Main menu

1-ИЮН РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ МУҲОФИЗАТИ КӮДАКОН

             Рузи 1-июни соли 2019 дар ноҳияи Шаҳритуз бахшида ба рузи байналмиллалии муҳофизати кудакон  чорабинии фарҳангӣ фароғатӣ бо иштироки раиси ноҳияи Шаҳритуз муҳтарам Оймаҳмадзода Рамазон Алихон, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарни ташкилоту муассисаҳо  баргузор гардид.

           IMG_5718.JPG Чорабини нахуст бо паёми табрикотии  раиси ноҳия муҳтарам Оймаҳмадзода Рамазон Алихон  ба муносибати Рӯзи байналмиллалии муҳофизати кӯдакон, оғоз гардида, иброз дошт, ки  «Имруз ин ҷашн  дар саросари ҷаҳон ҳамчун рузи хушнудии кӯдакон, ҷашни фархундаи наврасон бо мақсади  ҳимояи  ҳуқуқҳои кӯдакони ҷаҳон  ҷашн гирифта мешавад, зеро  ояндаи  ҳар як  ҳалқу миллат аз кӯдакону  наврасон вобастагии қатъӣ дорад.

             Рӯзи  байналмиллалии ҳифзи кӯдакон  на  танҳо  ҳамчун рӯзи таърихӣ,  балки   айёми  ба   ҷомеа    ёдовар шудан аз  зарурати  риоя  ва эҳтироми  ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит  барои  ташаккули ҷомеаи инсонпарвару  адолатпарвар аст.

             Ғамхориҳои имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти  мамлакатамон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нисбати  ҳимояи  манфиатҳои  кӯдакон, баланд бардоштани  дараҷаи  маълумотнокӣ,  инкишофи зеҳнӣ,  тансиҳатии онҳо  аз он шаҳодат  медиҳад, ки давлати мо барои  ояндаи дурахшони худ пойдевори  мустаҳкам гузошта истодааст.

         IMG_5824.JPG Дар   ноҳияи мо  барои рушду камолоти  кӯдакону  наврасон шароитҳои   зиёде муҳайё  карда  шудааст. Ба  таълиму тарбияи  кӯдакону наврасон асосан оила, муассисаҳои томактабӣ  ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия машғул буда,  фаро гирифтани кӯдакон ба кӯдакистонҳо ва мактабҳо  яке аз омилҳои асосии ба воя расонидани  насли баркамолу солим мебошад. Айни ҳол дар ноҳия 7 кӯдакистон фаъолият намуда, дар онҳо зиёда аз 932 нафар кӯдакон фаро гирифта шудаанд.

             Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз  дар ноҳияи мо ин ид зери  барномаи рангину диққатҷалбкунанда барои шумоён фарзандони азизу меҳрубон тачлил гардида истодааст».

         IMG_5756.JPG   Дар чорабинии мазкур аз руи 5 номгуй  аз қабили  «Дастони  моҳир», «Ровии беҳтарин» , «Рассоми беҳтарин», «Сарояндаи беҳтарин» ва «Ихтироъкори беҳтарин» ба роҳ монда шуда дар он 6 муассисаи тобактаби ва маркази таҳсилоти иловагии назди шӯбаи маорифи ноҳия фаъолона ширкат варзида соҳиби ҷойҳои  намунавӣ гардиданд.  Инчунин аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   ба 3 нафар иштирокчиёни озмунҳои вилоятии «Рассоми беҳтарин», «Дӯзандаи беҳтарин» ва «Ровии беҳтарин»  ширкат варзида буданд  бо  ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.  Дар фарҷоми  чорабинӣ  барномаи театрикунонидашудаи  бахши фарҳанг ва боғчаҳои бачагонаи ноҳия  пешкаши тамошобинон гардонида шуд. 

          

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз