- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Иттилоъ оиди Иҷлосияи 19-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати панҷум)
Ҷум, 06/28/2019 - 20:07
26-уми июни соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи 19-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз (даъвати панҷум) доир гардид. Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз Р.Оймаҳмадзода ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки аз 40 нафар вакилони халқи ноҳия 4 нафарашон бо сабабҳои узрнок ҳузур надоранд. Инчунин зикр гардид, ки дар кори иҷлосия муовинону раиси Дастгоҳи ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, имомони намозҳои панҷвақта ва масҷидҳои ҷомеи ноҳия, масъулони ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ даъват шудаанд.
Сипас вакилон котиботи иҷлосияро дар ҳайати К.Норбутаева (вакил аз ҳавзаи интихоботии №25)-раиси котибот, М.Ашуров (вакил аз ҳавзаи интихоботии №18), Р.Назаров (вакил аз ҳавзаи интихоботии №29)-аъзои ҳайати котибот интихоб намуданд.
Дар иҷлосияи 19-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз (даъвати панҷум) масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
Рўзномаи иҷлосия
1.Рафти татбиқи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия
2. Масъалаҳои ҷорӣ
а) Ахбори сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритуз
б)Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз “Оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ”
в)Дар бораи тағйир ва номгузорӣ намудани номҳои ҷуғрофии ҳудуди ноҳияи Шаҳритуз
г)Оид ба тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Шаҳритуз оид ба масъалаи кадрҳо ва ҷудо намудани маблағҳое, ки дар шашмоҳаи соли 2019 қабул гардиданд.
Оиди масъалаи аввали дар рўзномаи иҷлосия дарҷ гардида ҳисоботи мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи давлатии ноҳияи Шаҳритуз М.Ятимов шунида шуд. Ҳамзамон вакилон ахбори сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритуз Ф.Раҳимзодаро “Оид ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар ноҳияи Шаҳритуз” шуниданд.Сипас раиси ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз С.Қурбонова, мудири шуъбаи маорифи ноҳия К.Очилдиев, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Б.Ҳаитова ва дигарон ба музокира баромада, вобаста ба ҳисоботу ахбори ироа гардида ибрози назар намуданд.
Дар робита бо масъалаҳои ҷорӣ нахуст, вакил аз ҳавзаи интихоботии №7, раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз “Оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ” А.Носирзода баромад кард.
Оиди банди в-и “Масъалаҳои ҷорӣ”-и Рӯзномаи иҷлосия “Дар бораи тағйир ва номгузорӣ намудани номҳои ҷуғрофии ҳудуди ноҳияи Шаҳритуз” мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳритуз С.Лоиқов қарорҳои зерини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия “Дар бораи тағйир ва номгузорӣ намудани номҳои ҷуғрофии ҳудуди ноҳияи Шаҳритуз”-ро барои тасдиқ ба самъи вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз расонид:
1.Қарори Маҷлиси ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз аз 25.06.2019, №103, оид ба иваз намудани ном ва ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз
-Ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз ба Ҷамоати шаҳраки Қалъаи Мир.
2.Қарори Маҷлиси ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов аз 25.06.2019, №106, оид ба иваз намудани номи ҷамоат ва деҳаҳои ҷамоат:
-Номи ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов ба номи ҷамоати деҳоти Хоҷаи Ҷон;
-Деҳаи Меҳргони ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов ба Хуррамбаҳор;
-Деҳаи ба номи Қарабоеви ҷамоати ба номи Х.Холматов ба Шеробод;
- Деҳаи Қумшохи ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов ба Сангтеппа;
- Деҳаи Қаҳрамони ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов ба Поёншаҳр;
- Деҳаи Бирлаши ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов ба Зардолубоғ;
- Деҳаи Ёқуб Каримови ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов ба Болошаҳр;
- Деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов ба номи Истиқлол;
- Деҳаи Саховати ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов ба Ариғтов;
- Деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов ба Сомониён;
- Деҳаи Суғдиёни ни ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов баСуғдиён;
- Деҳаи Свердлови ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов ба Ориён;
- Деҳаи ба номи Рӯдакии ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов ба Гулобод.
3. Қарори Маҷлиси ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов аз 25.06.2019, №80, оид ба иваз намудани номи деҳаҳои ҷамоат:
-Деҳаи Лолозори ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов ба Гулзор;
- Деҳаи Қизил Аскари ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов ба Тӯсиён;
- Деҳаи Чуянчии ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов ба Чуянгарон;
- Деҳаи ба номи Л.Нурови ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов ба Панҷработ;
- Деҳаи Шарқи ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов ба Шамолдара.
4. Қарори Маҷлиси ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назарови ноҳияи Шаҳритуз аз 25.06.2019, №95, оид ба иваз намудани номи ҷамоат ва деҳаҳои ҷамоат:
-Номи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров ба номи ҷамоати деҳоти Айваҷ;
-Деҳаи Хушодии ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров ба Қадимшаҳр;
- Деҳаи Ҷамъиятдеҳқони ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров ба Деҳқонсарой;
- Деҳаи А.Муродови ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров ба Ганҷраҳа.
5. Қарори Маҷлиси ҷамоати деҳоти “Обшорон”- ноҳияи Шаҳритуз аз 25.06.2019, №9, оид ба иваз намудани номи деҳаҳои ҷамоат:
-Деҳаи Ватани ҷамоати деҳоти “Обшорон” ба Биҳидиёр;
-Деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти “Обшорон” ба Ободдеҳ;
- Деҳаи Бинокори ҷамоати деҳоти “Обшорон” ба Бинокор.
6. Қарори Маҷлиси ҷамоати деҳоти Пахтаобод-и ноҳияи Шаҳритуз аз 25.06.2019, №76, оид ба иваз намудани номи деҳаҳои ҷамоат:
-Деҳаи Янгиободи ҷамоати деҳоти Пахтаобод ба Оҳудара;
-Деҳаи Қарашувоқи ҷамоати деҳоти Пахтаобод ба Марғзор;
-Деҳаи Олтинсойи ҷамоати деҳоти Пахтаобод ба Ганҷдара;
-Деҳаи ба номи Гагарини ҷамоати деҳоти Пахтаобод ба Чорводорон
иваз карда шавад.
Вакилон баъди муҳокимаву баррасӣ қарорҳои Маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз ҷонибдорӣ ва барои дастгирӣ ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешниҳод карданд.
Вакилони халқи ноҳия инчунин қарорҳои раиси ноҳияи Шаҳритуз оид ба масъалаи кадрҳо ва ҷудо намудани маблағҳоеро, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2019 қабул гардидаанд, тасдиқ намуданд.
Сипас вакилон доир ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Дар кори иҷлосия мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон М.Раҷабзода ба ҳайси намоянда иштирок ва суханронӣ намуд. кард.