- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
«Тоҷикистон-кишвари ҷавонон»
Ҷум, 06/14/2019 - 12:15
Гузориш аз чорабинии сиёсии ҷавонони ноҳия
Рӯзи 13-уми июн бо иқдоми бахши ҷавонон дар ноҳияи Шаҳритуз, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз ва мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз дар маркази ноҳия чорабинии «Ҷавонони мо кафили амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол» таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари ҷавонон» бо ширкати раиси ноҳия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони соҳаи идеологии ноҳия баргузор гардид.
Чорабинӣ соати 9 :30 дақиқа аз назди меҳмонхонаи марказии ноҳия то майдони Исмоили Сомонӣ оғоз ёфт. Издиҳоми ҷавонони ноҳия дар даст шиору навиштаҷот аз қабили «Мо пайравони Пешвои миллатем», «Терроризм ва экстремизм хатарҳои ҷаҳони аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир аст», «Ваҳдати миллӣ кафолати инкишофи давлат ва ҷомеа мебошад», аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қаҳрамонони Тоҷикистон, дар забон суханҳои ватандӯстона ҷониби майдони Исмоили Сомонӣ ҳаракат намуданд. Онҳо бо ифодаи хитобаҳои «Мо пайравони Пешвои миллатем», «Мо, ҷавонон, зидди падидаҳои хатарноки терроризм ва экстремизм ҳастем» ва ғайра якдилию ҳамраъйии худро аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.
Инак, иштирокчиёни ҳамоиш, ҷавонони ноҳияи Шаҳритуз, бо ҳисси худшиносию эҳсоси баланди ватандӯстона ба майдони Исмоили Сомонӣ ворид шуданд. Ҷавононро раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода, роҳбарони мақомоти қудратии ноҳия ва дигар ашхоси масъул самимона истиқболу пазироӣ намуданд. Дар оғози ҷамъомад аз ҷониби ровии ҳамоиш суханони зерини Сардори давлат садо доданд: «Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем.
Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам».
Сипас муовини раиси ноҳия М.Раҷабзода дар назди иштирокчиёни чорабинӣ баромад карда, аз ҷумла чунин ибрози назар кард: «Воқеан барои терроризм сарҳад вуҷуд надорад. Дар ақсои олам ифротгароию терроризм рӯз то рӯз бештар реша давонда, беэътиноӣ нисбати ин падидаи даҳшатафкан боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ, вайрону валангор шудани шаҳру минтақаю давлатҳои гуногун гардида, ба руҳияи мардум таъсири манфӣ расонида, ояндаи онҳоро зери хатар қарор медиҳад.
Тоӌикистон аз назари рушди демографӣ дар ӽалли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аӽолӣ яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ӌавонон ташкил медиӽанд. Бинобар ин Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ӌумӽурии Тоӌикистон Эмомалӣ Раӽмон масъалаи наврасону ӌавонон ва ӽалли мушкилоти ӽаёти онӽоро яке аз самтӽои афзалиятноки давлат эълон кардааст. Сарчашмаӽо нишон медиӽанд, ки бештар ӌавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ӌомеа ба ӽисоб мераванд, ӽадафи асосии гуруӽӽои террористӣ ва экстремистӣ қарор дода мешаванд.
Имрӯзӽо яке аз фаъолтарин воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ӌавонон ба гуруӽӽои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаӽои интернетӣ мебошад. Созмонӽои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паӽн кардани сабтӽои видеоӣ, наворӽои таблиғотӣ ба равони ӌавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ӽатто ба ӌиӽод ва ӌанг даъват менамоянд. Ӽарчанд борӽо зикр шудааст, ки Ислом ба тундгароӣ ва даӽшатафканӣ хурдтарин алоқамандие надорад. Аз ин лиӽоз волидайни азизро мебояд, ки шароити замонавиро барои фарзандон муӽайё намуда, тарзи дурусти истифодаи шабакаӽои интернетиро барои фарзандонашон омўзонанд, то ки пайвандонашон аз нодонӣ ва ақибмондагӣ раҳо ёфта, аз илми замони муосир бархурдор шуда, созандагию бунёдкориро шиори зиндагии ҳаррӯзаи хеш қарор диҳанд.
Хусусияти дигари ӌавонон ӽамчун субъекти иӌтимоии муносибатӽои сиёсӣ аз хусусиятӽои шуури ӌавонон, ба вазъи иӌтимоию иқтисодии ин гуруӽ вобаста аст. Илова бар ин баъзе наврасону ӌавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таӽсил ва соӽиби ягон касбу ихтисос шудан, кўшиш ба харӌ намедиӽанд, бе шуғл мемонанд, аз хизмати ӽарбӣ низ саркашӣ менамоянд, баъзеи онӽо гирифтори бемории нашъамандӣ мегарданд, аксарияти оилаӽои ӌавон бо сабабӽои гуногун пош мехуранд, ки ин омилӽо низ боиси шомил гардидани ӌавонон ба равияӽои бегона мегардад”.
Муовини раиси ноҳия дар фароварди суханрониаш изҳори боварӣ кард, ки шаҳрвандони ноҳияи Шаҳритуз, бахусус ҷавонон, дар ҳама ҳолат бедорию ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, худро бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ намуда, бо ҳар гуна зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон бурда, бо дарёфти ҷойгоҳи муносиб дар ҷомеа ба ин ин миллат ва ба ин Ватани озоду биҳиштӣ минбаъд ҳам хизмати содиқона менамоянд.
Сипас ҷавонони фаъол, гирандагони идрорпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Шаҳритуз, толибилмони МТМУ-и №1 Исфандиёр Бандаев, Фарзона Ҷамшедова,Заррина Журақулова, Умеда Сафарова, Сарвиноз Олимова, Мафтуна Ғуломова, Адиба Сайдалиева баромадҳои хешро таҳти унвонҳои “ Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем”, “Терроризм – зуҳуроти номатлуб”, “Хатари терроризм ва экстремизм ба ҷомеа”,“ Экстремизм ва терроризм падидаҳои номатлуби ҷомеа”,“Тақвияти мубориза бо зуҳуроти хатарзо”, “Шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро”, “Терроризм, ифротгароӣ ва ҳуқуқи инсон” манзури иштирокчиёни ҳамоиш намуданд.
Чорабинии «Ҷавонони мо кафили амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол» бо садо додани якчанд сурудҳои ватандӯстонаи аҳли ҳунари ноҳия анҷом ёфт.
“Субҳи Шаҳритуз”