- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Шиносоӣ ва дастуру маслиҳати гуруҳи кории вилоятӣ
Шан, 06/01/2019 - 18:00
Рӯзи 31 май гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Умедхоҷа Зоҳирзода, инчунин муовинҳои сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон А.Иброҳимиён, Ҳ.Раҳимов, сардори идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Ш.Раҳимзода, сардори раёсати бехатарии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Хатлон М.Ҳасанзода, муовини раиси идораи Кумитаи замини вилояти Хатлон А.Хоҷазода, сардори Бозрасии назорати техникии кишоварзии вилояти Хатлон А.Баҳодуров, раиси иттифоқи касабаи коркунони иттиҳодияи агросаноатии вилояти Хатлон А.Қиличев, сардори идораи хушзоткунӣ ва бордоркунии сунъӣ дар вилояти Хатлон Н.Розиқов тибқи супориши раиси вилояти Хатлон оиди шиносоӣ ба рафти корҳои соҳаи кишоварзӣ, ободонӣ, захираи хӯроки чорво, кишти такрорӣ ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ба ноҳия ташриф оварданд.
Ҳайати гуруҳи кории мазкур аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дидан намуда, баъдан дар толори Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов бо иштироки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул сафари кориашонро натиҷагирӣ намуданд. Дар ҷамъомад дар баробари зикри муваффақиятҳо, камбудию норасоиҳои ошкор гардидаю мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, барои ислоҳу бартараф кардани онҳо аз ҷониби ҳайати гуруҳи корӣ дастуру супоришҳои мушаххас ироа гардид.
Дар охир раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода ба меҳмонон барои ташрифи корӣ ва дастуру маслиҳатҳои беғаразонаашон изҳори сипос намуда, ваъда дод, ки масъулин ва аҳли заҳмати ноҳия ҷидду ҷаҳд менамоянд, дар кутоҳтарин фурсат камбудиҳои ҷойдаштаро бартараф намуда, дар самти кишовазӣ ва ободонӣ ба пешравиҳои чашмрас ноил мешаванд.