Main menu

«Тоҷикистон-Ватани азизи ман»

         IMG_8715.JPGДар ҷумҳурии азизамон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» идома дорад. Тибқи нишондоди Низомномаи озмун чорабинии мазкур бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.

        Ҳайати ҳакамони сатҳи вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки дар ҳайати он шоири варзида Озар, журналисти шинохта С.Муҳаммадғоиб ва дигарон шомил буданд рӯзи 25 июн ба ноҳияи Шаҳритуз омада, дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритуз нахуст бо ҳунарҳои мардумии ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия шинос шуданд. Сипас дар толори Қасри фарҳанги ноҳия  баромади иштирокчиёни озмунро аз рӯи 4 номинатсия  тамошо карда, таҳлилу баҳогузорӣ намуданд. Дар ҷамъбаст  аз ноҳияи Шаҳритуз барои идомаи озмун 1 нафар дар бахши шоирӣ, 4 нафар дар бахши ровигӣ, 3 нафар дар бахши сарояндагӣ, 3 нафар дар бахши IMG_8691.JPGнавозандагӣ бартарии  ҳунару истеъдоди хешро нишон додаву соҳиби роҳхат гардиданд.

        Мо боварии комил дорем, ки ҳунармандони  ҷавону соҳибистеъдоди ноҳия дар сатҳи вилояту ҷумҳурӣ низ  бо ҳунари волои худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, обрӯи худ ва ноҳияро боз ҳам баландтар мебардоранд ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовезҳои арзандаи фарҳангӣ истиқбол мегиранд.

«Субҳи Шаҳритуз»

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз