Main menu

Иттилоъ оиди Иҷлосияи 20-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати панҷум)

        30--юми сентябри   соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи 20-уми   Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз (даъвати панҷум) доир гардид.  Иҷлосияро вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз муовини раиси ноҳия Меҳринисо Раҷабзода ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки аз 40 нафар вакилони халқи ноҳия 3 нафарашон бо сабабҳои узрнок ҳузур надоранд.  Инчунин зикр гардид, ки дар кори иҷлосия раиси ноҳия, муовину раиси Дастгоҳи ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, имомони намозҳои панҷвақта ва масҷидҳои ҷомеи ноҳия, масъулони ҳифзи ҳуқуқ,  ташкилотҳои ҷамъиятӣ  низ даъват шудаанд.

       Сипас  вакилон котиботи иҷлосияро дар ҳайати Б.Турсунмуротзода (вакил аз ҳавзаи интихоботии №2)-раиси котибот, С.Хушмуродов (вакил аз ҳавзаи интихоботии №10), С.Султонова (вакил аз ҳавзаи интихоботии №14)-аъзои ҳайати  котибот интихоб намуданд.

         Дар иҷлосияи 20-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз (даъвати панҷум) масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:

                  Рўзномаи иҷлосия

         1.Рафти амалишавии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ноҳия

         2. Ахбори прокурори  ноҳияи Шаҳритуз оид ба рафти  иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия

         3. Ҳисоботи сардори нозироти андози ноҳияи Шаҳритуз оид ба иҷрои талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон        

       4.Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз “Оид ба масъалаҳои тараққиёти саноат, энергетика, сохтмону меъморӣ, нақлиёт, алоқа, хоҷагии об, ва хоҷагии роҳ”

        5.Масъалаҳои ҷорӣ

      а) Оид ба тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия и Шаҳритуз оид ба масъалаи кадрҳо ва ҷудо намудани маблағе, ки дар байни иҷлосияҳои 19 ва 20-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз, даъвати панҷум қабул гардидаанд.

     IMG_1455.JPGАз рӯйи масъалаи якуми иҷлосия: “ Рафти амалишавии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ноҳия” муовини раиси ноҳияи Шаҳритуз М.Раҷабзода баромад кард.  Дар музокираи масъалаи матраҳ шуда раиси ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз С.Қурбонова, сардори идораи Кумитаи замини ноҳияи Шаҳритуз А.Ҷумъаев, раиси ҷамоати деҳоти  “Обшорон” ширкат варзиданд.

       Вобаста ба масъалаи дуюми иҷлосия “Ахбороти прокурори  ноҳияи Шаҳритуз оид ба рафти  иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия” вакилон гузориши иҷрокунандаи прокурори ноҳияи Шаҳритуз Н.Самизодаро шуниданд.

       Сипас сардори Нозироти андози ноҳия И.Мансурзода оид ба иҷрои талаботи Кодекси  андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот ироа кард.

    Аз рӯйи масъалаи чоруми иҷлосия: Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз “Оид ба масъалаҳои тараққиёти саноат, энергетика, сохтмону меъморӣ, нақлиёт, алоқа, хоҷагии об, ва хоҷагии роҳ”  раиси комиссияи мазкур М.Баротов баромад ва суханронӣ кард.

      Вакилон вобаста ба масъалаи панҷуми иҷлосия қарорҳои раиси ноҳияи Шаҳритузро  оид ба масъалаи кадрҳо ва ҷудо намудани маблағе, ки дар байни иҷлосияҳои 19 ва 20-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз, даъвати панҷум қабул гардидаанд, тасдиқ намуданд.

      IMG_1428.JPGСипас вакилон доир ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карданд.

     Дар кори иҷлосия мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Бобоҷон Саидова  ба ҳайси намоянда  иштирок ва суханронӣ намуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз