- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Оғози пилласупорӣ дар Шаҳритуз
Чор, 04/24/2019 - 12:31
Имсол бо ибтикори ҶСФ «Пиллаи Шаҳритуз» ва мусоидати ҶДММ Корхонаи истеҳсолии «Ганҷ» дар ибтидои моҳи апрел 830 қуттӣ тухмии кирмак баъди дар мавзеъ ё худ нуқтаҳои инкубатсияи ноҳия дар шароити мусоид зинда гардонидан ба 746 нафар пиллакорони 5 ҷамоати деҳоти ноҳия, инчунин ҶДММ «Дук» тақсим карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 30 қуттӣ зиёд мебошад. Дар соли ҷорӣ дар ҳама хоҷагиҳои ноҳия 17 ҳазор ниҳоли тут шинонда шудааст, ки аз ин миқдор 4000 бех тут аз ҷониби ҶСФ «Пиллаи Шаҳритуз» ба хоҷагиҳои кирмакпарвар ройгон тақсим карда шудааст.
Плантатсия ё худ тутзори ҶДММ «Дук» 7 гектарро ташкил дода, кормандони корхонаи мазкур дар ин мавсим нигоҳубину коркарди 8 қуттӣ кирмакро ба уҳда гирифтаанд.
Сарвари Ҷамъияти саҳҳомии фаръии «Пиллаи Шаҳритуз» Азалшо Қурбонов, дар суҳбат бо «Субҳи Шаҳритуз» иброз дошт, мутахассисони муассиса дар оғози мавсим риояи парвариши технологияи тухми кирмакро назорат намуда, ба кирмакпарварон маслиҳатҳои муфид ироа карданд. Дар айни замон кирмакпарварони ноҳияи Шаҳритуз дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ яке аз нахустинҳо шуда ба супурдани пилла ба нуқтаҳои қабул шуруъ намуданд.
Дар ноҳия сардори хоҷагии деҳқонии “Матлуба” (аз ҷамоати деҳоти Х.Холматов)Ахмед Аннаматов, ки собиқаи беш аз 20-солаи кирмакпарварӣ дорад, бо саҳмдорони хоҷагӣ Рустам Аннаматов, Комил Дониёров, Фотима Лолаева, Замира Дониёрова, рӯзи 22 апрел ба нуқтаи қабули ноҳия 54 кг пиллаи аълосифат супурданд, ки 4 киллограмми он аз нақша зиёд мебошад. Ҳамин тавр аъзои хоҷагиҳои деҳқонии “Маҳмасаид”, “Навбунёд” (аз ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов), “Мисратбобо” (аз ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров) таҳти роҳбарии Мухлиса Далаева, Санам Бегманова ва Баҳриддин Ҳаитов аз 30 то 60 килограммӣ пиллаи дар мавсими имсола истеҳсол кардаашонро ба хирмани пиллаи ноҳия ҳамроҳ намуда, ба фатҳи қуллаи мурод наздик шуданд.
Дар соли гузашта бо сабаби номусоидии обу ҳаво иҷрои нақшаи истеҳсоли пиллаи ноҳия ҳамагӣ 72, 5 фоиз иҷро шуда буд.
Кирмакпарварони ноҳия мақсад доранд, дар соли ҷорӣ 35 тонна пиллаи аълосифат ба даст оваранд. Барои иҷрои нақшаи солонаи истеҳсоли пилла дар ноҳия ҳамаи шароитҳо муҳайё мебошад. Роҳбарияти ҶСФ «Пиллаи Шаҳритуз» боварии комил доранд, кирмакпарварони соҳибноми ноҳия соли ҷорӣ дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ яке аз нахустинҳо шуда иҷрои нақшаи истеҳсоли пилларо таъмин менамоянд.
“Субҳи Шаҳритуз”