- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Мусоҳибаи Абдуллои Раҳнамо намояндаи расмии Тоҷикистон дар САҲА бо CA.TV
Якш, 09/22/2019 - 11:27
CA.TV: Дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баромад доред ва суҳбати Шумо дар кадом мавзӯъ хоҳад буд?
А.Раҳнамо: Суҳбате, ки имрӯз ман дорам мувофиқи рузномаи конфронс дар бораи озодиҳои дин, виҷдон ва ақида дар Тоҷикистон аст ва ман ҳамчун узви ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа суҳбат мекунам. Ва ду нуқтаи муҳимро мехоҳам ба ҳозирин муаррифӣ кунам: яке сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва озодиҳои виҷдон ва дувум вазияти воқеие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ин соҳа вуҷуд дорад, ин ҳадафи ман аст.
CA.TV: Аз назари Шумо вазъияти воқеии Точикистон чӣ гуна аст нисбат ба озодӣ?
А.Раҳнамо: Ду нуқтаи муҳим аст, ки ман метавонам онро бо боварӣ ин ҷо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунам аввал ин, ки дар Тоҷикистон воқеан заминаи бисёр хуби ҳуқуқӣ барои татбиқи асли озодии виҷдон ва озодиҳои дин мавҷуд аст, зеро дар сатҳи қонуни асосӣ ва ҳам дар сатҳи қонунҳои соҳавӣ озодиҳои дин ҳамчун як арзиши муҳими ҷомеа ҳимоят шуда ва Тоҷикистон як ҷомеаест, ки дар конститутсияи он ҳам ҳуқуқи пайравӣ кардан ба дин ва ҳам ҳуқуқи пайравӣ накардан аз дин, ки ҳардуяш барои ҷомеаи мутаммадин муҳим аст ҳимоя шудааст ва ҳамчунин як нуқтаи муҳим аст, ки як шароите фароҳам шудааст, ки ташкилотҳои динӣ ё иттиҳодҳои динӣ ва чуноне таъкид мекунад динӣ зеро, иттиҳодияи динӣ ин иттилои шаҳрвандони сулҳомез барои пайравӣ аз дин ва барои татбиқу амалӣ кардани ибодатҳои динии худ аст.
Ва агар ташкилдот воқеан муайнтар, ки нест имрӯз дар Тоҷикистон шароит фароҳам овардааст. Мо ҳудуди чор ҳазор иттиҳоядиҳои динӣ имрӯз дар Тоҷикистон ба таври қонунӣ сабт кардагӣ дорем, аз ин ҳудуд се ҳазору нуҳсадашон масҷидҳои мусулмонон ҳастанд, чун аксарияти мардум мусулмон ҳастанд ва ҳудуди ҳаштодтояшон иттиҳодияҳои ѓайри мусулмон ҳастанд ва ҳамаи ин фаъолият мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои касоне, ки иттиҳодияҳои диннӣ месозанд барои ақалиятҳои динӣ ҳам як шароити хосеро ҳам фароҳам овардааст, ки онҳо тавонанд дар шароити ҳуқуқи зоҳир шаванд.
Аммо як силсила маҳдудиятҳо дар нисбати дурӯѓҳои ифротгарои динӣ ё ақидаҳое, ки бо номи дин, дар асл ҳадафи сиёсӣ ё идеологиро пайгирӣ мекунанд мавҷуд аст, чаро чунин аст? Зеро агар аз диди таҳлилӣ нигарем иттиҳодяиҳои ё гуруҳҳои сиёсии диннӣ ё гуруҳҳои ифротгароии динӣ, дар асл инҳо иттиҳодияҳои дини нестанд, балки он гуруҳҳое ҳастанд, ки динро ҳамчун воситаи сиёсат, воситаи расидан ба қудрат ё воситаи муозираи сиёсӣ истифода мекунанд ин ҳолатро қонунгузорӣ пешбини мекунад. Аммо имрӯз мехостам дар конфронс таъкид бикунем, ки ҳолатҳои маҳдуд шудани фаъолияти иттиҳодияҳои диннии ифротгаро ё ҳизбҳои сиёсии дингароро бо ҳолати танзим, ё ин ки фаъолияти иттиҳодияи динӣ бояд иштибоҳ нагирем иттиҳодияҳои динӣ, ки ҳадафи он сирф ибодат, тарбият ва таълими динӣ аст фаъолона ё озодона фаъолият мекунад, аммо иттиҳодияҳои диние, ки ҳадафи ӯ қудрат аст сиёсат аст идеология аст маҳдуд мешавад ба хотири ҳифз кардани суботи ҷомеа.
CA.TV: Аммо баъзан хабарҳои маҳдудият, масалан дар ҳиҷоби занҳо ё риши мардҳо мегуянд ба чӣ вобаста аст?
А.Раҳнамо: Яъне мавзӯи мо фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ аст, масалн кормандони иттиҳодияҳои динӣ чӣ мусулмони ва чӣ ѓайри мусулмони либоси динӣ ё мусулмонии худро мепушанд масалан Шумо ҳар масҷиде равед ҳамон домуллоҳо либоси динии саллаву ҷомаву тоқии худро доранд, риши худро доранд дар пайравони дини масеҳияву попҳо онҳо либоси худро доранд, барои ҳамин мавзӯи суҳбати мо фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ аст.
Шумо дар бораи ҳуқуқҳои динии мардум боз суҳбати муҳтарам Ализода мешавад, ки Шумо метавонед ҷузъиёти онро пурсед он кас мутахасиси бисёр варзидаи ҳамин ҳуқӯқи инсон аст метавонанд ҳар як унсурро шарҳ диҳанд.