Main menu

Ҳифзи Ватан вазифаи ҳар як шахси ватандӯст аст

      IMG_1534.JPG1 октябр  дар майдончаи варзишии назди мактаб-интернати ноҳия бахшида ба сафарбаркунии тирамоҳии  навдаъватон ба хизмати ҳарбӣ ҷамъомади ботантана доир гардид. Дар чорабинии мазкур масъулони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, волидон ва ҷавонони синну солашон ба хизматрасида, ки аксарашон ихтиёриён буданд, ширкат варзиданд.

 

       IMG_1490_0.JPGДар ҷамъомад мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия Саймуддин Лоиқов  баромад карда, таъкид намуд, ки ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолият ва марзу буми кишвар қарзи шаҳрвандию фарзандии ҳар як соҳибватан мебошад. Ӯ бо камоли боварӣ иброз дошт, ки ҷавонони ноҳияи Шаҳритуз бо сари баланд хизмати Модар–Ватанро ба ҷо оварда, бо хизмати аъло ба халқу Ватан содиқ будани худро дар амал собит менамоянд. Лоиқов қабл аз ҳама ба раиси ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз С.Қурбонова ва нозири мизи ҳарбии ҷамоати мазкур барои дар миқёси ноҳия сари вақт таъмин намудани иҷрои нақшаи сафарбарии ҷавонони синну солашон ба хизмати сарбозӣ расида, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Ҳамзамон раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия И.Зоғаков ва сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳия Ҳ.Муродов, ба ҷавонон-сарбозони оянда дуои нек дода, ба онҳо дар адои хизмати сарбозӣ сарбаландию сарафрозӣ ва комёбию муваффақиятҳои беназир орзу намуданд.

       Дар анҷом ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия бо таронаю сурудҳои дилнишин хотири навдаъватону волидони онҳоро болида гардониданд.

      Дар ҳошияи ҳамоиши ботантана бахшида ба сафарбарии навдаъватони ноҳия сокини деҳаи Хоҷа Дурбоди ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов Мирзобек Саидбеков ба «Субҳи Шаҳритуз» бо ифтихор қайд намуд, ки писараш Носирҷон ба хотири ҳифзи марзу буми кишвар аз  давлати Россия ба ҷумҳурӣ баргашта омада, имрӯз ихтиёран ба хизмати сарбозӣ меравад.  Оилаи Мунавварҳо аз шаҳраки Шаҳритуз низ қатори дигар ҷавонон  ба писарашон, ки тасмим гирифтааст, ихтиёран дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии азизамон хизмати сарбозиро бошарафона адо намояд дуои нек ироа намуданд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз