Main menu

Мулоқоти афсарон бо масъулони ноҳия

      IMG_8938.JPG  Ҳафтаи гузашта  дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як  гуруҳи корӣ аз ҳисоби афсарони баландрутбаи ҷумҳурӣ бо мақсади бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқоти судбахш доир намуданд. Мулоқоти ҷамъбастии гуруҳи мазкур дар  толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  бо иштироки ҷонишини раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз, муовинҳои раисони  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, имом-хатибон ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.

       Ҷамъомадро муовини раиси ноҳия М.Раҷабзода ҳусни оғоз бахшида, сипас аъзои ҳайати корӣ  генерал-майор Раҷабалӣ IMG_8939.JPGМаҳмадалиев, генерал-майор Давлат Бобоев, полковник Ҳабибулло Сафаров, полковник Саломатшоҳ Хушвахтов  ба сухан баромада, оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ, вазъият  дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ибрози назар карда, аз аҳли нишаст ва дар шахси онҳо аз ҳама сокинони ноҳияи Шаҳритуз, ки ноҳияи сарҳадӣ мебошад, дархост намуданд, ҳушёрию зиракии  сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи марзу буми кишвари хеш ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд. Инчунин пешниҳод гардид, ки аз ҳисоби ҷавонон чун дар солҳои шӯравӣ  ячейка ё дастаҳои «Дӯстони ҷавони сарҳадчиён» таъсис дода шуда, барои мустаҳкам роҳандозӣ намудани ҳифзу ҳимояи сарҳади ватани азизамон, тарбияи ҳисси худшиносию ватандӯстии  наврасону ҷавонон   чораю тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

«Субҳи Шаҳритуз»

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз