- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Таҷлили ҷашни сарҳадбонон
Сеш, 05/28/2019 - 18:16
28 май бо иштироки масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,низомиён, кормадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонон ва фарҳангиён дар қисми низомии № 0305 бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Шаҳритуз Р.Оймаҳмадзода, командири қисми низомии № 0305 А.Давлатов дар назди ҳозирин баромад карда, кулли сарбозону прапоршикҳо ва офитсерони қисми низомии мазкурро бо таҷлили 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, дар адои хизмати ҳарбӣ ба хотири таъмини амнияту осоиши марзу буми Ватани азизамон барору муваффақиятҳо таманно карданд.
Сипас мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия А.Сайраҳмонов Амри раиси ноҳияи Шаҳритузро дар бораи бо Ифтихорномаи раиси ноҳия қадршиносӣ гардидани як идда сарбозону прапоршикҳо ва офитсерони қисми низомии№ 0305 қироат намуд. Раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода ба низомиёни фаъоли қисми ҳарбии мазкур Ифтихорномаҳои раиси ноҳия ва туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти қисми низомии № 0305-ро дар вазъияти ботантана супорид.
Ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия ба сарҳадбонон барномаи рангини консертӣ намоиш дода, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба муҳофизони Ватан дастурхони идона ороста шуд.