Main menu

Ҷаббори Ғаффор : “Ба насли наврас шароити хубтари илмомузӣ фароҳам оварда шавад.”

        26 августи соли ҷорӣ  дар Қасри фарҳанги ноҳия машварати августии муаллимони ноҳия бо ширкати раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор, иштироки намояндагони омӯзгорони фаъол,  директорони муассисаҳои таълимӣ, сарварони муассисаҳои томактабӣ, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони  ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид.

          Машваратро  бо сухани муқаддимавӣ   мудири маорифи ноҳия    Комил  Очилдиев  ифтитоҳ  намуда қайд намуд, ки дар ҷамъомади  имрӯза ҳамагӣ як масъала “Ҷамъбасти фаъолияти кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳритуз дар соли хониши 2018-2019 ва вазифаҳои кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳритуз дар соли хониши 2019-2020” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад.

              Бо пешниҳоду ҷонибдории  омӯзгорон ҳайати котибот (директорони МТМУ-ҳои рақамҳои 2,11,17- Г.Аҳёева, Н.Муроталиев, С.Саидраҳмонов) интихоб гардид.

            Сипас  раиси ноҳияи Шаҳритуз  Ҷаббори Ғаффор дар назди иштирокчиёни машаварати августии омӯзгорон  бо маърӯза баромад кард. Раиси ноҳияи  дар оғоз қайд намуд, ки имрӯз дар саросари кишвари  соҳибистиқлоламон оғози соли нави хониш, Рӯзи дониш фаро расида истодааст. Ӯ устодону омӯзгоронро бо фарорасии соли нави хониш табрик намуда, таъкид кард, соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии мамлакат яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок арзёбӣ шуда, имрӯз бо дастгирии бевоситаи  Пешвои муаззами милат, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.     

          IMG_2972.JPG Мақомоти  иҷроияи   ҳокимияти  давлатии ноҳияи Шаҳритуз низ бобати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати сохтмон, таъмиру тармим ва муҷаҳҳазгардонии  муассисаҳои таълимӣ аз имкониятҳои мавҷуда пурра истифода мебарад, то ки ба насли наврас шароити хубтари илмомузӣ фароҳам оварда шавад. Лозим ба ёдоварист, ки вобаста ба иҷрои нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббусу дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия азнавсозии 7 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва сохтмони бинои маъмурии сеошёнаи шуъбаи маорифи ноҳия ба нақша гирифта шуда алакай таҳкурсии онҳо гузоштаю корҳои банду басти сохтмонӣ босуръат идома доранд. Инчунин дар маҳаллаи Утанободи деҳаи Айвоҷи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Исоқов Қодир сохтани муассисаи хусусии таҳсилоти миёнаи умумии дуошёнаи ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ барои 240 ҷои нишаст дар як баст алакай оғоз гардидаву корҳои сохтмонӣ дар ин самт давом доранд.

          Сол то сол маблағгузории соҳаи маориф низ беҳтар гардида, давраи аввали барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ дар ноҳия пурра таъмин гардида, давраи дуюм ба миқдори 20 фоиз иҷро гардидааст. Дар соли таҳсили 2018-2019 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1640 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 884 нафар бо маълумоти олӣ, 663 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси омузгорӣ, 93 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ, ки дар коллеҷу донишгоҳҳои олии омузгорӣ таҳсил мекунанд, фаъолият намуданд.

    Ҷаббори Ғаффор қайд намуд, соли таҳсили равон аз шумораи 157 нафар хонандагоне, ки аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 1,2,3,4,5,6,7,8,9,10,11,15,16,30,31,46 ва 54 дар даври сеюми озмунҳои фаннӣ дар миқёси вилоят иштирок намуданд, 23 нафар хонандагони синфҳои 9,10, 11, - 3 нафар соҳиби медали тилло, 2 нафар соҳиби медали нуқра ва 14 нафар соҳиби медали биринҷӣ ва 4 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, инчунин 3 нафар хонандагони синфи 11 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гашта барои иштирок намудан дар даври чоруми олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, ҳамзамон 2 нафар хонандаи синфи 11 аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуии №9 Нуров Бузургмеҳр ва хонандаи синифи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 Мамараҷабова Дилноза дар олимпиадаи байнлмилалии  “Кенгру” дар шаҳри Бохтар аз фанни математика иштирок намуда сазовори медали тилло гаштаанд.    Дар соли хониши 2018-2019 аз шумораи умумии 1786 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия  1286 нафар, аз ҷумла 438 нафар ҷавондухтарон, ки 72,4 фоизро ташкил медиҳанд.Тибқи квотаи Президентӣ соли ҷорӣ 18 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, ки аз инҳо 9 нафарашонро духтарон ва 9 нафарашонро писарон ташкил медиҳанд дар Донишгоҳҳои олии кишвар дохил гардиданд.     

         Дар ноҳия 7 адад муассисаҳои томактабӣ амал мекунанд, ки дар онхо 936  нафар кудакони то 7 сола дар 40 гурӯҳҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Фаъолияти муассисаҳои томактабӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ва дастгирии волидайни кудакон сол то сол беҳтар шуда истода бошад ҳам, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки  дар самти гузаронидани машғулиятҳо дар кӯдакистонҳо, камбудиҳои муайян мавҷуданд. зиёде ҷой доранд. 

          Дар соҳаи маориф дар баробари муваффақиятҳо камбудиҳо низ ҷой доранд. Имсол аз сабаби пурра иштирок надоштани хонандагон ба дарс ва ҷавобгӯ набудани сатҳи дониши онҳо 46 нафар хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 7,14,16,17,29,33 ва 42 барои супоридани имтиҳонҳои такрорӣ ба тирамоҳ мононда шуданд. Дар ноҳия  нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ аз фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ, инчунин забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимашон дузабонаи ҷамоати деҳоти Пахтаобод, ки 16 ададро ташкил медиҳанд мушкилиҳо ба назар мерасанд.

          Раиси ноҳия аз он изҳори нигаронӣ кард, ки гуруҳҳои кории мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии  ноҳия   оид  ба санҷиши сифати  таълиму тарбия, омӯзиши забони  давлатӣ, ҳолати  нигоҳдории  толору маҷлисгоҳҳо, майдончаҳои варзишӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистон зимни   санҷиш дар баробари муваффақиятҳо камбудиҳои зиёдеро дар муассисаҳои таълимӣ ошкор намудаанд. 

          Раиси  ноҳия  Ҷаббори Ғаффор дар фароварди  баромадаш таъкид намуд, дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, падару модарон ва ҳамаи омӯзгорони ноҳияро   вазифадор  менамояд, ки  дар таълиму тарбияи фарзандон масъулияти баландро  ба дӯши худ гирифта, ҳамаи донишу малака ва нерӯи ақлию зеҳнии худро  барои тарбияи  дурусти насли оянда  сарф  намуда, ҳамзамон ҷашни бузурги дар пеш истодаи  28-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии    дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намуда, дар баргузории ин маъракаи муҳиму хотирмон саҳми босазо гузоранд.

         Баъдан директори МТМУ-и №11 Н.Муроталиев ва намояндаи раёсати маорифи вилояти Хатлон С.Каримов суханронӣ карданд. Сипас раиси ноҳия аз масъулини соҳаи маориф аз он ҷумла директорони муассисаҳои таълимӣ сарварони муассисаҳои томактабии ноҳия вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта  пурсиш намуд.

       IMG_2981.JPGДар анҷом  гуруҳи калони омӯзгорону мураббиён ва кормандони соҳаи маорифи ноҳия бо Ифтихорномаю Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии раиси ноҳияи Шаҳритуз, шуъбаи маорифи ноҳия ва кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳритуз сарфароз гардонида шуданд.

      Дар навбати  худ  ҳунармандони  Қасри   фарҳанги  ноҳия бо суруду таронаҳои    дилнишин  ва рақсҳои ҷозибашон  табъу хотири ҳозиринро болида гардониданд.                      

  “Субҳи Шаҳритуз”

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз