- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Санҷиши беғаразона ва маслиҳатҳои дӯстона
Шан, 07/20/2019 - 18:56
Рӯзи 19 июл гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо роҳбарии раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур ба ноҳияи Шаҳритуз ташриф оварданд. Онҳо дар асоси Амри раиси вилояти Хатлон аз 5 июли соли 2019 таҳти № 22, баъди дидору суҳбат бо роҳбарияти ноҳияи Шаҳритуз, ба гуруҳҳо тақсим шуда, бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам, шиносоӣ бо вазъи фаъолияти соҳаҳои мухталифи ноҳияи Шаҳритуз, омодагии шаҳритузиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дидан карданд.
Ҳамон рӯз баъди нисфирӯзӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гуруҳҳои кории ноҳияи Ёвон бо роҳбарияту масъулони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассиаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони кӯдакистонҳо, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони ноҳияи Шаҳритуз мулоқот доир намуда, санҷиш ва боздидашонро натиҷагирӣ карданд.
Нахуст раиси ноҳияи Шаҳритуз Р.Оймаҳмадзода ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуд. Сипас роҳбарони гуруҳҳои корӣ, аз он ҷумла раиси ҷамоати шаҳраки Ёвон Ҳасанзода Қаҳҳорбек Намоз, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон Файзулло Раҷабов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон Сафар Ёқубзода, раиси комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Мақсудҷон Раҳматуллоев, собиқадори меҳнат Пардабек Ҷӯрақулов баромад карда, ҳозиринро бо натиҷаи санҷиши гуруҳхои корӣ ошно намуданд.
Дар баромадҳои роҳбарони гуруҳҳои корӣ қайд гардид, дар калонтарин ҷамоатҳои деҳоти ноҳия аз он ҷумла ҷамоатҳои деҳоти ба номи Т.Садриддинов ва Х.Холматов вазъи соҳаи кишоварзӣ бахусус нашъунамои ниҳолҳои пахта хуб роҳандозӣ шуда, аксар ниҳолҳои пахта 8-9 кӯраки тайёр дошта, дар сурати 20-25 рӯзи дигар ба таври намунавӣ эътибори ҷиддӣ додан ва коркарди он имкон аст, ҳосили дилхоҳи «тиллои сафед» ба даст оварда шавад. Онҳо аз омодагии ҳаматарафаи сокинони ноҳия, бахусус бошандагони ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ободонию шукуфоии хонаву кӯчаю маҳали зиндагиашон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ хастанопазирона талош меварзанд, изҳори қаноатмандию сипос намуданд.
Дар баромадҳо зикр гардид, дар самтҳои маорифу фарҳанг,тандурустӣ, фаъолияти ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз ва ғайра пешравиҳои назаррас ба мушоҳида расад ҳам вобаста ба тезонидаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳия, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҷдиду навсозии овезаҳои мавҷуда, танзими нигораю гӯшаҳои осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳия ва ғайра масъулинро мебояд чораю тадбирҳои мушаххас андешида, дар кутоҳтарин муҳлат камбудию норасоиҳои мавҷударо бартараф созанд.
Сипас раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур, муовини Сардори Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон Акмалҷон Иброҳимиён ва намояндаи раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон баромад карда, вобаста ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Шаҳритуз ибрози назар кардаю, барои таъмини пешрафти корҳо дар ноҳия дастуру маслиҳатҳои беғаразонаю муфид ироа карданд. Дар фарҷом раиси ноҳияи Шаҳритуз Р.Оймаҳмадзода ба меҳмонон барои ташрифу маслиҳатҳои судмандашон сипосу миннатдорӣ изҳор намуда, онҳор бовар кунонд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот чораю тадбирҳои мушаххас андешида, дар кутоҳтарин муҳлат камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро бартараф сохта, ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовеҳои арзандаи меҳнатӣ ва нишондодҳои баланди истеҳсолӣ пешвоз мегиранд.