Main menu

Эҳтиром ба забон –арҷгузорӣ ба миллату давлат

        Гузориш аз мулоқоти Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Г. Шарофзода бо масъулони  ноҳия

        Рӯзи 14 июн Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гавҳарбону Шарофзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритуз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо масъулони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияи Шаҳритуз  вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоқот доир намуд.

     IMG_6117.JPG Мулоқотро  муовини раиси ноҳия М.Раҷабзода бо сарсухан ҳусни оғоз бахшид. Сипас  Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гавҳарбону Шарофзода  суханронӣ намуда, доир ба рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», риояи иҷрои қонуни мазкур дар маҳалҳои ҷумҳурӣ батафсил ҳарф зада, вобаста ба ин санади муҳиму тақдирсози миллату давлат аз   иддае роҳбарону масъулини ноҳия пурсиш намуд.

       Сарвари Кумита иброз дошт, аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳ сол сипарӣ мешавад, вале дар маҳалҳо татбиқи амалии он бо кундӣ пеш рафта, аз ҷониби баъзе масъулон нисбати иҷрои он саҳлангорию беэътиноӣ ба мушоҳида мерасад. Ба таъкиди Шарофзода имрӯз ҳам дар  овезаю навиштаҳои ташкилоту муассисаҳо хатоҳои имлоӣ  хеле зиёд ба назар мерасад. Дар ошхонаю тарабхонаҳо ба ҷои калимаю вожаҳои шевои тоҷикӣ то ҳол калимаҳои ғайритоҷикии «меню», «салат», «блюди», «цена», «сом.» ва ғайра мавриди истифода қарор доранд.

        Мавсуф зикр намуд, ки дар саросари ҷаҳон 7100 забон мавҷуд асту аз ин теъдод ҳамагӣ 100 забон мақоми давлатӣ  гирифтаанду халос.Хушбахтона дар ин қатор забони тоҷикӣ ҳам соҳиби мақоми давлатӣ гардида,, дар байни 100 забон зинаи 23-юмро ишғол менамояд. Забони тоҷикӣ 700 сол дар Ҳиндустон  ба ҳайси забони давлатӣ фаъолият намудааст.Суруди миллии давлати исломии Покистон  низ тоҷикӣ буда, бо қалами адиби машҳури Покистон Муҳаммад Иқбол иншо шудааст.

         IMG_6124_0.JPGГ.Шарофзода аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳамдиёрони мо китобҳои бадеӣ ва ғайраро бо забони модариашон кам мутолиа менамоянд, аз ин лиҳоз фикри хешро хаттию даҳонӣ бехато, равону салис ифода карда наметавонанд. Ӯ аз як диктанти санҷишии байни 500 нафар донишҷу гирифта ёдовар шуд, ки 480 нафарашон баҳоҳои 1 ва 2 гирифтаанд. Ҳамзамон қайд гардид, ки аз тарафи кормандони САҲШ-ҳо  низ ҳангоми қайди ҳуҷҷатҳои расмӣ, аз он ҷумла шаҳодатномаи таваллуд, ба хатоҳои зиёди имлоӣ роҳ дода мешавад. Роҳбари Кумитаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба саволи «Чаро дар даврони имрӯза Саъдию Ҳофизу Хайём пайдо нашуда истодаанд?» посух дод, ки «Зеро китоб намехонем!»

      IMG_6126.JPG Ӯ ҳамзамон ба масъулин дастур дод, барои дар навиштани шиору овезаҳо, мактубу ҳуҷҷатҳои расмӣ  ва номгузории фарзандон ба хатоҳо роҳ надодан китобҳои тозанашри  Кумитаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  -«Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ва «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ»(дар 2 ҷилд)-ро  дастрасу мавриди истифода қарор диҳанд. Ёдовар мешавем, -«Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» шомили беш аз 65 ҳазор вожа ва истилоҳот буда, бар асоси «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 458 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст. Ҳамзамон «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли  соли 2016,, № 325 таҳия ва нашр шуда, фарогири номҳое мебошад, ки дар суннати номгузории тоҷикӣ мавқеи хоса касб намудаанд.

          Дар охир Г.Шарофзода  ба пурсишу саволҳои  иштирокчиёни мулоқот  посухҳои мушаххас ироа кард.

А.Фаттоҳ

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз