Main menu

“САБЗ БОДО КИШВАРАМ”

        IMG_5276.JPG Санаи 28 майи соли 2019 бо мақсади ташвиқу тарғиби маърифати экологи дар байни наврасону ҷавонон, иҷроиши талаботҳои “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ дар давраи то соли 2020”, “Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019” дастгирии даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ҳамзамон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 5-июн “Рузи умумиҷаҳонии муҳити зист” аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар якҷояги бо шуъбаи маорифи ноҳия байни таълимгирандагони кудакистонҳо ва байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шаҳритуз, озмуни ноҳиявии “Сабз бодо кишварам” барои дарёфти ифтихорномаи мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, дар ҳудуди боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳия ташкил ва гузаронида шуд.

       IMG_5279.JPGДар озмуни мазкур зиёда аз 20 муассисаҳои мактаби ва томактаби аз руи 10-номинатсия “Расми беҳтарин”, “Шеъри беҳтарин”, “Ҳикояи беҳтарин”, “Мақолаи беҳтарин”, “Сурати беҳтарин”, “Кори меъмории беҳтарин”, “Кори таҳқиқотии беҳтарин”, “Саҳначаи беҳтарин”, “Видеоролики беҳтарин” ва “Видеофилми беҳтарин” иштирок намуданд.

         Дар озмуни мазкур намоянда аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Тураев Раҳмонали, ҳамчун аъзои комиссияи назорати иштирок намуданд.

         Тибқи  натиҷагирии  озмун,   ки аз тарафи намояндаги  Раёсати   ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи ноҳия амали гардид, зиёда аз 30 нафар хонандагони муассисаҳои мактаби ва томактаби бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотирави қадрдони карда шуданд. Тибқи баҳодиҳии умум ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4, барои ишғоли ҷойи 1-ум – 200 сомонӣ ҷоизаи пули ва “диплом”-и махсус, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1, барои ишғоли ҷойи 2-юм – 150 сомонӣ ҷоизаи пули ва ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 барои ишғоли ҷойи 3-юм – 100 сомонӣ ҷоизаи пули, тақдим карда шуд.

          Дар  оянда низ баҳри  ташвиқу  тарғиби  маърифати экологӣ  дар  байни  ҷавонону  наврасон аз  тарафи бахши ҳифзи  муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуз, чорабиниҳои экологию аҳамияти тарбиявидошта роҳандози карда хоҳад шуд.

            Ҳунармандони қасри фарҳанги ноҳия бо савту сурудҳои дилнишин таъби иштирокчиёни озмунро   болида гардониданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз