Main menu

Ҳамоиш дар Қасри фарҳанг

             Рӯзи 24 июн дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз ва ширкати аҳли васеи ҷомеаи ноҳия  бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир  ҳамоиш баргузор гардид. Ровии чорабонӣ, Шаҳбози Аҳкомиддин  ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо муҳтавои чорабинӣ ошно карда, сипас ба муовини раиси ноҳия  М.Раҷабзода  сухан дод.

        IMG_8605_0.JPGРаиси Шӯрои ҳамоҳангсозии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадор, муовини раиси ноҳия М.Раҷабзода   зимни баромадаш қайд кард, ки таҳдиди мухаддиротӣ аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мавриди таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта буд. Дар ин бобат ҷидду ҷаҳди Тоҷикистон, ки ба муқовимат бо паҳншавии маводи мухаддир ва иттиҳоди ҷомеаи байналмилалӣ дар таъмин намудани амнияти минтақа равона карда шудааст, шаҳодат медиҳад.

             Ӯ афзуд, ки тибқи маълумоти оморӣ дар ҷаҳон сол ба сол афзудани теъдоди беморони мубталои нашъамандӣ аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Дар ҷумҳурӣ аз он ҷумла дар ноҳияи Шаҳритуз ҳам новобаста аз он ки Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ тайёр намудан, ба даст овардан ва фурӯши маводи нашъадор ҷазо муқаррар кардааст, мутаассифона ашхоси муайяне ҳастанд, ки дидаву дониста  даст ба ин амалҳои ҷинояткорона ва барои саломатии  аҳли ҷомеа хатарзо мезананд. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ ҳол дар қайди бемориҳои нашъамандии ноҳия 14 нафар истифодабарандагони маводи мухаддир ба қайд гирифта шудаанд. Ва аз рӯи маълумоти Маркази пешгирии бемориҳои масъунияти одам дар ноҳия 102 нафар сироятшудагони вируси норасоии масъуният ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 15 нафарашон тариқи истифодаи маводи мухаддир ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Дар баробари нашъаҷаллобӣ нашъамандӣ низ барои оила, аҳли ҷомеа  оқибатҳои ногувор дорад. 3 нафар шаҳрвандони ноҳия барои харуду фурӯши маводи нашъадор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

             Бо таъкиди муовини раиси ноҳия дар ноҳия  аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадор  чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ, варзишӣ, семинару машғулиятҳои омӯзишӣ ба нақша гирифтаю  гузаронида шуда,  вобаста ба нашъамандӣ ва пешгирии он дар саҳифаҳои рӯзномаи «Субҳи Шаҳритуз»   силсилаи мақолаҳо нашр гардидааст, ки таъсири мусбияшон  эҳсос карда мешавад

            Бо вуҷуди ин аҳли ҷомеа, оила, муассисаҳои таълимӣ, масъулини ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва ҳар як шаҳрванди  солимандешаро лозим меояд, дар мубориза алайҳи нашъамандию нашъаҷаллобӣ мавқеи фаъол касб намуда, барои таъмини ҳаёти солими худу фарзандон ва  ояндаи дурахшони  ҷомеаву давлатамон  пайваста  талош варзад.

       IMG_8618.JPG Сипас корманди Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Насим Холиқов, мудири бахши ташвиқотӣ ва тарғиботии Маркази наркологии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ҳайдаралӣ Мусамиров дар ҳамоиши мазкур суханронӣ намуда, таваҷҷӯҳи аҳли ҷомаеро ба мубориза алайҳи  маводи нашъаовар  ва роҳҳои решгирӣ аз ин вабои аср ҷалб карданд..

           Мудири бахши ташвиқотии Маркази наркологии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ҳайдаралӣ Мусамиров муовини раиси ноҳия, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадор М Раҷабзода ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия К.Очилдиевро   барои гузоштани саҳми арзанда дар таблиғу ташвиқ оид ба « Пешгирии паҳншавии бемориҳои  нашъамандӣ» дар ноҳия бо «Сипосномаи фахрӣ»и  Маркази наркологии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида, ба мушовири маорифи ноҳия М.Ҳайдарова низ барои саҳмгириаш дар ин кори муҳим  изҳори сипос намуд.

            Дар анҷом ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия бо намоиши саҳнача ва иҷрои сурудҳои пурмуҳтаво табъи иштирокчиёни ҳамоишро болида гардониданд.

 "Субщи Шащритуз"

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз