Main menu

Activities calendar

01 Август 2019

С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!»

С. МИРЗОРАҲМАТОВ: «ЧИЗЕ, КИ МЕНАВИСАМ, МАВҚЕИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!»

Хонандагони азиз, суҳбате доштем бо рӯзноманигор ва нависандаи маъруф Саломиддин Мирзораҳматов, ки инак манзури шумо мегардонем:

Ҳеҷ овозе нест

БА ЁДИ ОЛИМ ВА ИНСОНИ БУЗУРГ – МУҲАММАД ОСИМӢ

БА ЁДИ ОЛИМ ВА ИНСОНИ БУЗУРГ – МУҲАММАД ОСИМӢ

Олимон чун равшангари ҷомеа ҳамеша дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт, аз ҷумла иқтисод, сиёсат ва фарҳанги давлату миллат саҳми арзанда мегузоранд. Миллати моро дар тӯли таърих ҷаҳониён маҳз маҳз ба туфайли осори гаронбаҳои олимону адибонаш мешинохтанд.

Ҳеҷ овозе нест

Иброҳим Усмонов: Худшиносӣ тӯфон буд!

Иброҳим Усмонов: Худшиносӣ тӯфон буд!

Аввалин қонуни забони тоҷикӣ 30 — сола шуд.

30 сол қабл, 22 июли соли 1989 аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни забон ба тасвиб расид. Қабули ин қонун натиҷаи ҳаракатҳои худшиносии авохири солҳои 80-ум буд, ки бозсозии горбочёвӣ ба он замина фароҳам овард. Оид ба тасвиби ин қонун бо профессор Иброҳим Усмонов, ки муаллифи аввалин пешниҳод дар мавриди мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ мебошанд, ҳамсуҳбат шудем.

Ҳеҷ овозе нест

"Роғун" дар 6 моҳ 210,5 млн киловат-соат барқ истеҳсол кардааст

Чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" дар шаш моҳи аввали соли равон 210,5 миллион киловат соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст. Чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" ҳудуди як моҳ хомӯш шуда буд.

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 31-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар нимсол аз "Роғун" 210,5 миллион киловат соат нерӯи барқ харидаанд.

Чархаи якуми "Роғун" моҳи ноябри соли гузашта фаъол шуд. Ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша то соли 2021 барқ истеҳсол мекунанд ва баъдан иваз мешаванд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз