Main menu

Таҷлили Рӯзи Ғалаба

         Рӯзи 8 май соти 10 дар  Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки роҳбарияти ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ,собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия,табибон, омӯзгорон,ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеаи ноҳия   бахшида ба таҷлили 74-солагии Рӯзи Ғалабаи халқи Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия М.Раҷабзода Паёми табрикии  раиси  нохияи   Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон  ба муносибати 74-солагии  Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро қироат намуда, ҳозирин ва дар шахси онҳо кулли шаҳрвандони ноҳияро бо таҷлили ҷашну бузурги таърихии Рӯзи Ғалаба самимона табрику таҳният гуфт.

IMG_6593_0.JPG IMG_6624_0.JPGIMG_6643_0.JPG

           Сипас ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини  консертӣ ва саҳначаҳои ҷолиб табъу хотири иштирокчиёни ҳамоишро болида гардониданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз