- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Ҳиссагузорӣ дар корҳои ободонӣ
Сеш, 07/16/2019 - 12:04
Имрӯзҳо дар ташкилоту муаассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад.
Рӯзи 11 июл дар кӯчаи Неъмат Бухориеви шаҳраки Шаҳритуз мо шоҳиди он гардидем, ки беш аз 20 нафар коргарони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шаҳритуз (роҳбараш Шуҳрат Маҷидов) ба мумфарш кардани қисмати муайяни кӯча машғул буданд. Аз суҳбат бо раиси маҳалла ва масъулини МДНРА-и ноҳия маълум шуд, ки ташаббускори ин амали хайру савоб имоми масҷиди панҷвақтаи ба номи Ҳазрати Алӣ (к.в) Абдураҳмон Наимов, яке аз шаҳрвандони фаъоли шаҳрак Ҳоҷӣ Хайрулло Асроров, соҳибкорони ватанӣ Баҳодур Залиев, Қаҳрамон Олимов, шаҳрвандон Абдуғаффор Алиев, Маҳмуд Наҷмиддинов ва намозгузорони масҷиди мазкур мебошанд , ки барои мумфарш намудани кӯча ба маблағи беш аз 50 ҳазор сомонӣ ҷамъоварию ҳиссагузорӣ кардаанд. Дар навбати худ коргарони МДНРА-и ноҳия дар корхонаашон 100 тонна омехтаи сиёҳро тайёру омода намуда, онро бо техникаи дар ихтиёр доштаашон кашонида, беш аз 100 метр роҳи кӯчаи Неъмат Бухориеви шаҳраки Шаҳритуз бо сифати баланд мумфарш намуданд.
Ҳамон рӯз баъди чошт коргарони муассисаи мазкур бо маблағгузории роҳбарияти КАТС (сардораш Фаридун Муҳаммадиев) ва беморхонаи марказии ноҳия (роҳбараш Зариф Ҷаҳонгирзода) даромадгоҳи КАТС ва саҳну роҳравҳои беморхонаи марказии ноҳияро хушсифат мумфарш намуданд.
Масъулини МДНРА-и ноҳия тасмим гирифтаанд, ки бо маблағгузории намозгузорони масҷиди ҷомеи ба номи Қандил Акбарзодаи ноҳия роҳи назди масҷиди мазкурро мумфарш намоянд . Дар назар аст, ки барои иҷрои ин кор 200 тонна омехтаи сиёҳ сарф карда мешавад.
«Субҳи Шаҳритуз»