Сочинение Том. (ч.1).
- Бертельс Е.Э. Из истории попыток реформы арабского алфавита. Культуры и писменность Востока. Кн. IV
- Вамбери Г. История Бухары или Трансоксании из древнейших времен до настоящего. Т.1.2 Санкт- Петербург. 1873.
- Дьяков А.Н. Языки современного Памира. Культура и писменость Востока. кн X.
- Жирков Л.И. Вопрос о латинском алфавите для персидского языка. Культура и письменность Востока. кн I.
- Забон ва худшиносии миллӣ. Душанбе, 2007.
- Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо. Маҷмӯи мақолаҳои матбуоти солдҳои 20- ум (тартибдиҳандагон А.Набавӣ, Н. Одинаев, Т. Олимова). Душанбе, Ирфон,2007.
- Муҷахарфӣ А. Муфиз-ул анвор ва девони ашъор. Душанбе, 2006.
- Исаев Н.И. Нация и язык- Вопросы истории, 1968 2.
- Овози тоҷик. 1928.
- Расторгуева В.С. Краткий очерк фонетики таджикского языка. Сталинабад. 1955.
- Роҳбари дониш. 1928.
- Садои мардум. 2001.
- Современный Иран. (Справочник) М. , «Наука» 1975.
- Тагиев У. Мирзофатали Охундов. И новый тюркский алфавит. Култура и письменность Востока. Кн. 2.
- Усмон И. Мулк бе сиёсат пойдор намонад. Душанбе 1996.
- Усмон И. Тоҷикон. Душанбе 2001.
- Усмонов И. К. Правда о таджиках (бо забонҳои русӣ ва англисӣ) Душанбе- 2006
- Қосимова М. Хат ва имлои классикии тоҷик. Душанбе 2000
- Ҳумоёнфаррух А. Дастури ҷомеаи забони форсӣ (бо забони форсӣ) Теҳрон 1958.
- Юшманов Н.В. Арабский язык латинсками буквами Культура и письменность Востока кн. 6.
- Ҷунбиш, 1998.
- Ҷумҳурият, 2001.
2008с.
1 Современный Иран (справочник). М., «Наука» 1975, с. 38
1 «Чунбиш».1998, № 17
2 Хамон љо
1 Чунбиш, 1998,№ 18
1 Забон ва худшиносии миллї.Д. 2007, с. 6
1 Айнї С.Маънои калимаи тољик. Нашр. «Адабиёт ва санъат».1992. с.16
1 Иброњим Усмон. Мулк бе сиёсат пойдор намонад. Душанбе, 19996, с. 30
1 Вамбери Г. История Бухары или Трансаксании с древнейших времен до настоящего. Т. 1-2. Санкт –петербург. 1873 с. 7-8
2 Њамон љо. С. 8
3 Њамон љо. С. 76-77
1 «Роњбари дониш» с. 1928
1 Барои мисол ниг. Иброњим Усмон «Тољикон». Душанбе 2001; И.К. Усмонов «Правда о таджиках» (ба забонњои русї ва англисї) Душанбе, 2006
1 Омўзгор. 1998, 25 март
2 Муфассал ниг. Ќосимова Н. Хат ва имлои матни классикии тољик. Душанбе. 2000. с. 5-6
1 Забони тољикї дар мабнои мубоњисањо. Маљмўаи маќолањои илмии солњои бистум. (тартибдињ. А. Набавї, Н. Одинаев, Т. Олимова) Душанбе: Ирфон, 2007, с. 111-112
1 Асимова Б.С. Асари номбурда, сањ 36
3 Ниг. Асимова , с. 38
1 Забони тољикї дар мабнои мубоњисањо. Маљмўаи маќолањои солњои бистум. (тартибдињ. А. Набавї, Н. Одинаев, Т. Олимова) Душанбе: Ирфон, 2007, с. 426
1 Омузгор,1998,15 март
1 Адабиёт ва санъат. 2008, 10 апрел
1 Муљахарфї А. Муфиз ул-анбор ва девони ашъор, сањ.. 191-192
1 Омўзгор 1998, 15 март
1 Љумњурият 22 майи соли 2001
1 Садои мардум 24 маи 2001