Main menu

Натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2019

       IMG_8991.JPG Дар санаи 11 июли   соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ,  раисони маҳаллаҳо, имомони масҷидҳо,  роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии қаламрави ноҳия ҷаласа «Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шаҳритуз дар 6- моҳаи аввали соли 2019 ва вазифаҳо дар семоҳаи сеюми соли 2019» баргузор гардид.

       Пас аз ифтитоҳи ҷаласа аз ҷониби раиси ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон  муовини аввали раиси ноҳия Нишонзода Даврон Назаралӣ, дар назди ҳозирон бо ҳисобот баромад кард.

      Муовини аввали раиси ноҳия зимни ироаи ҳисобот қайд намд, дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия корҳои муайян ба ҷо оварда шудаанд. Чунончи, нақшаи даромади буҷети ноҳия дар шаш моҳи соли 2019 ба андозаи 100,2 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 15 миллиону 977 ҳазору 398 сомонӣ , 16 миллиону 011 ҳазору 559 сомонӣ ба қисми даромади буҷети ноҳия ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 34 ҳазору 161 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ноҳия бақияпулии қарзи андоз ба ҳолати 1 июни соли 2019, 4 миллиону 183 ҳазору 427 сомонӣ аз аввали сол 365 ҳазору 145 сомонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби бақияпулӣ кам карда шудааст.

       Дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истода, маблағи истифодашуда  2,5 млн доллари америкоиро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудгардида  дар ноҳия ба  35,4 ҳазор доллари ИМА баробар аст. Дар ноҳия аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ 8 адад лоҳаҳои хориҷӣ фаъолият дорад.

        Дар баромад қайд гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо сектори хусуӣ дар давраи ҳисоботӣ маблағи 42 миллиону 75 ҳазору 700 сомониро ташкил дод, ки ин 61,6 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 26 миллиону 209 ҳазору 500 сомонӣ кам мебошад. Сабаби кам гардидани ин нишондод ба паст  шудани ҳосили пахта вобастагӣ дорад. Бо вуҷуди он ки аз 19 корхонаи саноатии дар ноҳия фаъолият дошта 4 адади он аз фаъолият  мондааст, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 5 адад корхонаи нави саноатӣ аз қабили ҶДММ «Рушди паррандапарварӣ», ҶСК «Робита» , ҶДММ «Зеркон», ҶДММ «Ҷилои рангҳо» ва Кооперативи тиҷоратии «Кофарниҳон-2019» фаъолияти худро оғоз намуданд.

         Д.Нишонзода таъкид намуд, ки бахшида ба истиқболи сазовори ҷаши 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 347 иншооти  таъиноти гуногуни ба нақши гирифта шуда 40 фоизашон иҷро гардидааст. Ҳамзамон маърӯзачӣ зикр кард, ки дар шаш моҳи сипарӣ шуда ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 280 миллиону 181 ҳазору 500 сомонӣ расида, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12, 2 фоиз зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли гӯшт 1469, 4 тонна , шир 5838,0 тонна, тухм ба 1 миллиону 502 ҳазору 700 дона расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 ҳазору 900 дона зиёд аст. Дар баробари муваффақиятҳо қайд гардид,ки дар фаъолияти Кумитаи идораи замини ноҳия, бахши муҳити зист, идораи беҳдошти замин, хоҷагии ҷангал, Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, шуъбаи омори ноҳия, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, саноат ва энергетика, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва алоқа, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ  низ камбудию норасоиҳои  зиёд ҷой дошта, ислоҳи онҳо  аз масъулини соҳа масъулияти баландро тақозо мекунад.

          Муовини аввали раиси  ноҳия зимни ироаи ҳисоботи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шаҳритуз дар 6- моҳаи аввали соли 2019 иброз дошт, ки дар соҳаҳои иҷтимоӣ аз он ҷумла маорифу тандурустӣ , фарҳанг, варзиш ҷавонон ва сайёҳӣ ва ғайра  имкониятҳои истифода нашуда зиёд боқӣ монда,  дар оянда дар иҷрои вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ  аз масъулини ин соҳаҳо диду назари тоза талаб карда мешавад.

       IMG_8990.JPG Вобаста ба масъалаҳои таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ, беҳтар намудани ҳолати санитарӣ –беҳдоштии беморхонаи марказии ноҳия, таъмини беморхонави марказӣ бо табибони ихтисосманд, коҳиш додани теъдоди бемориҳои сироятӣ, вазъи нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷуҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва супоришҳои раиси вилояти Хатлону раиси ноҳияи Шаҳритуз роҳбарони ҳамаи соҳаҳои ноҳияро лозим меояд, чораю тадбирҳои мушаххас андешида, дар баробари рафъи таъҷилии камбудию нуқсонҳои ҷойдошта  дар семоҳаи оянда ба рушду пешрафти ҳама соҳаҳо муваффақ гарданд.

        Дар фароварди ҳисоботи ироа намудаи муовини аввали раиси ноҳия  раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода  аз роҳбарони  Нозироти андозу шуъбаи молияи  ноҳия, кумитаи идораи замини ноҳия,раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,  иддае аз роҳбарони муассисаю ташкилотҳои ноҳия  доир ба самтҳои гуногуни фаъолияташон дар шашмоҳаи аввали соли 2019 пурсиш намуд.

       IMG_9006.JPG Дар  ҷаласаи мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии   вилояти Хатлон А.Иброҳимиён  иштирок ва суханронӣ намуда, дар баробари зикри муваффақиятҳо  аз ҷой доштани камбудию норасоиҳо дар кору фаъолияти иддае аз роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо  ёдовар шуда,  барои   рафъу бартарафсозии  онҳо  тавсияву дастурҳои мушаххас  ироа кард.

         Дар охир бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои ироагардида қарори дахдор қабул карда шуд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз