- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
ОДАМОН АЗ ДУСТИ ЁБАНД БАХТ!
Пан, 05/02/2019 - 15:31
Санаи 30-юми апрели соли 2019 тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти ҳайати гуруҳи кории таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимиятти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади баррасии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳифзи робитаҳои дустонаи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳвандӣ бо иштироки Раҷабзода Меҳринисо, муовини раиси ноҳияи Шаҳритуз, Рамазон Насриддинзода мудири бахши кор бо ҷавонони дастгоҳи раёсати вилояти Хатлон, Муҳаррам Мирзоалиева раиси ҷамъияти узбекони Тоҷикистон, И. Аслонов намояндаи ҷамъияти узбекони Тоҷикистон, Шаҳбози Искандар мудири шуъбаи таблиғ, иттилоот ва таҳлили Комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Қумринисо Сангалиева муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон суҳбату вохуриҳо доир гардонида шуд.
Дар ҷамъомад масъулини бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимиятти давлатии ноҳияи Шаҳритуз, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисони маҳалла, инчунин дигар қишри фаъоли ҷомеа ширкат варзиданд.
Чаласаро муовини раиси ноҳияи Шаҳритуз Меҳринисо Раҷабзода ифтитоҳ бахшида меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.
Рамазон Насриддинозода дар баромади худ оиди корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатти миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ростои барпонамудани Ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот дар кишвар ва барқарор намудани робитаи дустӣ дар байни ду миллати аз азал бо ҳам ҳамсоя ва дусту бародар тоҷику узбек суханронӣ намуд.
Сипас сухан ба раиси ҷамъияти узбекони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Муҳаррам Мирзоалиева, ва И. Аслонов намояндаи ҷамъияти узбекони Тоҷикистон, дода шуд. Эшон зимни баромади худ иброз доштанд, ки тоҷику узбек ҳарду мисли як ҷон дар ду банан ва мисли як нафар бо ду забон аст ва ин як неъмати илоҳист ки Худованд ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва Узбекистон ду Президенти оқилу доно ато намудааст. Ва имруз самараи сиёсати оқилонаи эшон аст, ки мо метавонем, ки бе ягон мамониат ба ҳамсоякишвари худ Узбекистон сафар намоем аз ҳоли хешону наздиконамон огоҳ шавем. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳар аср қаҳрамони худро дорад ва барои мардуми Тоҷикистону Узбекистон қаҳрамони асри 21 ин Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев мебошанд.
Баъдан муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон Қумринисо Сангалиева ва мудири шуъбаи иттилоотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятии Хатлон Шаҳбози Искандар, мудири шуъбаи таблиғ, иттилоот ва таҳлили Комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баромад намуда оиди пешбурди сиёсатти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президентти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбат намуда арз карданд, ки маҳз заҳмату талошҳои шабонарузии Пешвои муаззами миллат буд, ки имруз Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро тамоми сайёра мешиносанду эътироф менамоянд, ин ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Эҳсоси дустдоштани Ватан ва ҳифзу ҳимояти марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванд бояд муқаддаст бошад.
Дар фарҷоми мулоқот ишттирокчиён фикру ақидаҳои худро доир ба мавзуи зикргардида иброз доштанд.
“Субҳи Шаҳритуз”