- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳия
Ҷум, 05/31/2019 - 18:41
Соли ҷорӣ рӯзи 30- юми май дар боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ноҳия, ҷавонон, аҳли ҷамоатчигии ноҳия чорабинии ботантана доир гардид. Меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ нахуст бо маҳсули дастони ҳунармандони ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз наздик шинос шуда, ба чорабиниҳои варзишию фарҳангии ҷавонон ва мутасаддиёни ҷашнвора таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Сипас дар Маркази дастгирии ҷавонони ноҳия бо иштироки ҷавонон, аҳли ҷомеаи ноҳия ва ташрифу ширкати меҳмонони олиқадр, бахусус сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока, муовини намояндаи Барномаи рушди СММ дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон хонума Сания Боянич, намояндаи Агентии Ҷопон ҶАЙКА(LITAСА) оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ хонума Нишикава Наоко, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабзода ҳамоиш баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон зимни баромади худ нахуст меҳмонони олиқадрро хайра мақдам гуфта, аз ҷумла чунин иброз дошт: «Маросими расмие, ки имрӯз моро ба ҳам овардааст, ин аз ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ ва ба ин васила ба истифода додани «Маркази дастгирии ҷавонон» дар ноҳияи Шаҳритуз ба мо мужда мерасонад, ки бо ташаббусу дастгирии сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Ҷопон ҶАЙКА(LIСА) оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди СММ дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардидааст. Мақсади асоси барномаи мазкур барқарорсозии бинои мавҷуда, ки ин ба рушди инфрасохтори ноҳия, сатҳи зиндагии иҷтимоии ҷавонон, инчунин баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи ҷавонон нигаронида шуда буд, ба пуррагӣ анҷом ёфта, иншоооти номбурда дари худро ба рӯи ҷавонони ноҳия боз намуд.» Ӯ ба масъулону намояндагони ташкилотҳои бонуфузи болозикр барои саҳмгузорӣ ба таҷдиду навсози иншооти ба истифода дода шуда яъне «Маркази дастгирии ҷавонон» дар ноҳияи Шаҳритуз изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки масъулин маркази мазкур аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, инчунин дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо, пешгирӣ намудани ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои ифротиву иртиҷоӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегарданд.
Сипас дар назди иштирокчиёни ҳамоиш меҳмонони олиқадр аз он ҷумла сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока, муовини намояндаи Барномаи рушди СММ дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон хонума Сания Боянич, намояндаи Агентии Ҷопон ҶАЙКА(LITAСА) оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ хонума Нишикава Наоко, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабзода баромад карда, ба ҷавонони ноҳия барои ба истифода дода шудани «Маркази дастгирии ҷавонон» ва фаъолият босамари ояндаашон ба манфиатидавлату ҷомеа барору комёбиҳои беназир орзу намуданд. Дар навбати худ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши ҷавонони ноҳия ба меҳмонон Ифтихорномааю туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар қисмати дигари ҳамоиш раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода Паёми табрикиашро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қироат кард. Дар фароварди Паёми табрикии раиси ноҳия мудири бахши бойгонии ноҳия Манучеҳри Анварӣ Амри раиси ноҳияро Дар бораи сарфароз гардонидани як гуруҳ ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳритуз бахшида ба таҷлили «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» гӯшраси ҳамагон намуд. Раиси ноҳия хонандагони синфҳои 11-и МТМУ-ҳои рақамҳои 9ва 8-и ноҳия Бузургмеҳр Нуров ва Дилангез Мамараҷабова-ғолибони ҷойҳои 1 ва 2-и Олимпиадаи байналмилалии «Кенгру»- шаҳри Бохтар, Фирузбек Сариев, Пайрави Шаҳкор, Расулҷон Ҳусайнов-ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба карате-кёкушинкай, ҷойҳои 2-3-юм (аз шаҳраки Шаҳритуз), Шаҳнозабону Қурбонова, волонтёри фаъоли бахши ҷавонон, хонандаи МТМУ-и №8, Абдумаҷид Зоитов, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия, Равшан Султонов, сармутахассиси шуъбаи умумии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Сафолшоҳ Саидҷабборзода, муовини сардори ШВКД дар ноҳия, майори милитсия, Дилшод Ализода, мушовири адлияи дараҷаи 3, ёрдамчии прокурори ноҳия ва Мансур Мусоев, котиби маҷлиси судии суди ноҳияро барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ҳисси баланди худшиносииву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ, маърифати баланди ҳуқуқӣ, густариши ваҳдати миллӣ , таъмини суботу оромӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бо Ифтихорномаи раиси ноҳияву туҳфаҳои арзанда сарфароз гардонид.
Инчунин аз ҷониби раиси ноҳия ба хонандагони фаъоли ноҳия, «Гирандагони стипедияи раиси ноҳия» мукофоти пулӣ супорида шуд.
Дар охир ба иштирокчиёни чорабинӣ ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия ва ҷавонону наврасони соҳибистеъдоди ноҳия барномаи идонаи консертӣ манзур намуданд.