Main menu

Ҷашни муқаддаси миллӣ

        Мардуми меҳнатқарину ватандӯсти ноҳияи Шаҳритуз ҳар сол Рӯзи ваҳдати миллиро бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиш ва татбиқи амалии сиёсати хирадмандонаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Паёми зиндагисози Асосгузори сулҳу ваҳдат-.Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди сиёсву фарҳангӣ  баргузор менамоянд.

       IMG_8783.JPGИмсол низ шоми 26 июн дар боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳия  ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ бо ширкати аҳли васеи ҷомеа бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Шаҳритуз Р.Оймаҳмадзода, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар боғи фарҳангию фароғатӣ бо намоиши анвои ҳунарҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастии ҳунармандони шаҳраку музофот, толибилмону парваришгирандагони муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, аз наздик ошно шуда, қувваозмоии варзишгарони ҷавони ноҳияро тамошо карданд.

     Сипас бо иштироки фаъолону аҳли васеи ҷомеаи ноҳия чорабинии ботантана бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ доир гардид. Дар назди ҳозирон раиси  ноҳияи Шаҳритуз   Оймаҳмадзода Рамазон Алихон бо Паёми табрикӣ баромад кард. Ӯ зимни ироаи Паёми хеш нахуст ҳамаи сокинони ноҳияро бо фарорасии ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрику таҳният гуфта,  беҳтарин хушиҳои зиндагиро барояшон таманно кард..       

IMG_8825.JPG      Раиси ноҳия дар идомаи суханрониаш  таъкид намуд, ки муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои бомақсаду пайгиронаи  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ аст. Кўшишҳои Пешвои миллат ва ҳамчунин заковати мардуми бономусу бофарҳангамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Асосан  то 27 июни соли 1997, яъне то расидан ба Ваҳдати миллӣ ва суханронии таърихӣ бахшида ба муносибати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат ва пешвои миллат зиёда аз 80 маротиба муроҷиатнома, суханрониҳои расмӣ намуда дар ҳамаи онҳо бевосита аз ризоияти миллӣ, дўстӣ ва Ваҳдат сўҳбат карда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, кўшиши муттаҳид кардани миллатро пайваста пайгирӣ намудааст.

       Ҳарчанд душманони берунаи кишвар  намехостанд, дар Ҷумҳурии мо Сулҳ, Ваҳдати миллӣ пойдор бошад, бо кӯшишу ғайрати пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон, бо  сарварии Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд тамоми тоҷиконро муттаҳид  сохта, гурезагоне, ки  зиёда аз як миллион буданд, ба Ватан баргардонанд.  Аз рўи маълумотҳо аз 60 ҳазори дар Давлати Исломии Афғонистон гурезашудагон зиёда аз 17 ҳазор аз ноҳияи Шаҳритуз  буданд, баргашта имрўзҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия хизмат намуда истодаанд.

        Бо ибрози Р.Оймаҳмадзода дар дастгирию амалисозии сиёсати хирадмандонаю сарҷамъ намудани мардуми ноҳияи Шаҳритуз, кам набуданд пирони коре, ки ҳамроҳи Пешвои муаззами миллат устуворона қадам гузошта ин мувафақиятҳоро соҳиб гардиданд. Ба инҳо мисол шуда метавонанд  Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, шодравон Талбак Садриддинов, собиқ раисони ноҳияи Шаҳритуз, шодравонҳо Равшан Ҳазратқулов, Эргаш Бобоқулов, инчунин собиқ раисони ноҳия, Тиркаш Қарабоев, Эшбурӣ Эсанқулов, Холмурод Раҳмонов, пирони барнодил Одилов Каримҷон Наврӯзович, Баҳромов Сиҷоиддин, Гулмирзоев Кабуд, Умаров Бегиҷон, Баротов Абдумумин, Ғуломҳайдаров Насриддин, Худойбердиев Ҳаитқул, Ҷураев Нарзулло, Ҷурақулов Мусулмонқул, Ҷураев Ёқуб, Ғиёсов Каримхон ва амсоли инҳо. 

       Таҷриба ва амалияи ба даст овардаи сулҳи миёни тоҷикон натанҳо аҳамияти миллӣ, балки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Зеро амсоли хуби ҳалли фасли низоъҳои миллӣ ва дохилидавлатии минтақаҳои гуногун шуда метавонад. 

IMG_8870.JPG      Раиси ноҳия дар фароварди Паёми табрикиашон зикр намуданд: “Мардуми ноҳияи Шаҳритуз даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, рўзҳои сахту сангин ва хисороти гарони онро фаромўш накардаанд.  Аз ин хотир  ҳамаи мо бояд беш аз ҳар вақта ҳушёру зирак бошем, шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибхтиёрро ҳамеша ба ҷо орем, соҳиби Ватан буданро аз ҳар чизи дигар авлотар донем”.

      Дар анҷом ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия, шогирдони мактаби санъати бачагонаи ноҳия  ва толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия бо барномаи рангини консертӣ  табъи иштирокчиёни ҳамоишр болида гардониданд.

“Субҳи Шаҳритуз”

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз