- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Ҷаббори Ғаффор-раиси тозатаъини ноҳия
Чор, 07/24/2019 - 18:01
Рӯзи 22 июли соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Раиси вилоят иброз дошт, ки имрӯз, яъне 22 июли соли 2019 бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷумла дар 10 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд. Раиси ноҳияи Шаҳритуз Р.Оймаҳмадзода низ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа сабукдуш шуда, дар ин вазифа ӯро бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббори Ғаффор, собиқ раиси ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон иваз намудааст. Сипас раиси вилояти Хатлон ҳозиринро бо тарҷумаи ҳоли раиси тозатаъини ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор шинос намуда, аз ӯ тақозо кард, вазифаҳои хизматиашро дар доираи қонун софдилонаву поквиҷдонона иҷро намуда, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст, дигар шахсони саховатпеша ва аҳолии ноҳияи овозадори Шаҳритуз ба он муваффақ гарданд, ки бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозии иншооти таъиноти гуногун корҳои ободонию созандагиро вусъати тоза бахшанд.
Сипас собиқ раиси ноҳияи Шаҳритуз Р.Оймаҳмадзода ва раиси тозатаъини ноҳияи мазкур Ҷаббори Ғаффор баромад ва суханронӣ карданд.
Дар анҷом раиси вилояти Хатлон Қ.Ҳакимзода таваҷҷуҳи масъулин ва фаъолони ноҳияро ба камбудиҳои ҷидии дар дар самтҳои кишоварзӣ, саноат, фарҳанг, маориф, фаъолияти ҷавонони ноҳия ҷойдошта ҷалб намуда, ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас ироа кард. Раиси вилоят таъкид кард, дар ноҳия аз захираҳои мавҷуда истифода бурда, ба он бояд муваффақ шуд, ки дар як мавсим то 3-4 маротиба ҳосили зироатҳои гуногун ба даст оварда, барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ корҳои тарғиботиро дар маҳалҳо ҷоннок намоянд.. Қ.Ҳакимзода дастур дод, ки дар таъмини иҷрои нақшаи андоз, рушди соҳаи саноат, таъмири роҳҳо, хизматрасонӣ ба аҳолӣ, беҳдошти соҳаи тандурустӣ, сатҳи дониши хонандагону устодон, омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ, риояи расму оинҳои миллӣ дар доираи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, кӯмаку дастгирии ятимону эҳтиёҷмандон, коҳиш додани қонуншиканӣ аз тарафи занон дар ноҳия низ аз ҷониби масъулини ноҳияи Шаҳритуз чораю тадбирҳои мушаххас андеша шавад.