- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Ҳумоюн бод истиқлоли тоҷик
Душ, 09/09/2019 - 08:55
Субҳи рӯзи 6 сентябр дар боғи фарҳангию фароғатии ҷамоати деҳоти Обшорон бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана доир гардид. Дар чорабинии мазкур масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз, роҳбарони ташкилоту муссисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат,ҷавонон, омӯзгорону табибон, кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия фаъолона ширкат варзиданд.
Нахуст роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон аз намоиши маҳсулоти гуногун ва ҳунарҳои мардумии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо дидан намуда, бо қишрҳои гуногуни ҷомеаи ноҳия суҳбати самимонаю ошкоро доир намуданд. Сипас раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор бо Паёми табрикӣ баромад карда, иштирокчиёни ҳамоиш ва ҳамаи сокинони ноҳияро бо таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, ба кору таҳсил ва зиндагии ояндаашон ба манфиати давлату миллат бурдбориҳо орзу кард. Ӯ зимни ироаи Паёми табрикӣ аз ҷумла чунин иброз дошт: «Аслан бисту ҳашт сол дар муқоиса бо таърихи гузаштаи миллатҳои бостонӣ, аз ҷумла тоҷикон фосилаи чандон тулонӣ набошад ҳам, вале бо вуҷуди ин тавонист дар сарнавишти миллат, тақдири давлат ва роҳи тараққиёти он дигаргуниву таҳаввулоти азимеро ба бор оварад.
Дар арафаи ба истиқлолият расидани мо бадхоҳони миллати тоҷик бо истифода аз таҷрибаи таърихӣ ва усулҳои озмудаи хеш, тавонистанд аввал миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовиматҳои сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Вале бархилофи азму талошҳои гурўҳҳои бегонапараст, нерўҳои тундрави дохилӣ ва доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солимфикри ҷомеаи мо роҳи дурусти расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро, ки яке аз орзуҳои деринаи мардуми мо буд ва онро дер боз интизорӣ мекашиданд, интихоб намуданд, ки баъдан ҳаёт дар амал дуруст будани онро собит намуд... Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қимати бузург дошта, ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷонию имонии ҳар яки мо ва тамоми халқи кишвари азизамон мебошад.
Бинобар ин, мо бояд ҳамеша аз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ мебошанд, шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем”.
Дар идомаи ироаи Паёми шодбошӣ раиси ноҳия чунин иброз намуд: “ Мо таҷрибаи мавҷудаи давлатсозиву давлатдориҳои пешрафти ҷаҳонӣ, омилҳои сиёсиву таърихӣ ва фарҳангии миллиро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи халқамон омӯхта, рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Нишон, Парчам ва Суруди миллиро қабул кардем, Артиши милливу Қўшунҳои сарҳадиро ташкил додем ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва майлу ормонҳои мардуми кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, роҳи дурусти давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтем. Ҳамзамон бо ин, фаъолияти мақомоти олии қонунгузорӣ ва иҷроияи мамлакат таҳким ёфта, пояҳои истиқлолияти сиёсии давлат устувор гардонида шуданд.
Пеш гирифтани роҳи тозаи сиёсӣ ва муносибатҳои нави иқтисодӣ ба мо имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, рушди тадриҷиву бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин раванди созандагиву бунёдкориҳо қадамҳои устувор гузорем ва имрўз дилпурона гуфта метавонем, ки дар ин роҳ ба хеле дастовардҳо ноил гардида истодаем.
Дар марҳалаи кунунӣ ҳадафҳои муҳимтарин ва стратегии давлати мо ин таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ гардонида истода, бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат ва ба ин васила ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, саноаткунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид.
Вазифаҳои асосии ин давра вусъатбахшии пайгиронаи ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат, таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва бо ҳамин роҳ паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии шоиста барои мардум мебошанд”
Сипас Ҷаббори Ғаффор бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти сокинони ноҳия дар даврону солҳои истиқлолият чунин ибрози назар кард: “Имрўз мардуми ноҳия аҳлона ва дар фазои сулҳу субот, дўстиву якдигарфаҳмӣ меҳнат намуда, баҳри сохтани иншоотҳои иҷтимоии хизматрасонии гуногун дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва нуқтаҳои савдо, сохтани роҳу роҳравҳо, бунёд намудани гулгаштҳо, сохтани майдончаҳои варзишӣ ва амсоли инҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста ба иҷрои нақша чорабиниҳо бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул шуда, симои ноҳияро ободу зебо гардонида истодаанд.
Чунончи дар давоми соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Шаҳритуз 18 адад муассисаи таълимӣ ва инчунин 54 адад синфхонаҳои иловагӣ барои 2800 нафар хонанда дар ду баст сохта ба истифода дода шудаанд. Илова бар ин сохтмони нотамоми муассисаҳои таълимии №№ 11,15,18 ва 26 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди захиравии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Арабистони Саудӣ барои пурра сохтану ба истифода додан нақшабандӣ гардидаанд. Дар тули 28 соли даврони Истиқлолият дар ноҳия 34 адад бунгоҳҳои тиббӣ ва 10 адад марказҳои саломатии замонавӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, 1адад китобхона дар деҳаи Пахтаободи ҷамоати деҳоти Пахтаобод, 718 адад муассисаҳои хизматрасонию нуқтаҳои савдо, зиёда аз 40 км роҳҳои дохилию байналмилалӣ сохта мавриди истифодабарӣ қарор гирифтаанд. Бори дигар ман ҳамаи соҳибкорони хайрхоҳу ватандӯсти ноҳияро баҳри дар амал татбиқ намудани барномаҳои ободонию созандагӣ даъват намуда , барояшон бурдборию барори кор хоҳонам”
Ҳамин тавр раиси ноҳияи Шаҳритуз доир ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ, соҳаи маориф,тарбияи ватанпарастии ҷавонон, дастгирии иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ, маърифату ҷаҳонбинии онҳо, варзишгарони ноҳия ва иштироки фаъолонаи онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, дастовардҳои хуби ҷавонон, дар соҳаҳои мухталиф суханронӣ намуда, аз он қабил ҷавонони ноҳия изҳори нигаронӣ кард, ки ба сафи гуруҳҳои ифротӣ шомил шуда, ҳаёти худ ва ҳамаслакони худро дар хатар мемонанд. Ҷаббори Ғаффор зимни ироаи Паёми табрикӣ қайд намуд,мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия саъю талош меварзанд,, шаҳрвандони ноҳия аз он ҷумла ҷавонон ва наврасон, ки нерӯи ақлию зеҳнии имрӯзу ояндаи ин сарзаминанд, ба роҳи дуруст ҳидоят гардида, ба ҷои гаравидан ба гуруҳҳои ифротгароию террористӣ дар ватани хеш илмҳои гуногунро омӯхта, дар корҳои бунёдкорӣ ва ободонию созандагӣ бештар саҳмгузор бошанд.
Дар охир раиси ноҳия ба ҳамаи шаҳрвандон ва ба ҳар як хонадони ноҳияи Шаҳритуз сулҳу оромӣ, рўзгори осуда, хушбахтиву иқбол ва барори кор орзу намуд..
Ҳамзамон аз Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Диловашо Исозода сокинони ноҳияро ба ифтихори 28-умин солгарди бузургтарин ҷашни миллӣ-Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Сипас мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Манучеҳр Анварӣ Амри раиси ноҳияро дар бораи мукофотонидани фаъолони ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат қироат кард.
Раиси ноҳия дар вазъияти ботантана ба прокурори ноҳия Умед Каримзода, раиси суди ноҳия Холмурод Зуҳуриён Ифтихорномаи раиси ноҳияи Шаҳритуз ва ба раиси маҳаллаи ҷамоати Обшорон Малика Худойбердиева, собиқадорони меҳнати ҷамоатҳои деҳоти Обшорон ва ба номи Х.Холматов Карим Одилов ва Каром Маҷидов Раҳматномаи раиси ноҳияи Шаҳритузро супорид. Ин шахсони барӯманд барои рушду ободии ноҳия, таъмини волоияти қонун ва тарғиби дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои милат, Президети Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни аҳолӣ саҳми босазо гузоштаанд.
Дар анҷом ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашудаи худро ба иштирокчиёни ҷашн манзур намуданд.